УБАЙД РАҶАБ: Адабиёти бачаҳо ва тарбияи ахлоқ
Вазифаи адабиёти кўдакон пеш аз ҳама тавассути каломи бадеъ ва образҳои ибратомўз дар кўдак тарбия кардани накўтарин хислат ва сифатҳои инсон аст. Роҳи паймудаи адабиёти тоҷик дурустии ин матлабро тасдиқ мекунад. Собит шудааст, ки маҳз кўдак аз адабиёт беш аз ҳама ибрат мегирад. Чунон ки мегўянд, кўдак ду маротиба тавлид мешавад.
Бори аввал он вақт, ки ба дуньёи равшан меояд. Бори дуюм он гаҳ, ки фасли ахлоқан шакл гирифтани ў фаро мерасад. Маҳз дар ҳамин вақт бача ба саволҳои зиёде ҷавоб ёфтанӣ мешавад ва кўшиш мекунад, ки хубу бадро фарқ кунад. Дар ин вақт маслиҳатгари беҳтарини кўдак китоб аст.
Адабиёт барои тарбия навишта мешавад. Тарбия воситаи бузургест, ки тақдири инсонро ҳал мекунад. Адабиёт китоби ҳаёт аст, китоби раҳнамоест, ки бо ёрии он кас ба роҳи зиндагӣ қадам мегузорад ва зиндагиро ҳарчи бештар донистан мехоҳад.
Солҳои охир назму насри адабиёти тоҷик барои кўдакон сермаҳсул буд. Дар ин давра китобҳои М.Миршакар «Онҳоро дўст медорам», «Аз ҳама ширин», А.Шукўҳи «Об аз куҷо меояд?», Г.Сулаймонӣ «Шаддаи марҷон», А.Баҳорӣ повести сегонаи «Аҷоиботи Нодар», достони «Саргузашти Усмон», Ғаффор Мирзо «Гулҳои дастабаста», «Насиҳатҳои Бобосалом», А.Шарифӣ «Хадья», Б.Ортиқов «Бачаҳои лолазор», «Хандалак», А.Атобоев «Шиносоӣ», Н.Розиқ «Лона», Алӣ Бобоҷон «Некӣ ба некӣ», Н.Бақозода «Оши ҳалол», М.Ҳайдаршо «Дарё омад», китоби шеърҳои Б.Ҳоҷӣ, Гулрухсор, Мавҷуда Ҳакимова, маҷмўаи ҳикояву повестҳои Б.Фиўз, китобҳои Адаш Истад ва ғайра аз чоп баромаданд.
Дар ҳамин муддат аз эҷодиёти сухансароёни номи, аз ҷумла, аз эҷодиёти сухансароёни номии мамлакат, аз ҷумла, аз эҷодиёти С.Маршак, К.Чуковский, А.Барто, С.Михалков, М.Прилежаева, Н.Носов, Б.Чалий, К.Тангриқулиев, Ш.Бейшеналиев, С.Вангелия, Эдо Рауд ва дигарон намунаҳо тарҷума шудаанд.
Як гурӯҳ адибони хушзавқ, монанди Муҳаммад Ғоиб, Ҷўра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Маҳбуба Неъматова, Ҳабибулло Имоддинов, Н.Бақозода ва дигарон ба адабиёти кўдакон қадам гузоштанд. Намунаҳои беҳтарини эҷодиёти онҳо дар маҷмўаи дастҷамъии «Гулдаста» гирд омадааст.
Мавзўи тасвири нависандагон, услуби эҷодии онҳо ва гузориши масъалаҳо низ гуногун ва рангин шудаанд. Масъалаҳои муҳимми зиндагии халқ диққати муалифони адабиёти тоҷикро ҷалб кардааст.
Тарбияи ватанпарварию дустӣ ҳама вақт аз муҳимтарин талаби ахлоқи инсонист. Худи ватан аз зодгоҳ, аз остонаи хонаи падар оғоз меёбад. Дар ботини кўдак ин ҳиссиёт бо аввалин шеъру таронаҳои дар ин мавзўъ аз забони калонсолон ҳанўз дар хонаву ясливу боғча шунида пайдо мешавад. Баробари синну сол гирифтан ин эҳсос меафзояд ва кўдак рўз ба рўз бузургии Ватанро дарк мекнад ва онро бо одамонаш, бо кўҳу водӣ ва табиаташ дўст медорад. Адабиёт бошад ин эҳсосро қувват медиҳад.
Дар адабиёти тоҷик ин мавзўъ аз романи устод С.Айнӣ «Ятим», аз достони устод Лоҳутӣ «Ватани шодӣ» аз шеърҳои ватанпарваронаи Ҳ.Юсуфӣ ва М.Турсунзода ибтидо гтрифтааст. Вале барои бачагони мо, иқрор бояд шуд, ки ин мавзўъ аз шеъри машҳури М.Миршакар «Ман калон мешавам» сар мешавад.
Бачаҳое, ки ин шеърро бори аввал шунидаанд, кайҳо бобо шуданд ва набераю абераи онҳо ин сатрҳоро имрўз ба мактаб нарафта ба забон мегиранд. Ватандўстӣ ва ватанхоҳӣ аз муҳимтарин мавзўъҳои эҷодиёти М.Миршакар буда, ин эҳсоси баландро дар шеъру достонҳои «Мо аз Помир омадем», «Чистонҳои Бобосалом» дидан мумкин аст.
Ҳарчанд вақти тўлонӣ аз навиштани «Чистонҳои Бобосалом» гузаштааст, аммо ҳанўз ҳам гоҳе саволҳо ба забон меояд, ки дар ҷаҳон аз ҳама фарбеҳтар, аз ҳама ширинтар ва аз ҳама тезравтар чист, беихтиёр дар ҷавоб мегўем, ки аз ҳама ширинтар нону намаки халқи мо - тоҷикон, аз ҳама тезравтар халқи тавоно ва аз ҳама фарбеҳтар замини Ватани азизи мо - Тоҷикистон.
Кўдак ин қабил асарҳоро хонда, барои ҳамаи ин чӣ, ки дар Ватан ба амал меояд, шахсан масъулияте дарк мекунад, худашро ҷузъи Ватан медонад. Тасвири меҳнат ва муҳит ва табиати аҳли кор дар манзумаи Н.Бақозода «Раҳмат» акс ёфтааст.
Раҳмат ба ҳар касе, ки
Меҳнатро қадрдон аст.
Ба оби равон раҳмат,
Ба каналкобон раҳмат
Ба киштаю расонда
Ба чидаю кашонда,
Ба хона бурда раҳмат!
Ба кушта ҳурда раҳмат!
Аз байни онҳое, ки барои кўдакон асар менависанд, Нўъмон Розиқ ба меҳнат, муҳит ва манзараи деҳа ва мемони он бисьёртар наздик аст ва дар ин мавзўъ бештар шеър эҷод кардааст. Шеърҳои ў «Комбайн», «Бобом хурсанд», «Ман ҳам галла мепоям»»Оҳангар», «Карам», «Об омад», «Обчакорӣ», «Акои ман», ва ғайра, ки аз забони кўдак ва барои кўдак аст, бо хоноӣ, шевоӣ ва нишонрас буданаш фарқ мекунанд. Хонандаи хурдсол шеърро шунавида дар он меҳнатро мебинад, дар ин меҳнат иштирок мекунад ва аз ин меҳнат ҳаловат мебарад.
Танўри тафсон,
Нон мепазам нон
Нони бамазза,
Нони баҷазза,
Нонаки гармам,
Зеби дастархон.
Додоям хўрад,
Бобоям хўрад,
Дугонаи ҷон,
Ту ҳам хўр аз он
Нони бамазза,
Нони баҷазза,
Нарм асту ширин,
Тарҳалво барин
Дар мавзўъ дар эҷоди Гулчеҳра низ мавқеъ дорад. Кўдак шеърҳои «Ду бех олу», «Хонаи бобом», «Се себи хубонӣ», «Бозор», «Очам хамир мекунад», «Холаи зардўз» ва «Додо»-ро хонда, дар дили хурдаш ба аҳли кор, ба меҳнати ҳалол ва табиат таваҷҷуҳе ва ҳурмате мепарварад.
Вақте , ки кўдак-
Додои мо ронанда,
Додои мо хонанда,
Мешавад додои мо
Инженери хонаҳо
Мегўяд, ба замми шодии ў аз касби падараш, як навъ ифтихор ифода меёбад. Шеъру манзумаҳои Бобо Ҳоҷӣ «Тут пухт», «Дуоб» ва «Диёри мо» бошад меҳнату муҳит ва манзараҳои хоси кўҳистонро ба риштаи тасвир мекашад.
Дар шеърҳои барои бачаҳо навиштаи Ғаффор Мирзо тасвири меҳнат ва муҳитро бештар дар порчаҳои «Баррача рўяд аз замин», «Гунҷишкак» ва достони як қадар тўлонии «Як қатра офтоб мебинем».
Зиндагӣ бо меҳнати одамон зебо мешавад, муҳит ба туфайли кўшиши одамон тағир меёбад.
Зиндагӣ ба назди нависандагон вазифаҳои нав мегузорад. Чунки кўдакони мо, насли навраси имрўза, дар давраи нав, давраи ҷустуҷўи роҳҳои боз ҳам хубтар кардани зиндагӣ, ҳамчун инсони ахлоқи хуб ва ҷиҳати маънавиёти бой ба воя мерасанд. Намунаҳои беҳтарини эҷоди шоиру нависандагони мо кўмак мекунанд, ки ин насл бо ғоя ва ахлоқи солими дуруст мусаллаҳ шавад, рўҳан ва ахлоқан бақуввати ҷамъияти ба камол расад.
Навиштаи зиндаёд Убайд Раҷаб. Бознашр аз “Садои Шарқ”, 1975, №3. Саҳ. 123 – 133.
Таҳияи Фирӯза Аҳророва, ҷонишини сардори Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ.