Маҳфили “Дастони моҳир”: Мушҳои зираки сол

Чунин ном дошт мавзӯъи баҳс дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки дирғӯз доир шуд. муаллима мавзуъро шарҳ дод ва гуфт, ки соли 2020 соли муш аст ва ин солест, ки ба шахсони заҳматдӯст комёбиҳо пешгӯӣ мекунад.  Дар соли 2020 инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад.

    Дар умум мегўянд, ки рушди тамаддуни дунё вобаста аз он аст, ки чӣ гуна соли муш, ҳамчун ифтитоҳгари даври нави мучал оғоз меёбад.

    Моро чун ҳамешагӣ ҳисси кунҷковиамон боло мегирад, то бидонем  дар соли 2020, яъне соли муш моро чи интизор аст.

     Муш аввалин ҷонвар дар толеънома чинӣ мебошад. Махсусан он аз миёни ҷонварони толеънома дорои эҳтироми махсус ҳисобида мешавад. Мушҳо аслан зираку доно ва ҳушёр мешаванд ва ҳамчунин дорои тактикаю стратегияи махсус дар олами худ мебошанд.

  Бояд гуфт, ки соли муш ва соли 2020 мувофиқи тақвими чинӣ на 1-уми январ балки 25-уми январ фаро мерасад ва то 11-уми феврали 2021 идома мекунад. Аммо имсол Чин ба сабаби паҳн шудани короновирус таҷлили Соли нав ва ҳама тадорукоти вобаста ба онро лағв кард.

   Инчунин рамзи мушу метал дар ин сол сабаб мегардад, ки одамон дурбин ва пуртоқат бошанд.

  Мушҳо дорои хотираи бисёр қавӣ мебошанд ва хўрдтарин ҳолатро метавонанд дар худ сабт карда, дар мавриди лозима ба кор баранд. Он дар ҳама ҳолат дорои энергияи хос буда дар як вақт метавонад чанд корро иҷро намояд.

  Мушҳоро чизе омӯзонидан ва ё бо чизе бовар кунонидан бисёр мушкил ва ҳатто дар бисёр ҳолат номумкин аст. Муш дар ҳама ҳолат нуқтаи назари худро дорад ва аз маҳорату малака ва зиракии худ истифода мебарад ва бояд қайд намуд, ки мушҳо бисёр худхоҳ мебошанд.

 Новобаста аз он, ки муш ҳама чизро ба хонааш кашида мебарад, аммо дар хонааш бенизомиро хуш надорад. Ҳамеша тартиботро нигоҳ медорад, чизҳои қиматбаҳоро нигоҳ дошта нолозимҳоро берун мекунад.

  Ба ин хотир рамзи соли 2020, яъне соли мушакони зирак ба онҳое, ки аз таҳти дил меҳнат мекунанд ва аз покию некукорӣ истифода мебаранд дар зиндагӣ комёб мешаванд.

 Сипас, бахши суолу ҷавоб фаро расид ва атрофи мушу соли муш муаллима ба чанд пурсиши хонандагони хурдсол посух дод.

Баъдан ширкаткунандагон бо истифода аз ашёи конселярӣ ба сохтани муш шуруъ карданд ва ё дар коғаз онро наққошӣ намуданд. 

Шаҳноза Дониярова,

сармутахассиси шуъбаи

кўдакон ва наврасони КМТ