Сўҳробе, ки намурд...
Ин сарсухани Эшони Субҳонзод ба ҷилди нуҳуми асарҳои Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадост, ки соли 2009 бо номи “Қӯ” чоп шудааст. Баъди ин Ҳошим Гадо даҳҳо ҷилди дигар ба китобҳояш афзуд ва кулли онҳо дидгоҳи хоси ҳунарманди шинохта ба оламу одам, зиндагӣ ва марг, одамони муосир ва арзишҳои ахлоқӣ ва ғайраро инъикос мекунанд. Мо ин сарсуханро аз китоби “Қӯ” бознашр мекунем ва умедворем хонандагон китоби “Қӯ” ва даҳҳо дигар китобҳои ҳунарманди маҳбубро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа хоҳанд кард.
Сўҳробе, ки намурд
Қў – ин мурғи сапедпўши зебо, ки дур аз олудагии хокиён, дар ҷаҳони обҳои пок зиндагӣ ба сар мебарад ва рўзи марги маъшуқааш ба авҷи осмон парвоз карда, аз он ҷо худро сарозер ба теғаи кўҳ зада нобуд мешавад, рамзест мантиқӣ, ки ба сифати номи ҷилди IX осори Ҳошим Гадо интихоби шудааст. Диди зебову бадеъии ҳунарманди шаҳир, ҷаҳони маънавии жарфнигармарди танҳо, бешак пайванде ба зиндагии ин парандаи нимарўъёӣ дорад.
«Ривояте ҳаст, ки барои зинда мондани қўҳҳо одамон бояд яксатиллӣ шир оварда ба кўл мерехтаанд. Ҳар кадоме ҳамдигарро фиреб дода, ба ҷойи шир об оварда рехтанд, ки натиҷаи нохубе дод. Бо чунин ҷамъият кор кардан ғайриимкон аст». – мегўяд Ҳошим Гадо.
Ин об ба ҷойи шир рехтан бегумон ҳамон хиёнатҳое буд, ки одамон ба сари Сўҳробу Эдипу Ҳамлет, Синову Рўдакӣ ва ғайра оварданд. Ў дар саҳна ба сарнавишти ин қаҳрамонон ворид гардида фоҷиъаи онҳоро дар ҷони худ таҷриба карда ва пас аз намоиш ҳам он даҳшатҳо, он дарду андўҳ барои ҳамеша бо ў монд. Он Сўҳробе, ки мардум дар кўчаҳои шаҳр бо ҳам нишон дода «ана, Сўҳроб, ана Сўҳроб» мегўфтанд, ин Сўҳроб, ки аз дасти падару хиёнати ҳамҷинсон захми корӣ ҳўрда, аммо намурдааст. Акнун бо чашми дигар ба оламу одам менигарад ва мебинад: «Баҳри ғам. Косаи ғам. Косае пур аз оби дидаҳост. Он оби дидаи кӣ бошад?» Танҳо ҷудо аз ҳама аз кўча мегузарад ва мегўяд: «Маро як захми номаълум, як андўҳи коинотӣ ҳар рўз, ҳар соат, ҳар дақиқа ва ҳар сония думболагирӣ мекунад.»
Рў ба рў бо як мухотаби номаълуме, ки вуҷуди ў ҳама бузургтару наздиктар бо ўст, мепурсад: «Зиндагӣ кист? Зиндагӣ чист?» ва эътироз мекунад: «Ман бо тамоми дунё қаҳриам. Чаро? Ба ин суол ҷавоб намедиҳам». Аммо ў навмед нест. Дар баробари он ки аз «Ҳайвонизм» ба сутўҳ омадааст, дар фикри он аст, ки «Оё одамон ислоҳ мешуда бошанд!» Оё одамон то охир тағйир намеёбанд? Одамон ислоҳ нашаванд, оқибати ин чӣ мешуда бошад?» Ў бо ҳамон шуҷоати Сўҳроби далер бо зиндагӣ дар талошу ситез асту чун Рўдакӣ хулосаи зиндагияш андарзҳои ростинанд, баъди андешаи зиёд ба хулосае омадам, ки агар маро напурсида ба ин дунё оварда бошанд, чи кунам? Бояд мубориз бошам,… Касе, ки иродаи оҳанин ва сабру тоқат дорад, ба муродаш мерасад?
Чуноне, ки гуфтам «Қў» ҷилди нўҳуми таълифоти андешамандонаи Ҳошим Гадост, ки ҳашт ҷилди он қабдан бо номҳои «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я», ва «Кометы» (бо забони русӣ) «Кунҷ», «Ҷонбўз» нашр гардидаанд. Агар чӣ ин китобҳо дар давоми панҷ-шаш соли охир ба табъ расидаанд, онҳо маҳсули андешаву мушоҳидаҳои якумраи муаллифанд, дар марҳалаи «пириву хирадмандӣ» онҳоро бори дигар дар хотироту афкор рўгардон карда, ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
Маҳвари асосии мавзўъоти китобҳо агарчӣ ҳамон масъалаҳои ҷовидонаи моҳияти оламу рисолати одам аст, аммо он на бо равиши фалсафӣ, балки бо дилу дарки як инсони покманиши мубориз, бо дарду ғами як инсони ранҷкашидаи танҳо ба қалам дода шудааст.
Жанрҳои бадеии масал, эссе, зарбулмасалу мақол муаллифро дар ин роҳ хеле муваффақ гардонидаанд. Масалан, масалҳои «Гурги пир», «Муха», «Мўрча ва фил» ва ғайра, ки диди фалсафиву бадеии амиқ доранд. Паша дар масали «Муха» аз нигоҳи бадеӣ агар саҳмгинии танҳоиро мушаххас карда нишон диҳад, аз назари фалсафӣ бемиқдориву бебақоии инсонро дар муқобили кайҳони беҳудуд мефаҳмонад. Ё дар ҷойи дигар чунин зебову пурсўз ва шоирона мегўяд: «Аз нафаре пурсидам, ки дар тарафҳояшон садӣ ҳаст? – Нест, мо сафедӣ, надорем гуфта ҷавоб дод.»
Хулоса навиштаҳои Ҳошим Гадо аз арзиши гарон бархурдоранд, ки мутаассифна маҷоли баррасии муфассали онҳо нест.
Эшони Субҳонзод
Бознашр: Ҳошим Гадо Қў, (ҷилди IX ), – Душанбе: «Кайҳон» 2009. – 407 соҳифа
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.