Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароранд: Омўзгори гиромӣ !
Хаким Гўё аз табибонест, ки ба сухан ва эъҷози шеър шавқу ҳаваси беандоза дорад. Ин қаламкаш дар баробари табабот пайваста шеър эчод мекунад. Мавзўи асосии ашъориаш муҳаббату садоқат ба халқу Ватан, модар, ҳамдиёрон, дўстон, муҳаббат ба забони модарӣ, тарғиби дўстиву рафоқат байни инсонҳо буда, афкораш манбаи ғояҳои тарбиявию ахлоқӣ мебошад.То имрўз чанд маҷмўаи шеърҳояш ба чоп расидаву дастраси хонандагон гаштааст. “Тоҷикистони биҳиштосои ман” китоби чоруми ашъори ӯст, ки пешкаши ҳаводорони каломи мавзун шудааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида: