Китоби нав. Ҳаким Гўё. “Тоҷикистони биҳиштосои ман”
Нашр шуд 2020-06-05 15:50
Хаким Гўё аз табибонест, ки ба сухан ва эъҷози шеър шавқу ҳаваси беандоза дорад. Ин қаламкаш дар баробари табабот пайваста шеър эчод мекунад. Мавзўи асосии ашъориаш муҳаббату садоқат ба халқу Ватан, модар, ҳамдиёрон, дўстон, муҳаббат ба забони модарӣ, тарғиби дўстиву рафоқат байни инсонҳо буда, афкораш манбаи ғояҳои тарбиявию ахлоқӣ мебошад.
То имрўз чанд маҷмўаи шеърҳояш ба чоп расидаву дастраси хонандагон гаштааст. “Тоҷикистони биҳиштосои ман” китоби чоруми ашъори ӯст, ки пешкаши ҳаводорони каломи мавзун шудааст.
Ҳаким Гўё (Мирзо Ғафурзода)15декабри соли 1963 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ дар оилаи табиби халқӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳоҷӣ Усто Ғафур таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Аз соли 1991 то ҳол ҳамчун табиб – уролог, солҳои 2005 то 2013 мудири шуъбаи ҷарроҳии МҶК «Урология» ва аз моҳи апрели соли 2013 – ум то 2015дар шуъбаи андрологии МД «МҶКИУ» ҳамчун табиб – андролог фаъолияти кардааст. Аз октябри соли 2015 инҷониб мудири шуъбаи урологияи № 1 МД МҶКИ «Урология » мебошад. Ҳамзамон аз 1998 – ум то айни замон ассистенти кафедраи Урологияяи ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино мебошад.
Аз соли 2009 то 2013 аспиранти ғоибонаи Академияи Славяни Русия ва Қирғистон дар шаҳри Бишкек буда, моҳи марти 2013 рисолаи номзадии илми тибро дар мавзўи «Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии фаромадани гурда- «Нефроптоз» ҳимоя намудааст. Муаллифи ҷарроҳии «Нефропексия», зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва китобҳои «Меҳри Ватан» (2014), «Шабҳои Душанбе» ( 2016) ,«Искра любвы» (2019), китобҳои тиббии «Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии « Нефроптоз» ( 2015), «Дастурамали беморҳои гурда ва роҳҳои пешоббарор» ( 2015) ,«Луғати русӣ – тоҷикии урология» ( 2019) аст.
Номзади илмҳои тиб, табиби дараҷаи тахассуси олӣ мебошад. Узви конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ. Аълочии тандурустӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Китоби “Тоҷикистони биҳиштосои ман”, ки ба тозагӣ нашр шуд, ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда ва шумо метавонед онро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолифа намоед.
Сайрон Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи кӯдакон ва наврасон.