Дарси ватанхоҳӣ дар китоби Сайдулло Амин “Спитамон”

  Дар адабиёти Ғарбу Шарқ роҷеъ ба юришҳои Искандари Мақдунӣ ва ҷоннисориҳои ниёи қаҳрамони мо, Спитамон асарҳои мансуру манзуми зиёде эҷод шудаанд. Таҳқиқот хоҳ таърихист хоҳ адабӣ назари нависандаро ба ин воқеоти хеле қадим ифода мекунад. Ба вижа, симои Искандар дар назми ниёгони мо чун паямбар, хирадманд ва хайрхоҳу адолатпарвар таҷассум гардидааст.

  Шоири заҳматкаш ва пуркор, дўсти гиромии ман Сайдулло Амин ҷасорати навбатӣ зоҳир намуда, ба офаридани симоҳои Искандару Спитамон камар барбастаанд. Офаридани достонҳои каҳарамонӣ дар адабиёти бостонии форсу тоҷик таърихи дурахшон дорад. Аммо бояд иқрор кард, ки достон ҳамчун навъи адабӣ дар тўли асрҳо тахаввулот ва тағйироти бемислро аз сар гузаронидааст. Масалан, аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ то «Суруши Сталинград»-и устод Мўъмин Қаноат метавон ин дигаргуниҳоро равшан тасаввур кард.

   Сайдулло Амин маҳз сохтори классики достонсароиро маҳфуз дошта, асари ҳаҷман бузурги пурқаҳрамону пурфоҷиаи достони «Спитамон»-ро рўи коғаз овардааст. Номбар кардани чанд сарлавҳаи достон кифоя аст, ки хонанда ба гуфтаи болоӣ имон биёрад: «Панди ҳаким Каллисфон ба Искандар», «Расидани номаи Авастан ба Искандари Шохдор ва оғози ҷанги юнониёни бо Хутал», «Рой задании Искандар дар назди Рухшона пиромуни бунёди Тахти Сангин, лаби рўди Ҷайҳун» ва ҳар боб бо чунин мазмун оғоз мешавад:

Ривояткунад ровии дустон,

Ки бишнд аз ровии бостон.

  Зикр кардани он нуқта ҳам муҳим аст, ки шоир дар офаридани достон аз вазни «шоҳнома»-и мутақориб истифода кардааст, ки он дар гузаша, дар сурудани достонҳои  ҷангӣ-қаҳрамонӣ истифода мешуд ва барои тасвири саҳнаҳои набард бисёр созгор аст.

   Муаллиф ҷилд-ҷилд асарҳои таърихиву бадеии марбути мавзўи мавриди тасвирро мутолиа карда, симои равшан ва хотирмони қаҳрамони миллат – Спитамонро офаридааст. Дар рўзгору корзори ин марди далеру ватандўст бисёр пастиву баландиҳо пеш меоянд, вай муҳаббату хиёнатро мебинад, пирўзиву шикастҳоро аз сар мегузаронад, аммо ҳеҷ гоҳ ҷавҳари инсонии худро аз даст намедиҳад. Шоир дар симои Спитамон, шоҳи Хуталон Авастан ва бисёр сарлашкарони далер қаҳрамониву ҷоннисории гузаштагонамонро дар роҳи озодӣ барҷаста ба қалам овардааст.

  Сайдулло Амин аз рўи мантиқи қавии эҷодӣ образи духтари Спитамон-Апамаро пеши назари хонанда ҷилвагар месозад, ки ў дар шарёнаш хуни оташини падарро дорад, хиёнати модарашро намебахшад ва барои қасоси сари буридаи падарашро гирифтан ба майдон мебарояд. Ҳамчунин, дар канори Ҷайҳун аз ҷониби Искандар сохта шудани Тахти Сангин, ки то имрўз харобаҳояш боқист, аз бозёфтҳои тахайюли муаллиф аст.

   Ҳамчунон ки дар боло омад, достони «Спитамон» асари бузургҳаҷм аст ва аз тасвирҳои зебову дилнишин, панду андарзҳои зебову дилнишин панду андарзҳои мардумӣ, аз ибораву таркибҳою калимаҳои бикри хоси маҳалли зисти муаллиф саршор аст. Забони достон умуман равон хушоҳанг ва хотирнишин аст.

   Як-ду  мисол:

                                 Баромад чу хуршед субҳи дигар,

                                 Фалак бар сараш монд чун тоҷи сар,

                                 Сарони сипаҳро Сикандар бихонд,

                                  Пайи базми нав дар канораш нишонд.

                                                               ***

                                  Авастан баромад ба пеши сипоҳ,

                                  Ба дасташ нигину ба фарқаш кулоҳ.

                                  Ба ду даст Авастан гирифта миён,

                                  Бигуфто ба сарҳанги юнониён:

                                   «Бигў номи худ ту, Авастан маннам,

                                   Расида туро баҳри бастан маннам!»

Ба ин тасвир таваҷҷўҳ фармоед:          

                                    Биомад, бибўсид рўи гулаш,

                                    Бимолид зулфаш, ба ду кокулаш,

                                    Ҳам он шаддаҳо бар сари сина буда,

                                    Ҳам он зеби гардан, ки симина буд.

Ва чунин масалу панду андарз дар достон фаровон аст:

                                   Ту бар сайди рўбаҳ гирифтӣ чу тир,

                                   Бубояд, ки ҳам тир гирӣ ба шер.

   Ман дусти шоирам Сайдулло Аминро барои эҷоди достони «Спитамон» самимона табрик мегуям. Бовар дорам, ки ин асар дар тарбияи ватандўстонаи мардуми Тоҷикистон, ки дар диёри соҳибистиқлоли худ кору зиндагӣ мекунанд, хидматҳо хоҳад кард. Далериву ҷоннисории ниёгони мо дар роҳи озодиву пояндагии Ватан барои  ҳар яки мо ҳамеша дарси ибрат хоҳад буд.

 Гулназар,

 Шоири Халқии Тоҷикистон

  Муаллифи ин достони зебо чанде пештар дар синни 79-солагӣ тарки олам кард. Аз Сайдулло Амин достонҳи қаҳрамоние дар бораи Абумуслим, Спитамон, Тахти Сангин ва шеърҳои зиёде ба мерос монданд. Ашъори ӯ ба забони русӣ низ баргардон шуда, бахше аз он дар маҷаллаи машҳури адабии “Дружба народов” низ чоп шудааст. 

Китоби Сайдулло Амин “Спитамон”, ки соли 2014 дар нашриёти “Адиб” интишор ёфтааст, хонандагонро ба роҳи дуруст, ватандустиву ватанхоҳӣ водор намуда, бо қаҳрамонони таърихии миллати тоҷик ошно месозад, тавсия дода мешавад. Китоби мазкурро шумо метавонед аз толори хониши Шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас намоед.  

Таҳияи Замира  Давлатова,

мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон