Абдусалом Деҳотӣ дар бораи Ҳоҷӣ Абдулазиз
Абдусалом Деҳотӣ, шоири шинохта ва пажӯҳишгари маъруфи қарни 20 ин мақоларо соли 1944 навиштааст. Мақола ба бисёр паҳлуҳои зиндагии сарояндаи мумтози Шашмақом Ҳоҷӣ Абдулазиз рушанӣ меандозад. Он дар Куллиёти шоир, ки соли 1966 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, ҷо дода шудааст. Мо онро айнан ва бидуни таҳрир аз ҳамин китоб бознашр мекунем ва гумон дорем барои ҳар касе мехоҳад бо саромадони мусиқии тоҷик ошноии бештар дошта бошад, мутолиаи мақола муфид аст.
*** *** ***
6-уми январи ҳамин сол ба вафоти яке аз устодони номдори музыка ва ашўлаи халқҳои тоҷик ва ўзбек – Ҳоҷӣ Абдулазиз ҳашт сол пур шуд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз ё ки ба забони халқ гўем – Ҳоҷӣ - ака соли 1858 дар гузари Кукмасҷиди шаҳри Самарқанд дар оилаи Абдурасул ном як тоҷики косиб таваллуд шуда, дар сини 13 аз падару модар ятим монд. Хайрият, ки дар он вақт навъе карда каму-тум хату савод бароварда буд. Ҳамин, ки аз падару модараш ҷудо шуда ба тарбияи тағош монд, худ ба худ ба музыка рағбат пайдо кард, аламҳои айёми ятимиашро бо навозиши дутор ва хониши ғазалҳои маҳзун фаромўш карданӣ мешуд. Бинобар ин ҷои тааҷҷуб нест, ки вай ҳанўз дар 14-16 солагиаш дутор ва танбурро хуб навохта метавонист.
Он вақтҳо дар Самарқанд Ҳоҷӣ Раҳимқулӣ ном устоди музыка буд, ки вай оҳангу ҳавоҳои халқӣ ва класикии Самарқанд, Бухоро ва Фарғонаро хуб медонист. Ҳоҷӣ-ака ба вай шогирд шуда «Туҳфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро» гуфтагӣ барин, ҳар чизи таълим додагии устодашро бо камоли хушзеҳнӣ ёд мегирифт ва кўшиш мекард, ки аз устод беҳтар навозад ва хонад. Ба ҳамин тариқ вай баъд аз машғулияти суботкоронаи чандинсола «Шашмақом»-ро пурра омўхт.
Ҳоҷӣ Абдулазиз кўшиш мекард, ки дар сафар ва ҷаҳонгардӣ ҳам аз одамони одии замони худаш пешқадам бошад. Вай дар вақти 33-солагиаш ба сайёҳате баромад, ки қариб ду сол давом карда, бисёр мамлакатҳои дунёро дид. Дар ин сафарҳои пурмашаққат ҳамеша дутор ҳамроҳи вай буд.
Ҳоҷӣ-ака дар вақтҳои ин сайёҳат ҳаёти мардуми он сарзаминҳо, урфу одат, маданият ва санъати онҳоро меомўхт, беҳтарин намунаи онҳоро ба репертуари худ медаровард. Чунончи, вай баъди ин сайёҳаташ «Тараннум» ва «Суҳайл» барин оҳангҳои дилчасп ва «Қурбон ўлам» ном ашўлаи завқоварро аз нав кор карда дар байни халқи худ ҷорӣ кард.
Хушхонии Ҳоҷӣ Абдулазиз дар андак вақт дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна овоза пайдо карда буд. Вай бо даъвати дўстонаш соле чанд бор ба шаҳрҳои Хуҷанд, Ўротеппа, Бухоро, Чорҷўй, Қаршӣ ва Ҳисор сафар карда, идҳои наврўз ва тўйҳои онҳоро бо санъати худ зиннат медод.
Баъд аз Революцияи Бузурги Октябр Ҳоҷӣ-ака ба хизмати идораҳои маданӣ-равшаннамоии советӣ даромада, дар байни оммаи васеи халқ таронасароӣ мекард. Аз як чойхонаи сурх ба чойхонаи сурхи дигар аз як колхоз ба колхози дигар таклиф карда мешуд.
Соли 1923 Ҳоҷӣ-ака бо таклифи идораҳои маориф дар назди Иниститути таълиму тарбияи ўзбек дар Самарқанд мактаби музыка кушода, худаш муаллим шуд ва чандин навозандагони ҳунармандонро тарбия карда расонд. Муҳиддин Мавлонов, Қобилҷон Исрофилов, Аъзам Камолов, Толиб Содиқов, Ҳасанов Юнус Раҷабӣ, Қорӣ Сироҷ, Имомҷон Икромов барин ходимони имрўзаи музыкаи Тоҷикистон ва Ўзбекистон шогирдҳои Ҳоҷӣ-ака мебошанд.
Ҳоҷӣ Абдулазиз фақат як машшоқ ва ҳофизи моҳир набуда, балки дар соҳаи музыка як ихтироъкори бузург ҳам мебошад. Хусусан дар навохтани дутор, ки асбоби хеле оммавӣ шудаи тоҷикон ва ўзбекон мебошад, маҳорати калон доштани вайро алоҳида қайд кардан лозим аст. Фақат Ҳоҷӣ Абдулазиз метавонист, ки шоҳасари музыкаи классикии мо «Шашмақом»-ро бо дутор пурра навозад. То замони вай дар байни аҳли музыка чунин назария ҳукмрон буд, ки «Шашмақом»-ро ғайр аз танбўр дигар ҳеҷ асбоб пурра ифода карда наметавонад, мегуфтанд. Ҳоҷӣ-ака нодурустии ин назарияро исбот кард.
Дутор як камбудӣ дорад, ки он ҳам бошад, дар вақти навохтан ба тахтаи косахонаи вай ангуштҳои навозанда расида, овози нофорам мебарорад. Аммо Ҳоҷӣ-ака бо ҳунармандии худаш ин камбудиро бартараф карда буд, ангуштҳои чусту-чолок ва серҳаракати вай ба тахтаи дутор нарасида, торҳоро озодона менавохтанд. Қўшторнавозӣ, яъне ҳарду тори дуторро баробар ба як оҳанг навохтан дараҷаи баланди машшоқӣ ҳисоб мешавад, ки ин ихтирои Ҳоҷӣ Абдулазиз аст.
Ҳоҷӣ Абдулазиз дар баробари ин, ки худаш монанди «Эй гули зорим» ва «Бозоргонӣ» чандин ҳаваҳҳои мураккаб ва пурҷўшу хурўши хеле машҳуршуда эҷод кардааст, инчунин даҳҳо оҳангу ҳавоҳои класикӣ ва халқиро аз нав кор карда, обу ранги нав дода, онҳоро ширин, шўх ва дилписанд кардааст. Ана дар ҳамин дам Ҳоҷӣ-ака ашўлаи саркардаашро нотамом монда, ногоҳ, лекин бо як тарзи моҳирона чунин таронаи шўху шавқовар сар кард.
«Ногаҳон дар базм пайдо дилбари маккора шуд,
Аз фурӯғи оразаш дил дар барам дупора шуд.
Ҳуш аз сар, сабр аз дил, ихтиёр аз каф рабуд,
Тоати садсолаам тороҷи як наззора шуд…»
Хам шеър ва ҳам оҳанги ин тарона ба рўҳияи ҳамонсоатии аҳли маҷлис чунон мувофиқ омада буд, ки бисёр касон беихтиёр ҳаёҳуй шодмонӣ баланд карданд. Вазифаи Союзи композиторҳои советии Тоҷикистон, кобинети музыка ва ходимони музыкаи мо мебошад, ки мероси гаронбаҳои ин дарёи санъат-машшоқи пурмаҳорат, ҳофизи хушхон ва эҷодкори оҳангҳои ҳаловатбахши фаромўшнашавандаро гирду ғун карда, бо диқкат омўхта, бо манфиати маданияти сотциалистиамон истифода баранд. Номи Ҳоҷӣ Абдулазиз бо ҳамроҳии тарона ва ашўлаҳои ҷовидонии вай дар забони халқҳои Ўзбекистон ва Тоҷикистон солҳои дароз зиндаю поянда мемонад.
138521
Деҳотӣ, Абдусалом.
КУЛЛИЁТ иборат аз панҷ ҷилд / ҷилди мақолаҳо V; Муҳар. Қ. Носиров. – Душанбе: Ирфон, 1966. – 471 с.
Рӯнависии Бунафша Абдураҳимова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар