Ёде аз устод Мусаллим Баҳриддинов – тағои радио
Соли 1990 бахшида ба 60-солагии таъсиси радиои тоҷик китобе бо номи “Ошёни булбулон” таҳия шуд. Ба ман вазифа доданд, ки дар бораи устод Мусаллим Баҳриддинов-мудири шуъбаи кишоварзии радио нависам. Ман, ки муддати 5 сол бо устод ҳамкор будаму худро шогирдашон медонистам, ин вазифаро ба ҷон қабул кардам ва як лавҳа навиштам, ки чоп шуд. Солҳо гузаштанд. Устод Мусаллим Баҳриддинов дигар миёни мо нестанд. Соли 2013 дар синни 83-солагӣ тарки олам карданд. Ва агар умр вафо мекард, имсол 90-сола мешуданд. Ёдашон ба хайр!
Ва ин субҳ, ки ба ёди ин бузургмарди олами журналистика афтодам, аз ҳамин лавҳа ёдам омад ва тасмим гирифтам онро тавре ҳаст, бе иловаву таҳрир ин ҷо гузорам.
Чакомаи муҳаббат
Дар сараш гарди солҳо нишаста, дар зери чашмони пурнураш ожангҳои пирӣ барвақт лона гузоштаанд. Ҳанўз аз зинаҳо бардамона боло мешавад, дар роҳрав бо қомати рост қадам мезанад. Ва ў умре рост рафтаву рост нишаста ва рост гуфта.
Устод Мусалими Баҳриддин. Ўро дар радио ҳамагон «тағо» гўянд. Тағои радио. Тағо ҳукми падар дорад. Устоди мо падари радио, балки падари кормандони радиост.
Имсол ў ба шаст қадам мемонад. Ва мегўяд, ки ба нафақа меравам. Аз ҳозир маро воҳима гирифта: киро баъди ў устод бигўям ва сатрҳои шогирдонаи хешро пешаш бихонам. Маро, ки ҷавони навшогирд ҳастаму навкор, кӣ падарвор насиҳат кунад, э кош чанд солаке бимонад устоди мо. Ва ў бо мо бошаду мо бо ў.
Соли панҷум аст, ки дар як дафтар мешинем. Соли панҷ аст, ки ба ў шогирдам. Ва тўли ин солхо басо ҳодисоти зиёде дар коргоҳи мо сурат гирифт. Ба қавле бозсозӣ сар шуду… Чандин нафар ҷорчиҳои мизони кўҳан рафтанду ҷои хешро ба дигарон доданд. Сўҳбатҳои радиои шаклан ва мазмунан нав шуданд ва ин тағиротро шунаванда низ пай бурд. Ва ёд дорам, нафаре менавишт, ки «… чӣ барномаҳои ҷолиб дорад радио. Ошкоро дарди дили мардумро мегўяд. Балки радио акнун радиои мардум шудааст».
Оре, он вақт одамон менавиштанд ва дардҳои кўҳан илоҷ меҷустанд. Ҳозир ҳам менависанд. Аз ҳарвақта бештару хубтар менависанд. Доираи мавзўъҳои мавриди назари онҳо низ фарохтар шудааст. Замоне, ки чунин номаҳо мерасиданд, радио давраи гузаришро аз сар мегузаронд. Кўҳна рафтаву нав омада.
Мо низ фарзандони замони хешем. Ва дар тўли ин чанд соли кор як давраро аз сар гузарондему дар даври дигар гом мезанем.
Мо насими бозсозиро аввал дар коргоҳи хеш эҳсос намудем. Дар рагҳои карахт хуни гарме ба ҳаракат даромад. Ва ин оғози нек аз нав шудани афкори ҷомеа башорат медод. Ин ҳиссиёт дар барномаҳои радио ҷорӣ гардид. Дар радиои солҳои сол якранг барномаҳои ҷолиб арзи вуҷуд намуданд. Ва ҳар шуъба ба таври худ кори хешро аз нав сохт.
Дар сарредаксияи «Ҷавонӣ» бо дастгирии сармуҳаррири нав М. Асроров журналист Ёров тавонист барномаи ҷолибе бо номи «Ҳамроз» таҳия намояд. Ман мегўям бо дастгирии М. Асроров аз он ҷиҳат, ки ҳар чизи нав ба муқобилати сахти кўҳнапарастон дучор меояд ва агар дастгирие набинад, зуд аз байн меравад. Ва ин қонунан дуруст аст. Ва барномаи тозабунёди радио «Ҳамроз» маҳз аз ҳамин дастгирӣ рушд ёфт ва имрўз низ шунавандагони зиёде дорад.
Дар акс: Кормандони “Ҳаёти деҳот” (аз чап ба рост: Устод Баҳриддинов, Обид Умаров, Маҳдӣ Собир, Файзалӣ Холов. Қатори боло боз ҳам аз чап ба рост: Б.Шафеъ, Сайидшоҳ Сайид, Мирзо Саттор.
Мо низ бозсозии куллиро дар шуъба аз таҳияи барномаи нав шурўъ намудем, ки он «Мо ва шунавандагон» ном дошт. Вале ин навигариро ҳарчанд бо маслиҳати устод Баҳридинов ҷорӣ кардем, он рўзҳо он кас аллакай мудири шуъбаи мо набуданд. Гумону шубҳаҳои беасос ва хабарҳои бардурўғе, ба роҳбарият мерасиданд, боиси он шуданд, ки «тағои» радио, яке аз пирони рамузфахму кордида аз вазифаи мудирӣ сабукдўш шуданд. Ин хабари шум ҳамагонро рўҳафтода кард, вале моро дилбардорӣ мекарданд, вазифаро ба шогирди худашон Ҷ. Расулов супурданд. Ва ин фоли нек аст. Аммо аз мудир то хурдтарин ходими идора ҳиҷолат мекашидем. Аз устод не, аз онҳое, ки гумонбар шуданду ба чунин амали зишт даст заданд.
Рўзу моҳҳо сипарӣ шуданд. Вазъи комитет тағйир ёфт. Оқибат раиси комитет аз вазифа рафт ва некии нахустини роҳбарияти нав ба шуъбаи мо ба вазифаи аввала барқарор намудани устод Баҳриддинов буд.
Чунин лаҳзаҳо дар рўзгори мо нотакроранд ва рўйдоди нодир ҳисоб мешаванд. Тантанаи ҳақиқат парда аз рўи чандин риёкориҳо мебардорад. Ва то ҳанўз ҳарчанд дар миён корҳои дигар шуданд, мо аз роҳбарияти нав барои изҳори чунин як муҳаббат миннатдорем. Ба гумонам барои ҳар шогирд боло шудани мақоми устодаш беҳтарин тўҳфаи умр аст.
Шогирдонаш аз ў бисёр омўхтаанд. Ва ин омўзиш барои мо ҳанўз идома дорад. Устод шахсест, ки дар кадом ташкилоти эҷодие, ки кор кардааст, ҳамеша дар як шуъба – шуъбаи кишоварзӣ. Ва деҳқонеро мемонад, ки таҷрибаи бой дорад, ба ҳар кас маслиҳатгару ёвар. Чи суоле аз кори деҳқонӣ байни журналистон пайдо шуд, ҳатман ба устод муроҷиат мешавад. Ва устод ботафсил мефаҳмонад.
Борҳо дидаем, ки аз тариқи телефон бо сармутахассиси Кумитаи агросаноатии ҷумҳурӣ У. Раҳматуллоев ё дигар мутахассисони ин даргоҳ суҳбат дорад ва асабӣ мешавад, ки маълумоташон хому баъзан рақамҳо якдигарро инкор мекунанд.
Таҷрибаи бойю боғановати деҳқонӣ, ки тўҳфаи солҳои наврасӣ ва ҷавонии устод аст, муҳаббат ба деҳу деҳқону замин, ки умре бо дили устод пайванд аст, дар куҷое буд, хоҳ дар идораи рўзномае, хоҳ дар радио ва телевизион ҳамин мавзўъ мавриди баррасӣ қарор дошт.
Ва дар маҳалле, ки ў зиндагӣ дорад, ашхоси гуногунмартаба ҷамъ омадаанд. Аз коргари завод сар карда то команди илмию роҳбари ин ё он корхонаҷот. Ва устод Баҳриддинов он ҷо низ пири кор аст. Бе машварати ў деги маъракаро гарм намекунанд. Устоди мо дар маҳалли зист низ шахси ба ҳама даркорист. Устод Баҳриддинов соҳиби чанд китобча ҳаст, ки аз рўзгори деҳу деҳоти имрўз қисса мекунанд.
Хизматҳои шоёнаш бо ордени «Нишони фахрӣ», Граммотаи Президиуми Шўрои Олӣ, Грамотаи комитети радио ва телевизиони иттифоқ ва медали «100 – солагии Ленин» қадр шудааст.
Соли 1982 сазовори мукофоти иттифоқи журналистони Тоҷикистон шуд. М. Баҳриддинов ветерани меҳнат мебошад. Шогирдони зиёде дорад, ки мактаби ўро гузаштаанд.
…Аз шишаҳои тирезаи дафтари мо теппаҳо сабзпўш метобанд. Баҳор фаро мерасад. Сабзаҳо нав аз хок сар берун мекунанд. Ва ин баҳор хуш баҳоре бошад. Ин баҳори шастсолагии устоди мост. Ин баҳори шастсолагии коргохи мост. Ва мо устодро ба нафака мегуселонему радиоро не. Ва ин сатрҳоро менависаму мехоҳам ҷумлаи охиринро нуқта гузорам. Мехоҳам интихоб кунам, ки кадом ҷумла охирин бошад. Бодиққат ба чеҳраҳои гарми ҳамкорон менигарам. Амриддини Аслиддин, Мирзои Саттор, Обиди Умар, Абдураззоқи Саид, Маҳдии Собир, Файзалии Шукур… Хостам аз ин чеҳраҳо ҷумлаи хотимавӣ биёбам. Вале ҳамаро саргарми андешаи худ дидам. Ва чун ба хотир овардам, ки сухан аз нафақаи устод меравад, маро воҳима пахш кард. Баъди аз кор рафтани ў киро устод бигўям в сатрҳои шогирдонаи хешро пешаш бихонам? Киро? Шояд онҳо низ дар ҳамин бора андеша доранд…
Б. Шафеъ
Бозчоп аз Ошёни булбулон: Маҷмўаи мақолаҳо роҷеъ ба 60- солагии Радиои Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1990, С. 24 -26.
Аз устод Баҳриддинов дар Китобхонаи миллӣ ҳамин се мавод монда, ки метавонед бихонед:
Оби ҳаёт: Маҷмўа. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 72 с.
Парвона: Ҳикоя // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981 . – 11 сентябр.
Неъмати муқаддас: Нонро азиз доред // Машъал. – 1982. – №12. – С. 6-7.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
корманди шуъбаи библиографияи милл.,