Сурудҳои сарбозӣ

   Сурудҳои сарбозӣ ҳамчун маъхази арзишманде  барои омўзиши таърихи халқи тоҷик хидмат мекунанд. Сарбозгарӣ дар даврони пешин чун воқеаи дахшатбори  давр ба сари аҳолии камбизоати Осиёи Миёна, аз чумла тоҷикон, бадбахтиҳои зиёде меовард. Сарбозҳоро ба лашкари амир бо усули тақсим ва қуръа, баъдтар бо роҳи маҷбурӣ ҷамъ меоварданд.

   Сурудҳои сарбозӣ, назми сарбозӣ, як навъ шеър дар эҷодиёти шифоҳӣ ва адабиёти хаттии халқи тоҷик. Аксари Сурудҳои сарбозӣ аз шеърҳое иборатанд, ки сипоҳиён ҳангоми машқ, роҳгардӣ, тантана ё намоиш месароянд. Чунин сурудҳо байни мардум бо номи «помашқ» машҳуранд.

   Сурудҳои сарбозии тоҷикӣ таърихи қадимӣ доранд, вале то замони мо намунаҳои дар асри 19 офаридашуда (шеъру сурудҳое,ки сарбозон дар давраи Аморати Бухоро гуфтаанд) дастрас  шудаанд. Баъзан рубоӣ, дубайтӣ ва байтҳое ба назар мерасанд, ки маҳсули эҷоди сарбозон, хешу табори эшон буда, вале аз помашқ фарқ доранд.

    Бахши муҳими суруҳои таърихиро маҳз ҳамин қабил сурудҳо ташкил мекунанд, ки ба мавзўи сарбозӣ бахшида шуда, сарупо эътирози мардумро нисбат ба сиёсати манфури сарбозгирии маҷбурӣ ифода менамоянд (нимаи дуввуми  асри 19).

   Сурудҳои сарбозӣ ҳамчун маъхази арзишманде  барои омўзиши таърихи халқи тоҷик хидмат мекунанд. Сарбозгарӣ дар даврони пешин чун воқеаи дахшатбори  давр ба сари аҳолии камбизоати Осиёи Миёна, аз чумла тоҷикон, бадбахтиҳои зиёде меовард. Сарбозҳоро ба лашкари амир бо усули тақсим ва қуръа, баъдтар бо роҳи маҷбурӣ ҷамъ меоварданд.

   Дороён аз маъракаи сарбозгарӣ эмин буданд. Аз ин рў, сарбозгирӣ барои одамони бенаво доми балову марги беамонро мемонд.

   Сурудҳои сарбозӣ баъзан бо истилоҳи  «қафқозӣ» низ миёни мардум  машҳур мебошанд. Воқеан сарбозони неруҳои  муссалаҳи амир Олимхон либосҳои низомии қафқозидўхт мепўшиданд ва аз ин сабаб ҳам байни мардум ҳамчун «қафқоз» ё худ «қафқозӣ» ном бароварда  буданд.

   Сурудҳои сарбозӣ сарбозон аз хидмати сарбозӣ,ки дар замони гузашта хеле тўлонӣ (25 сол) буд ва ё бисёриҳоро ба зўр мебурданд, шикоят кардаанд:

                          Сари кўҳи баланд ман  давдавонам,

                           Камон дар кифту ханҷар дар миёнам,

                           Илоҳо бишканад дасти камонсоз,

                           Ки аз дасти камон бехонумонам.

   Дар сурудҳои сарбозӣ дарди калбу ҳолати рўҳии сарбозон ва наздикони онҳо, хусусан волидайни онҳо хеле ҳаққонӣ  ва муассир ифода шудаанд. Мавзўи асосии сурудҳои сарбозӣ сафари бебозгашт, зиндаҷудоӣ аз ёру ақрабо, ҳаёти тоқатфарсои сарбоз дар шаҳрҳои бегона, норозигии халқ аз ноадолатиҳои иҷтимоӣ мебошад:

 

                          Мо чор бародарем сарбози амир,

                          Ҳар чор камонкашем, як дастаи тир,

                          Дар об шиноварем, дар кўҳ нахчир,

                          Дар ҷанг баҳодурем, бар  марг асир.

Ё ин ки:

                          Фақирбача, ки будӣ, асират карданд,

                          Бе чиз, ки будӣ аскари мират карданд,   

                          Дар ҷойи бачаи мир Бухоро меравӣ  

                          Бе чиз, ки будӣ, дар сари тират карданд.

   Сурудҳои сарбозии тоҷикӣ навъҳои гуногуни шеърӣ, ба монанди рубоӣ, байти ғазал таркиб ёфта, бештари онҳо ба шакли рубоӣ эҷод шудаанд. Оҳанги сурудҳои сарбозӣ бо номи «сарбозӣ», «сарбозча», машҳур аст. 

   Сурудҳое, ки сарбозон ҳангоми помашқ шеърҳои шоирони касбиро низ месароянд. Масалан, шеъри А. Лоҳутӣ «Дар Қафқозу дар Украина». Бо мурури замон сурудҳои нави сарбозӣ, сурудҳои помашқ ва ғайра ба миён омадаанд,ки ба рўҳу мароми даврони мо мутобиқанд. Яке аз онҳо суруди «Аскарбача» (матни халқии такмилдодаи А. Қодирӣ,оҳанги Х. Абдулло) мебошад.

Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ. 2 . – С. 360.

Муаллифон Б. Шермуҳаммадов., Ш. Умарова

Таҳияи Зафар Ғолибов, 

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ