Рафтани олим

Дар бораи Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ, яке аз чеҳраҳои машҳури тибби мусоири тоҷик, аз ҷумлаи маъруфтаринҳо дар миёни олимони соҳа, роҳбари дисӯзу ободгар метавон хеле суханҳо гуфт. Ва дар мақолаи иқтибосшудаи зер ҳамаи хизматҳои олими барӯманд зикр шуда.
Устод Исҳоқӣ дар айни камолоти эҷодиву шӯру шавқи корӣ, ки метавонист ҳамроҳ бо даҳҳо шогирдону ҳамсафонаш барои рушди илми Тоҷикистони соҳибистиқлол корҳои шоиста анҷом диҳад, аз ҷониби душманону хоинони миллат ба қатл расонда шуд. Рафтани нобаҳангом ва фоҷеавии олими барӯманд зарбаи мудҳиш ва ҷуброннопазир ба илми тиб буд.

Юсуф Исҳоқӣ 21-уми июли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Духтури оториноларинголог, доктори илми тиб (соли 1968), професор (соли 1969), узви вобастаи АИТ  ИҶШС (соли 1978), барандаи Ҷоизаи  давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (соли 1979), Ходими шоистаи  илми ҶШС Тоҷикистон (соли 1989) буд.

Соли 1954 Доишкадаи давлатии тиббиро хатм намудааст. Ординатори клиникӣ (солҳои 1954-57) ва ассистенти кафедраи  бемориҳои гўшу гулўю бинии ДДТТ (солҳои 1958-60),  сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии №4, (солҳои 1960-64) дотсенти кафедраи  гўшу гулўю  бинӣ буд. Докторанти ДДТТ (солҳои 1964-68) ба Пажўҳишгоҳи гўшу гулўю бинӣ шаҳри Москва фиристода шуд, дотсенти кафедраи  оториноларингология (солҳои 1968-69), ноиби ректор оид ба таълим, ҳамзамон профессори кафедраи  оториноларингология (солҳои 1969- 73)-и  ДДТТ буд.

Аз соли  1973 то охири умр ректори  Донишгоҳи тиббӣ буд. Ҳамзамон аз соли 1987 вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияро ба ўҳда дошт.

Тадқиқоти илмии Исҳоқӣ доманадор буда, ба масоили  гуногуни тиб бахшида шудааст: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани  хунравӣ  ҳини бемориҳои  гўшу гулўю бинӣ, этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи  кистаи роҳи болои нафас, ихтилоли қобилияти нуфузпазирии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра.

Дар омўзишу паўҳиши Исҳоқӣ хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулў ва гурдаҳо дар кўдакон, мутобиқат ба шароити баландкўҳ, таъсири гипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гўшу гулўю бинӣ, омўзиши бемориҳои аллергии кишварии узвҳои ЛОР, масунияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра ҷои муҳимро ишғол  менамоянд.

Муаллифи  зиёда аз 250 асару мақолаҳои  илмӣ, аз ҷумла 10 монография ва 11  тавсияи  методӣ. Таҳти роҳбарии ў 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Саҳми Юсуф Исҳоқӣ дар пешрафту тараққии ДДТТ хеле арзанда мебошад. Тўли 23 соли ректор будани ў донишгоҳ  симои худро ба куллӣ тағйир дод. Бисёр факултаю кафедраҳо ва шўъбаҳои  нав ташкил карда шудаанд. Заминаи  илмию тадқиқотии донишгоҳ устувор гашт.

Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович бо ордени Ленин, медалҳои «Шуҷоати меҳнатӣ», «200- солагии Институти  тиббии 1 Москва ба номи И.М. Сеченов», медали тиллои  «Ҷамъияти дўстии ИҶШС - Булғория» ва дигар  мукофотҳои  давлатӣ сарфароз гаштааст. Соли 1989 депутати халқии ИҶШС интихоб шуда буд. Кафедраи  оториноларингологяи ДДТТ  ва стипендияе ба номи  Исҳоқӣ гузошта шудааст.    

Исҳоқӣ Юсуф 06.05.1996 дар Душанбе аз ҷониби шахсони номаълум ба қатл расидааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи  мухтасари тиб». – Душанбе, 2011. – Ҷ.2. С. 312-313.

Аз Юсуф Исҳоқӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳоро пайдо ва мутолиа намоед:

Исҳоқӣ, Ю. Ҳайвоноти  заҳрдори Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 76 с.
Исҳоқӣ , Ю. Таърихи мухтасари  тибби  тоҷик / Ю. Б. Исҳоқӣ, Я. Тошев. – Душанбе: ДДТИ, 1993. – 128 с.
Исҳоқӣ, Ю.  Дарснома  /  Ю.Б. Исҳоқӣ, М.Г. Тоҳиров. – Душанбе, 1995. – 90 с.
Исҳоқӣ, Ю. Бемориҳои гушу гулў ба бинӣ / Ю.Б.Исҳоқӣ, Л.И.Калштейн, Р.О.Олимов. – Душанбе:  Санадвора, 2009. – 300 с.
Исҳоқӣ, Ю. Таърихи тиб / Ю.Б.Исҳоқӣ, Я.Т.Тоҷиев. – Душанбе: ТГМУ, 1997. –  245 с.

Дар бораи Юсуф Исҳоқӣ

 

Сайфуллоев, А. Ҷони одам: Дар бораи  ректори Донишгоҳи  тиббии  Тоҷикистон  Ю. Исҳоқӣ ки  60 - сола шуд  // Ҳақиқати  Ленинобод. – 1992. – 26 сентябр.
Исҳоқӣ, Ю. Устоди табибон: Мусоҳиба ба ректори Донишкадаи  тиббии Тоҷикистон  ба пешвози 60 солагиашон //  Ҳақиқати Ленинобод. – 1992. – 3 октябр.
Расулӣ, А. Ашки рўзи  чашм: Чашми табиб, ректори  донишкадаи  тиббӣ  Юсуфхон Исҳоқӣ // Адабиёт ва санъат . – 1992. – 26 ноябр.
Шамсиддинов, Б. Табибо: Шеър бахшида барои  гиромидошти  хотири  устод  Исҳоқӣ // Ҷумҳурият . – 1997. – 25 январ. 
Пўлодов, А. Устоди табибон: Сарвари донишгоҳи  тиббии  Тоҷикистон, марҳум . Исҳоқӣ 70- сола мешавад  //  Ҷумҳурият. – 2002. – 14 декабр.
Раҷабзод, А. Юсуфи  ростин буд ў: Ёдбуди профессор, доктори илмҳои  тиб, Ю.Исҳоқӣ  //  Чархи  гардун. – 2002. – 20 декабр.
Файзуллоев, Н. Ифтихори миллат: Бахшида  ба 70 солагии  зодрўзӣ  шодравони шаҳид  Ю.Б. Исҳоқӣ  //  Паёми Сино . – 2002. – № 3-4. – С.111.
Гулов, М. Аз дида агар ки рафт, аз дил наравад: Аз фаъолияти  кори доктори  илмҳои тиб, профессор  шодравон Юсуф Исҳоқӣ  //  Ҷумҳурият. – 2012. – 24 ноябр.

 

Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ