Панҷ ҳикмати Ганҷи бодовард

 

 1. Ганҷи дуюм аз ганҷҳои ҳафтгонаи Хусрави Парвиз. Ваҷҳи тасмияаш ин аст, ки Қайсари Рум аз хавфи Хусрави Парвиз чанд киштӣ аз зари сурх пур карда ба ҷазирае мефиристад. Вале боди мухолиф он киштиҳоро ба сўи мулки Парвиз овард. Парвиз он молро гирифт ва онро «Ганҷи бодовард ном ниҳоданд.

2. Номи тарона ва оҳанги мавсимиву  маросимии бостонии тоҷикон.

3. Тарона ва оҳанги силсилавии мавсимию маросимӣ, ки Борбади Марвазӣ барои ҷашни шоҳаншоҳи  сосонӣ – Хусрави Парвиз, ба ифтихори пирўзиаш бар румиён, тасниф намудааст. Дар манобеи хатии замони Сосониён («Фарҳанги паҳлавик», «Хусрав ва ридак» бо номи суруди ҷашнӣ ба шакли «Ganjvih Ganjvadin») омада, дар  маъхазҳои баъдии адабию мусиқӣ низ ҳамчун маҷмўи таснифоти мавсимию маросимӣ қаламдод шудааст. Аз ҷумла, мусиқидон Ибни Зайла (фавт 1048) дар «Китобу-л кофӣ ал-мусиқӣ», «Ганҷи бодовард»-ро ба унвони таронаҳои устодонаи мусиқӣ ва аз ихтирооти Борбад хотирнишон  кардааст.

4. Номи наво ва лаҳни шонздаҳум аз сӣ лаҳни Борбад, ки онро ба ифтихори ба дасти Хусравӣ Парвиз расидани ганҷи шойгон эҷод кардааст. Он оҳанг, суруди дуюми  силсилаи сурудҳои «Хусравонӣ- и Борбад мебошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин мефармояд:

Навосозе, ки будаш Борбад ном,

Навое сохт, онро ангубин ном.

Ниҳод аз захма чун барзад тамомаш,

Навои «Ганҷи бодовард» номаш.

 

5. Номи гўша ва лаҳни махсус дар таркиби дастон (парда мақом)- и «Зерафкан»-и «Дувоздаҳмақом». Ин оҳанг то асрҳои 12-13 дар мусиқии тоҷикон (эрониён) маъмул будааст.

Бозчоп: Аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе. – Ҷ. 4. – С. 196.

 Муаллиф: А. Раҷабов.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Ганҷи бодовард боз ин матолибро ҳам метавонед мутолиа намоед:

Маҳмадуллоев, С. «Ганҷи корвон»: Суруди қадимаи форс-тоҷик // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 344.

Маҳмадуллоев, С. «Ганҷи сӯхта»: Суруди қадимаи форс-тоҷик // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 344.

Юлдошев, А. Ганҷи бодовард: Сухане аз рўзгори Борбад // Комсомоли Тоҷикистон. – 1988. – 13 июл.