Аз ҷумлаи шоирони таронасарост. Дар бойгонии радио даҳҳо таронаи ӯ бо садои машҳуртарин сарояндагон маҳфуз аст. Аз соли 1963 то даме, ки ба нафақа рафт, дар бахши мусиқии радиои Тоҷикистон фаъолият мекард ва хеле барномаҳои ҷолибу шунидание аз ҳаёти ҳунармандон таҳияи кардааст.
СОБИР СУЛТОН 9 майи соли 1934 дар деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, солҳои 1958-1962 ходими рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1962-1963 муҳаррири нашриёти адабиёти таълимию педагогӣ, аз соли 1963 то нафақа баромадан ходими адабии сарредаксияи гуфторҳои мусиқии Кумитаи давлатии садо ва симои ҷумҳурӣ будааст.
Шеърҳои аввалинаш солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Минбаъда маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи умед» (1973), «Чӯпонбача» (1978), «Таронаи дил» (1983), «Ошёни меҳр» (1986), «Кӯҳи мурод» (1993), «Паёми Хуршед» (2003) ва «Парвози суруд» (2009) ва ғ. чоп шудаанд.
Мавзӯи ашъораш тараннуми муқаддасоти Ватан, азамати дӯстии халқҳо, самараи эҷоду меҳнат ва ишқу ҷавонӣ мебошанд.
Шоири таронасарои мумтозест, ки дар давоми панҷоҳ соли охир матни садҳо суруди шуҳратёфтаро ба қалам овардааст. Аз ҷумла, матну оҳанги 40 суруди ба хазинаи тилойии Радиои тоҷик воридшудаи ӯро бастакор Амирбеки Мӯсо дар китоби «Парвози суруд» (2009) ба табъ расондаанд.
Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аз Собир Султон ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Субҳи умед. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 56 с.
Таронаи дил: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 112 с.
Ошёни меҳр. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 80 с.
Гулҳои ҳаёт. – Душанбе: Адиб, 2004. – 64 с.
Асрори дил: Гулчини ашъор / Муҳаррир А.Мирбобоев. – Душанбе: Пайванд, 2005. – 202 с.
Гулрези ғазал. – Душанбе: Ирфон, 2009. – 220 с.
Парвози суруд. – Душанбе: Адиб, 2009. – 104 с.
Чашмаи меҳр. – Душанбе: Адиб, 2015. – 256 с.
Таронаи сулҳ: Шеър // Баҳодурон. – Душанбе, 1985. – С. 289.
Барои ҳифзи бахти инсон: Шеър // Тоҷикистони Советӣ. – 1986. – 28 ноябр.
Тоҷикистонро чӣ шуд?: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1992. – 17 декабр. – С. 1.
Як лаҳзаи баҳор: Шеър // Наврўзи ватан. – № 9. – апрел.
Сиришти ишқи покем: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1997. – 20 март.
Сарвати ман – суруди ман: Аз эҷодиёти шоир Собир Султон // Тоҷикистон. – 2000. – 20 январ.
Пайрави Исмоили Сомониам: Руҷўи Президенти кишвар Э. Ш. Раҳмонов: Шеър // Ҷумҳурият. – 2001. – 8 сентябр.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст: Аз дафтари хотирот дар фермаи намунавии ноҳияи Ҳисор // Ҷумҳурият. – 2002. – 27 апрел.
Шашмақом: Шеър // Садои мардум. – 2002. – 22 май.
Рубоиёт // Садои мардум. – 2004. – 12 май.
Хуршеди саодати ҷавонӣ: Ашъори шоири таронасаро Собир Султон // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2007. – 6 ноябр.
Аз саҳар омўхтаам; Руҷўи субҳ; Файзи саҳар; Гаҳвораи замин-модар: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 24 июл. – С. 10.
Суманак: Шеър // Садои мардум. – 2014. – 21 март.
Хонаи умеди дилҳо; Бувад арзанда подошам; Шаҳри сулҳу Ваҳдат: Шеърҳо // Паёми Душанбе. – 2014. – 17 октябр.
Пойтахтам – тоҷи бахтам: Шеър // Ҷумҳурият. – 2014. – 29 октябр.
Душанбешаҳр: Шеър (порчае аз шеъри Собир Султон) // Тоҷикистон. – 2014. – 30 октябр.
Ифтихори мо – Душанбе: Шеър // Паёми Душанбе. – 2015. – 18 март.
Ту кони меҳру ишқу нозӣ, эй зан: Шеър // Паёми Душанбе. – 2015. – 3 апрел.
Хуршеди Истиқлол; Суруди Душанбешаҳр: Рубоиҳо ва шеър // Паёми Душанбе. – 2017. – 6 сентябр.
Тарҷумаҳои Собир Султон
Обидов, З. Дастагул аз Мирзочўл: Шеър / Тарҷумаи Собир Султон // Газетаи муаллимон. – 1981. – 15 август.
Мошин, В. Бахт аз меҳнат: Шеърҳо аз русӣ / Тарҷумаи Собир Султон // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 23 август.
Лисянский, М. Москваи ман: Шеър / Тарҷумаи Собир Султон // Тоҷикистони Советӣ. – 1987. – 12 сентябр.
Дар борааш
Аҳмад, К. Шеъри маро аз Турсунзода гуфтаанд…: Аз ҳаёт ва эҷодиёти шоир Собир Султон // Тоҷикистон. – 2011. – 8 декабр.
Таҳияи Насиба Даниярова,
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ