Рӯ ба дониш. Евроосиёро шиносем
Нашр шуд 2020-10-28 14:56
Евросиё, Авруосиё, Евразия, бузургтарин материки кураи Замин дар Нимкураи шимолӣ (як қисми ҷазираҳо дар Нимкураи ҷанубӣ). Масоҳаташ 54,7 млн км2 (зиёда аз сеяки тамоми хушкӣ). Аҳолиаш 4,57 млрд нафар (2016). Евросиё аз ду қитъаи олам – Европа ва Осиё иборат буда, марзи байни онҳо шартӣ аст. Нуқтаҳои канории қитъа: дар шимол- димоғаи Челюскин (77043/ а.ш), дар ғарб – димоғаи Рока (9034\) дар нимҷазираи Таймир, дар ҷануб – димоғаи Пиай (1016/) дар нимҷазираи Малакка, дар шарқ – димоғаи Дежнёв (169040/).
Аз шимол ба ҷануб 8 ҳазор км, аз ғарб ба шарқ 16 ҳазор км тўл кашидааст. Евросиёро аз шимол уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, аз ҷануб уқёнуси Ҳинд, аз ғарб уқёнуси Атлантик, аз ҷануб уқёнуси Ором ва баҳрҳои канории онҳо иҳота кардаанд. Ба Евросиё ҷазираҳои сершумор дохил мешаванд, ки масоҳати умумиашон ба 2, 75 млн км2 мерасад.
Ҷазира ва галаҷазираҳои калони Евросиё: Зонди Калону Хурд, Ҷопон, Филиппин, Шписберген, Замини Нав. Дар Евросиё қуллаи балантарини ҷаҳон – қ. Ҷамолунгма (8848 м), ҷойи аз ҳама пасти хушкӣ – баҳри Майит, (– 395 м), бузургтарин кўли сарбастаи ҷаҳон – баҳри Каспий (371 ҳазор км2), амиқтарин кўли ҷаҳон – Байкал (1640м ), дар шимолу шарқи он, дар ҳудуди Оймакон (Ҷумҳурии Саха) яке аз қутбҳои сардтарини Нимкураи шимолӣ (ҳарорати миёнаи январ то – 710 С), ҷойи аз ҳама сернами Замин – Черапунҷи дар минтақаи шимолу шарқии Ҳиндустон (ҳаҷми боришоти солона то 22900 мм) ва биёбонҳои беоби нимҷазираи Араб воқеъ гаштаанд.
Тақрибан аз 2/3 ҳиссаи ҳудуди Евросиё кўҳсор буда, чандин қуллаҳо - кўҳи баланду тўлонӣ (Ҳимолой, Қароқурум, Кунлун, Тиён-Шон, Қафқози Калон, Алп, Олтой ва ғайра), баландкўҳҳои васеъ (Помир, Тибет, Осиёи пеш ва ғайра) дорад.
Бузургвориҳо: ҳамвории Аврупои Шарқӣ, ҳамвории Сибири Ғарбӣ, ҳамвории бузурги Чин ва ғайра. Иқлими қитъа аз арктикӣ дар шимол ба экваторӣ дар ҷануб тағйир меёбад. Евросиё майдонҳои васеи яхбандиҳои бисёрсола (тақрибан 11 млн км2 ) дорад. Сарфи миёнаи солонаи обҳои ҷорӣ дар Евросиё 16 ҳазор км2 аст, ки тақрибан 50 дарсади ҳаҷми умумии обҳои ҷории Заминро ташкил медиҳад. Дарёҳои асосии Евросиё (дарозиашон бештар аз 4 ҳазор км): Янтези (дарозтарин д-и Евросиё), Об (бузургтарин дарё аз рўи масоҳати ҳавза), Хуанхе, Меконг, Амур, Лена.
Ба хавзаи обҳои ҷорӣ бештар аз 30 дарсади ҳудуди Евросиё тааллуқ дорад. Мавқеи ҷуғрофиёӣ, бузургии ҳудуди қитъа, гуногуншаклии иқлим сабабгори ба вуҷуд омадани сохтори манзаравии мураккаби Евросиё гардидааст. Дар Евросиё тамоми минтақаҳои ҷуғрофиёӣ ва Нимкураи шимолӣ вуҷуд дошта, тақсимбандии минтақавии манзараҳо (ландшафтҳо) бармало намоён аст. Дур будани минтақаҳои марказии Евросиё аз уқёнусҳо ва мавҷудияти шабакаҳои кўҳӣ дар минтақаҳои ҷанубиву шарқӣ боиси пайдоиши минтақаҳои васеи биёбонӣ гардидааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6 . – С. 357.
Муаллиф: Р. Абдуллоев.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.
Теги: библиографияи миллӣ