Низомиддин Зоҳидӣ – шарқшиноси муваффақи тоҷик

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз ҷумлаи олимони пуркорест, ки дар баробари пажуҳишҳои арзишмандаш як бахши муҳими сиёсати хориҷии кишварро раҳнамоӣ ва сарварӣ мекунад. Аз соли 2010 то соли 2016 муовин ва аз 2-феврали соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Аз донандагони хуби забони арабист.
Низомиддин Зоҳидӣ  8 - уми июни соли 1957 дар деҳаи Пўлодони ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби таҳсилоти миёнаро бо медали тилло хатм кард. Соли 1979 шўъбаи арабии факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) тамом карда, ба сифати тарҷумон дар Бағдод (Ироқ) хидмат намудааст.
Соли 1981-1983 корманди Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, 1983-1984 коромӯз-муҳаққиқи шуъбаи Ленинградии пажуҳишгоҳи Шарқшиносии АИ СССР, 1984-1987 дар аспирантураи назди Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики  АИ Тоҷикистон таҳсил кард.
Раҳнамоии ўро донишманди маъруфи вақт, профессор шодравон Расул Ҳодизода ба ўҳда гирифт. Солҳои 1988-1992 Ходими илмӣ ва котиби илмии Пажўҳишгоҳи Шарқшиносии АИ Тоҷикистон, 1992-1997 сарвари шуъбаи таҳқиқоти филологии Маркази илми Хуҷандии Академияи Илмҳои Тоҷикистон, 1998-2000 муовини директор ва директории Марказии пажўҳиши тамаддуни давраи Сомониёни  Донишгоҳи  Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров,  2000-2010 ноиби ректор ва март-октябри соли 2010 ректори ДД Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров буд.
Аз октябри соли 2010 дар вазифаи Муовин ва аз аввали феврали соли 2017 чун Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ фаъолият дорад.
Низомиддин Зоҳидӣ ба таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эронӣ, равобиту Аҷаму Араб, таъриху фарҳанги аҳди Сомониён ва ғайра шуғл варзида, зиёда аз 100 кори илмӣ ба хидмат овардааст.
Ў бо медали 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2011) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (соли 2016)  сарфароз гардидааст.
Имрўз Низомиддин Зоҳидӣ дар ошёни шастуми саодати умр  қарор дорад ва бо камоли кордониву мудаббирӣ дар ҷодаи илм ва ифои вазифа пурмаъсулияти давлатӣ, ки бар ўҳда дорад, заҳмат мекашад.
Зоҳидӣ дар тарҷума, таҳия ташреҳ ва тавзеҳи осори адабию таърихии асрҳои миёна саҳми сазовор дорад.

Аз таълифоти олими варзида  дар Китобхонаи миллӣ инҳоро метавонед бихонед:

                                                                       Осор

Зоҳидов,Н.  Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён / Зоҳидов Низомиддин. – Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1999. – 147 с.
Зоҳидов,Н.  Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои 8-9 / Н,Зоҳидов. –   Хуҷанд: Нури маърифат, 2004, 2004. –  402 с.
Зоҳидов,Н.  Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои Vlll-lX: Давраи арабизабонӣ / Н.Зоҳидов. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 444 с.
Зоҳидов,Н.  Масоили иҷтимоӣ: дирўз ва имрўз: Шаҳраки Сарвода аз зеботарин шаҳракҳо коргарнишин гаштааст // Ҳақиқати Ленинобод . – 1992. – 18 июл.
Зоҳидов,Н.  Қонуни илм: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд // Ҷавонони Тоҷикистон . – 2002. – 21 июн.
Зоҳидов,Н.  Саҳифаи нав дар китоби дўстии ду халқ:  Робитаи сиёсиву иқтисодӣ илмиву фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Русия // Ҷумҳурият. – 2004. – 26 октябр.
Зоҳидов,Н.  Ноқиши ҳувиятсозӣ дар қарнҳои нахусти ислом: Урфу одатҳои Наврўз // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 26 апрел.
Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IX в. / Захидов, Н. –    Душанбе: Дониш, 1993. – 184 с.

Ҳамчунин барои шинохти бештар бо шахсият ва фаъолиятҳои илмии Низомиддин Зоҳидӣ метавонед мақолаи Носирҷон Салимӣ ва Бадриддин Мақсудов  “Донишманди фарзона”-ро, ки 25-уми майи соли 2017 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст, мутолиа намоед. 

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ