Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Илич Нурова
Нашр шуд 2020-08-31 09:18
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Илич Нурова агар зинда мебуд, имсол 95-сола мешуд. 16 сол пеш бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Шахсияте буд нотакрор, инсони шариф, содиқ ба ғояҳои коммунистӣ ва яке аз муборизон дар роҳи тантанаи адолат. Як бахши ҳаёти ӯ дар корхонаи нонпазии шаҳри Душанбе гузаштаву сарварии назоратчиёни халқиро ҳам ба уҳда дошт. Ин гурӯҳ он замон миёни мардум маҳбубияти хоса дошт, чун бе ягон тобеъият ба роҳбарияти корхона рейдҳо мегузаронд ва дуздону ҳаннотонро боздошт мекард.
Нурова Илич дар деҳаи Курговати ноҳияи Калъаихум 17 августи соли 1925 таваллуд шудааст. Вай нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати меҳнати коммунистӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971) буд.
Аъзои КПСС аз соли 1960. Солҳои 1946-1958 фаррош, нонпази корхонаи нонпазии рақами 1-и Душанбе, 1958-78 нонпаз ва аз соли 1978 сардори бригадаи сехи нонпазии Иттиҳодияи истеҳсолии саноати нони Душанбе буд.
Нурова дар инкишофи саноати нон саҳми калон гузоштааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5-7) буд.
Бо 2 ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Бозчоп аз «Энциклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1984. – Ҷ. 5. – С. 250.
Таҳияи Набиева Аниса
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ