Аз маъруфтарин дастаҳои ҳунарии кишвар аст. Ҳунарманди маъруф Зафар Нозим ба хотири ҷамъоварии ганҷинаи ҳунарҳои халқӣ ин дастаро созмон дод ва дар кутоҳтарин фурсат муваффақ шуд. Ҳайати эҷодӣ, дастаи ҳунарии фолклориву этнографӣ, ки бо ташаббуси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикстон таъсис ёфта, аз 75 нафар иборат буд.
Дастаро то соли 1993 Зафар Нозимов, баъдан Ч. Холов 1993-2003, Раҳматулло Ҳошимов солҳои 2004-2009, Ҷ. Сафаров 2009-2010, У. Каромат 2010-2012 роҳбарӣ карда, дар ҷалби ҳунарварони хушсалиқа ва муваффақиятҳои эҷодии Ганҷина саҳми арзанда гузоштаанд. Ганҷина се барномаи фолклорӣ фароҳам овардааст, ки шомили сурудҳои гуногун ва барномаи махсуси «Бозори шарқӣ» мебошад.
Ҳадафи Ганҷина омўхтану эҳё намудан ва ривоҷу густариш додани сарвати ҳунарии мардуми тоҷик мебошад. Таронаҳои «Қошуқтарош»; «Ҳай сокина»; «Кадудона»; «Бозубанд»; «Хамида мўи сиёҳ», сюитаи дуқисмаи «Чорзарб»-и А. Ҷўраев ва «Чорзарб»-и Ганҷина, сюитаи кўлобии «Фалак» ва лапарҳои «Меҳмони ман шав»; «Ман доғ, майдаё»; «Аз Қаратоғ омадаем»; «Масти мастуме»; «Алла»-и помирӣ, силсилаи сурудҳои «Мавригӣ» аз беҳтарин намунаҳои ҳунари мардуми вожаҳои Бадахшону Зарафшон, Хўҷанду Ҳисор, Кўлобу Ғарм, Бухорову Самарқанд мебошанд, ки ҳунарпешагони Ганҷина аз нав эҳё намуда, ба мардум пешкаш кардаанд.
Дар тарҳрезӣ ва таҳияи рақсу таронаҳои Ганҷина Муродбек Насриддинова, Чиллахон Холов, З. Ризоева, С. Саидов, Ҳ. Мўъминова (сарояндагон), Р. Қурбониён (коргардон), Н. Додарбеков, Х. Тағоев, Ҳ. Ғафуров (роҳбарони мусиқӣ), Б. Мардонов, Г. Мирҷумъаева, А. Мусоев (роҳбарони гурўҳи рақсӣ), раққосаҳо Д. Мазорова, Ф. Ҷўраева ва Ф. Пирназарова саҳми шоиста гузоштаанд.
Ганҷина ба Ироқ, Ҳолландия, Фаронса, Руссия, Молдова, Лаҳистон ва Ҳиндустон сафарҳои ҳунарӣ карда, санъати баланди миллии тоҷиконро муаррифӣ намудааст.
Ҳоло дар ҳайати Ганҷина 34 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 198.
Муаллиф: М. Ғаниев
Дар бораи Ансамбли Ганҷина дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавон хонд:
Абдураҳмонов, Ҳ. Меҳре нишаст бар дил: Мусохиба бо баранда ва корсози ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон перомуни масъалаи доғи рўз // Ҷумҳурият. – 1992. – 12 сентябр.
Забиров, А. Дили ў ганҷинаи маонист: Дар бораи баранда ва корсозу ташкилотчии ансамбли Ганҷина Ҳасан Абдураҳмонов // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 3 июн.
Сафаров, Ҷ. Ишқ шикасту: Мусоҳиба бо овозхони шинохта, сарвари ансамбли Ганҷина Ҷумахон Сафаров // Оила. – 2009. – 7 декабр.
Шерхон, У. Ганҷи ороста: Роҷеъ ба фаъолияти ҳунарии овозхони дастаи ҳунарии Ғанҷина Чилахон Холов // Ҷумҳурият. – 2014. – 1 май.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ