Шарқшинос Сергей Соколов
Нашр шуд 2018-06-11 18:36
Сергей Соколов аз ҷумлаи шахсонест, ки дар эроншиносӣ хизматҳои шоиста кардааст. Ва як самти муҳими кори вай шинохт ва муаррифии Авасто барои мардуми славянинажод буд. Вай забонҳои форсӣ ва арабиро хуб медонист, солҳо дар Миср ва Сурия тарҷумон ҳам будааст.
Соколов Сергей Николаевич 8 июни соли 1923 дар деҳаи Озеровои уезди Тихвини губ.Черновец, ҳозира райони Тихвини вилояти Ленинград, шарқшинос – эроншиноси советӣ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои (1941- 1945). Соли 1953 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст.
Аз соли 1956 муаллими факултети шарқшиносии Универститети давлатии Ленинград. Тарҷумон дар Сурия (1956) ва Миср (1958). Дар УДТ аз таърихи забон дарс гуфтааст.
Тадқиқоти Соколов ба омўзиши забонҳои гуногуни эронӣ – забонҳои ғарбии эронӣ – забонҳои ғарбии эронӣ (Инкишофи таърихии каузатив дар забонҳои ғарбии эронӣ, 1958), забони балуҷӣ («Очерки грамматикаи забони балуҷҳои Иттифоқи Советӣ», 1956) забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони авестоӣ (« Забони авестоӣ» , 1961; тарҷумаи англисиаш 1967) ва ғайра оиданд. Дар асари охирин фонетика, морфология ва синтаксиси забони авестоӣ ҳарҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Соколов муаллифи дастуре барои омӯзиши забони авестоӣ ба номи «Забони Авесто» (Л.. 1964) ва очерки мухтасари таърихи адабиёти Эрони Қадим (дар китоби «Краткая история литератур Ирина, Афганистана и Турции » Л, 1971) мебошад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе. –1987. – Ҷ.7. Иловаҳо.- С. 286.
Муаллиф: Осимӣ,М.
Аз Сергей Соколов дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метаовнед биххонед:
Соколов,С. Авестийский язык. – Москва: Вост. лит, 1961. –124 с.
Соколов,С., Сергей, А., Соколов, В. и др… Географический словарь. – Москва: Учпедгиз,1961. – 156 с.
Соколов,С. Язык авесты : Учебник пособие. – Ленинград, 1964. – 414с.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ