Бо рӯймол чӣ гуна мерақсанд?
Нашр шуд 2018-12-24 14:16
Дар асри XX дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурўҳии ин рақсро ба саҳна гузоштанд. Дар шакли гурўҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рўймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рўймол ин сў алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор тақсим мешаванд. Як қатор духтарон ба як зону мешинанд, раққосаҳои дигар қатор омада, гирди он онҳо давр зада, бо нишастагон ҷойҳоро иваз мекунанд.
Рақси «Рўймол»-ро таҳти садои доира, таблак, ё созҳои дигари мусиқии миллӣ занҳо иҷро мекунанд. Он рақси якка буда, дар тўю маъракаҳои оилавӣ, идҳои расмӣ ва халқӣ, базмҳо ва ғайра иҷро мегардад. Ин рақс зебогӣ, мавзунқоматӣ, ороиши эстетики занро тавассути ҳаракатҳои гуногуни мавзуни дастҳо, пайкар, мимикаи рўй таҷассум менамояд. Дар рақс иҷрокунанда дар як ҷо нишаста, рўймолрро гулдўзӣ карда, дар айни замон бо ҳаракатҳои зебои маҳин ва имову ишораҳои пур аз манӣ олами эҳсосоти ширину гуворои худро намоиш медиҳад. Ў ҳамин тавр рўймолро дўхта, аз хурсандӣ мерақсад ва ба ягон кас онро тўҳфа мекунад.
Дар варианти дигари ин рақс раққоса дар ҳар дасташ рўймолчаеро дорад. Ў майда-майда қадам мегузорад ва ба иҷрои ҳаракаҳои рақсӣ шурўъ мекунад. Раққоса бо навбат ҳар яке аз дастонашро боло бардошта, рўймолчаҳоробо банди даст ин сў тоб медиҳад. Ҳангоми истодан ў дасти чапро ба пушт мебарад ва дасти ростро боло бардошта, рўймолчаро меларзонад. Ҳамин ҳаракат бо дасти дигар низ такрор мешавад.
Дар асри XX дар санъати рақсии касбӣ ва ҳаваскорӣ намудҳои гуногуни ин рақс ба вуҷуд омаданд. Дар санъати ҳаваскорӣ устодон рақси якка, дунафара ва шакли гурўҳии ин рақсро ба саҳна гузоштанд. Дар шакли гурўҳии рақси мазкур дувоздаҳ духтар рўймолҳоро дар ду даст гирифта ба рақс мебароянд. Онҳо дастҳояшонро бо рўймол ин сў алвонҷ дода, ба пеш ҳаракат мекунанд. Раққосаҳо дар як саф истода ба ду қатор тақсим мешаванд. Як қатор духтарон ба як зону мешинанд, раққосаҳои дигар қатор омада, гирди он онҳо давр зада, бо нишастагон ҷойҳоро иваз мекунанд. Раққосаҳо баъди он дар саҳна ба тарзи нимдавра паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар раққоса аз байни духтарон гузашта, дар саҳна бо рўймол чарх мезананд. Ҳаракатҳои рақсӣ бо рўймолҳо гуногун мебошанд: рўймолҳоро ба боло, ба ду тараф гардонидан, нишон додани нақши гулдўзии рўймолҳо, бастани рўмолҳо дар сар, дар миён ва ғайра.
Дар асри XX рақс бо рўймол хеле машҳур гашт, онро беҳтарин раққосон дар тўйҳо, ҷашни Наврўз, маъракаҳои мардумӣ иҷро менамуданд.
Бозчоп аз “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”. – Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С.57.
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ