Ғабро (Тахаллус; ному насаби аслияш Мирзо Абдулкабир), шоири тоҷики асри 19. Дар Дарвоз ба камол расидааст. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Барои таҳсил ба Бухоро рафта, баъди хатми мадраса чанд муддат дар Қаротегин тўқсабо буд. Бо фармони амир Музаффар ба Чорҷўй бадарға шудааст.
Аз Ғабро девони ашъор иборат аз 1129 байт мерос мондааст, ки зери №1256 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар се варақи аввал (дебоча) шоир сабаби ба Чорҷўй афтоданаш ва таърихи навишта шудани девонашро баён намудааст.
Девони Ғабро аз анвои гуногуни адабӣ; 75 ғазал, 9 мухаммас, 1 қасида, 22 рубоӣ ва ду маснавӣ: “Хосияти таҳрику паришҳои аъзо” ё “Ихтиёротӣ бадеӣ”, “Ҳикояти се ҳаромзода ва як мирзо” иборат аст. Дар ашъори Ғабро воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замонаш иникос ёфтаанд. Ў ҷавру зулм ва беадолатиҳои Худоёрхон – хони Хўқанд, аз тарафи подшоҳи рус забт шудани Туркистонро ба тафсил баён намудааст. Мавзуъҳои ашъори Ғабро ишқ панду андарз, масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ мебошанд. Бештар ба Ҳофиз пайравӣ мекардааст:
Маҳи ман ба маҳфил имшаб зи чӣ белиқо нишаста,
Ба тариқи дилнавозӣ ба раҳи вафо нишаста.
На шикеб дар дили ман, на фароғате ба ҳолам,
Чӣ қиёмат аст, ё Раб, ба сари бало нишаст.
Манаму ҳамон балокаш, туиву ҳамон ситамгар,
Рухи ман ба хок доим, ту ба иззу ҷо нишста.
Бираву бигўй, қосид, зи дили ҳазин паёме,
Ба умеди руйи зебо ба раҳи шумо нишаста.
Ба саҳар машоми ҷонам зи чӣ тоза гашт, ё Раб,
Магар он, ки буйи дилбар ба рухи сабо нишаста.
Агар аз бақо биҷўйӣ, на хушию нест мастӣ,
Ба бисоти ҳастӣ, Ғабро, ба ҳаво ҳабо нишаста.
Муаллиф: С. Ализода.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 3-4.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.