Рустами “Шоҳнома” ва Рустамҳои дигар
Яке аз маъхазҳои бостонӣ оид ба Рустами достон деворнигораҳои Саразм аст. Дар он ҷо симои Рустам хеле бар гирифтор шудани паҳлавон Аврод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам бо Аржангдев, деви Сафедро куштани Рустам, хеле ҷолиб тасвир ёфтааст. Оид ба паҳлавонӣ, тавонмандӣ ва диловарии Рустам баъдҳо, дар садаҳои пеш аз вуруди ислом, дар осори мардуми эронитабор ба монанди «Ёдгори зарирон», «Дарахти асурик» ва ҳатто дар бозмондаҳои осори суғдии қадим низ ишоратҳо рафтааст. Симои Рустам дар осори таърихии забонҳои дигар, ба мисли арабӣ, низ роҳ ёфтааст.
Рустам, яке аз қаҳрамонҳои устура, афсона, достон ривоятҳои мардумӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Шоҳнома»-ҳои мансур ва ҳамосаҳои қаҳрамонию паҳлавонии мардуми ориёитабор аст. Рустам дар осори навиштории мардуми эронитабор ва ҳам фолклори онҳо яке аз симоҳои барҷаста буда, баъдан ба фолклор ва адабиёти кишварҳои дигар, ки зери таъсири фарҳанги ориёӣ буданд, низ гузаштааст. Устура ва афсонаҳои бисёре роҷеъ ба шахсияти Рустам аз замони бостон дар байни мардум будааст, ки баъдан он ба тавсирҳои рўйи санг, осори таърихӣ, навиштаҳои адибон роҳ ёфтааст. Минбаъд адибон ва ровиёни зиёд дар шоҳномаҳо, рустамномаҳо ва ҳамосаҳои дигар оид ба ин паҳлавони беназир устура, афсона, достон ва ривоят навиштаанду гуфтаанд. Тибқи маълумоти маъхазҳо роҷеъ ба Рустам чанд ҳазор сол пеш аз милод дар ҳамосаи мардуми сакоии Сиистону Зобул ишоратҳо будааст. Мувофиқи навиштаи таърихнигорон таҳти унвони «Сакасарон» (Сарони сакоиҳо) сакоиҳо китобе доштаанд, ки дар он роҷеъ ба паҳлавонон низ устураву ҳамосаҳо будааст. Оид ба номи ин китоб дар навиштаҳои муаллифони асрҳои 9–10 маълумот ҳаст, ки дар ин асар дар бораи Рустам низ ишоратҳо будааст.
Яке аз маъхазҳои бостонӣ оид ба Рустами достон деворнигораҳои Саразм аст. Дар он ҷо симои Рустам хеле бар гирифтор шудани паҳлавон Аврод ба дасти Рустам, ҷанги Рустам бо Аржангдев, деви Сафедро куштани Рустам, хеле ҷолиб тасвир ёфтааст. Оид ба паҳлавонӣ, тавонмандӣ ва диловарии Рустам баъдҳо, дар садаҳои пеш аз вуруди ислом, дар осори мардуми эронитабор ба монанди «Ёдгори зарирон», «Дарахти асурик» ва ҳатто дар бозмондаҳои осори суғдии қадим низ ишоратҳо рафтааст. Симои Рустам дар осори таърихии забонҳои дигар, ба мисли арабӣ, низ роҳ ёфтааст.
То «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ симои Рустам дар байни мардум ва осори навишторӣ маълуму машҳур будааст. Фирдавсӣ ҳангоми навиштани «Шоҳнома» ба ин ду асар такя намудааст, ки худ низ бар он ишорат кардааст:
Суханҳои Рустам ба ною ба руд
Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.
Симои Рустами мардумӣ дар миёни тамоми мардумони эронитабор ва халқҳои ҳамсояе, ки ин фарҳанги воло ба онҳо таъсир расонида аст (курдҳо, паштуҳо, балучҳо, ўзбекҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва халқҳои дигар), бо ҳамон паҳлавонию қаҳрамониаш ва ҳамчун паҳлавони мағлубнашаванда дида мешавад.
Аввалин китобе, ки аз миёни мардум гирдоварӣ шуд ва дар бораи «Шоҳнома» ва худи Фирдавсӣ ба вуҷуд омад, «Фирдавсинома» - Инҷуи Шерозӣ (Теҳрон, 1369 ҳ. ш.) мебошад. Дар ҷилди дувуми он, ки «Мардум ва «Шоҳнома» ном дорад, бахши ҷудогонае зери унвони «Рустам» омадааст. Ҳар чизе, ки мардуми ҳамзабони эронии мо дар бораи Рустам гуфтаанд, дар ин бахш оварда шудааст. Маҷмўаи дигаре, ки бо таҳияи Б. Шермуҳаммадиён ва Д. Обидзода зери унвони «Қиссаҳо пиромуни Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои «Шоҳнома» (Д. 1996) нашр гаштааст, низ чанд ривоятро аз байни тоҷикон дар бораи Рустам дар бар мегирад.
Тоҷикон Рустамро ба ҳайси қарамони миллӣ дӯст медоранд. Гуфтаҳои мардуми тоҷикро нисбат ба Рустам, метавон ба чанд бахш ҷудо кард.
Аввал, роҷеъ ба Рустам афсонаҳо ва ривоятҳое, ҳастанд, ки аз «Шоҳнома» дар байни мардум густариш ёфтаанд ва мардум ҳамчун муҳаббат ба Рустам онҳоро ҳикоят мекунанд. Дар афсона, достон ва ривоятҳои «Рустам ва Зол», «Рустами Достон», «Рустам ва Суҳроб», «Рустам ва девҳо», «Рустам ва Исфандиёр» ва амсоли ин симои Рустам ҳамчун паҳлавони бузурги миллӣ ҷилвагар шуда, шахсияти ў аз дигар шоҳону паҳлавонон болотар гузошта мешавад. Масалан, дар афсонаи «Рустами Достон» Искандар ба сари қабри Рустам меояд ва бевафоии дунёро дониста, аз маблағи хазинаи зери қабри Рустам, ки ба даст меорад, кишварҳои дигарро обод месозад.
Дуввум, дар миёни тоҷикон зарбулмасалҳо, таъбирҳои ба мисли «Рустам – растам», «Овозаи Рустам беҳ аз Рустам»; ривоятҳои асотирӣ ба монанди «Қамчини Рустам», «Пиёлаи Рустам», «Косаи Рустам», «Афсўси Рустам», «Рустамбек», «Рустам ва дарди шабушк», «Рустам ва ҳазрати Алӣ», «Кори рустамона», «Рустам ба ҷаҳон як бор меояд», «Рустами тилисмшикан», «Ҷанги Рустам бо Деви Сафед», «Дар сари қабри Рустам» ва монанди ин низ мавҷуданд, ки дар онҳо муҳаббати мардум ба Рустам инъикос ёфтааст. Тавассути ин ривоятҳо мардум ба вуҷуд доштани Рустами асотирӣ бовар доранд.
Севвум, ҳеҷ ноҳия ё ҳатто деҳаи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ нест, ки дар он ҷо номи фарзанди касе Рустам набошад. Тоҷикон аз замонҳои бостон то имрўз бо номи Рустам ифтихор доранд.
Достони «Рустам ва Барзу» (бо номҳои «Барзуи деҳқон», «Достони Барзу») дар байни тоҷикон дар асри 18 ва авали асри 20 хеле машҳур будааст ва имрўзҳо низ дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна дар ёди мардум боқӣ мондааст. Агарчи ин достон аз «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ нест, мардум онро идомаи «Шоҳнома» медонанд ва симои Рустам дар ин достон хеле бо муҳаббат тасвир шудааст. Дар ин достон Рустам набераи худ Барзуро намекушад, балки ўро пайдо карда, кишварҳоро ба якдигар созиш медиҳад.
Яке аз намоишҳои бисёр ҷолибе, ки дар замонҳои гузашта асосан дар ҷашни тўйи хатна ва гоҳе ба шакли бозсозишуда дар ҷашни арўсӣ баргузор мегардид, намоиши «Корвони Рустам» аст. Баъзе шахсони сарватманд ин намоишро дар тўйи худ барпо менамуданд. Ин намоиш дар Хуҷанд (бахусус деҳаи Қистакўз), Конибодом, Истаравшан, Ғончӣ (Деваштич), Исфара ва минтақаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Миёна баргузор мешудааст.
Симои Рустам дар байни тоҷикон хеле машҳур аст. Солҳои пеш дар баъзе ҷойҳо пеш аз шурўи кор «Ё мадад, Рустам!», «Рустам, мадад кун», «Дасти ман не, дасти Рустам» мегуфтанд. Ҳангоми баҳорон пас аз борон дар осмон рангинкамон мебарояд, ки онро мардуми тоҷик «Камони Рустам» мегўянд.
Бозчоп аз “Донишномаи Фарҳанги мардуми тоҷик”. – Душанбе: 2017. – Ҷ. 2. – С. 266-268.
Муаллиф: Р. Раҳмонӣ
Дар Китобхонаи миллӣ ба ҷуз “Шоҳнома” дар бораи Рустам боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Фирдавсӣ, А. Достони Рустам бо Комуси Кашонӣ. Порчаҳо аз “Шоҳнома”. – Сталинобод, Нашрдавтоҷик. – 1944. – 67 с.
Фирдавсӣ, А. Куштани Рустам деви Сапедро “Аз Шоҳнома”. – Душанбе: Адиб, 1991. – 22 с.
Фирдавсӣ, А. Ҷанги Рустам бо Исфандиёр: Порчае аз “Шоҳнома” // Тоҷикистон. – 1959. – №5. – С. 14-15.
Таҳияи Фирӯза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.