Activities calendar

15 июля 2019

ТАФРЕҲ: Ғазале аз Фарзона

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,

Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам.

                                 ***

Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,

Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам.

 

Ҷамъбасти шаш моҳи фаъолияти Китобхонаи миллӣ

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 17 844 нусха адабиёт ба маблағи умумии 221 532,96 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид карда шуда, мавриди коркард қарор гирифт. Ба захираи умумии Китобхона 13 694 нусха ба маблағи умумии 188 499,96 сомонӣ ворид карда шуд. Дар ин бора ахиран Директори Китобхонаи миллӣ Абдусалом Мирализода зимни