Суҳбати зер бо бону Гулрухсор, ёдест аз Лоиқ. Бузургворе, ки бе номаш наметавон шеъри ним асри ахири тоҷикро таҳлил кард. Касе мисли Гулрухсор наметавонад Лоиқро барои ин миллат аз шеъраш, аз хулқу рафтори наҷибонааш, аз инсонияташ, аз ҷавонмардиву садоқаташ шиносонад. Лоиқ инсоне буд, ки ҳар ҳарфаш омўзанда аст. Гумон аст шеъри каси дигар ба ҳадди маъруфияти шеъри Лоиқ ҳаддақал барои як асри оянда миёни