Карл Залеман мутахассиси забони форсии миёна

Залеман  Карл Германович 28 декабри соли 1849 (9 январи соли 1950) дар Ревел, ҳозира Таллин, Эстония ба дунё омада ва  30.11.1916 (13 декабр) дар Петербург аз олам гузаштааст. Ховаршиноси рус, «яке аз барҷастатарин эроншиносони Аврупо» (В.В. Бартолд), академики АИ Петербург (1895), проффесори Донишгоҳи Петербург, директори Музейи Осиё (1890), директори  шуъбаи дуюми китобхонаи  Академия (1890).

Мактаби миёнаро дар шаҳри Равел хатм намудааст. Солҳои  (1867 – 71)  донишҷўи гурўҳи забонҳои арабӣ-туркӣ-тотории факултаи забонҳои шарқи донишгоҳи Петербург буд. 

Залеман ба ғайр аз фанҳои асосии таълимӣ дар дарсҳои донишмандони машҳур К. А. Коссович, К. П. Патканов иштирок карда, забонҳои ҳиндии қадим, авестоӣ ва арманиро омўхтааст. Аввалин асари илмиро Залеман («Оид ба таркиб ва флексияи феъли забони осетинӣ») дар солҳои донишҷўӣ (1871) таълиф кардааст.

Залеман таҳқиқи анъанаи луғатнависии форсиро «яке аз наҷибтарин масъалаҳои филологияи эронӣ»  шуморидааст. Вай рўйхати фарҳангҳои машҳур ва номаълумро тартиб додааст. Яке аз қадимтарин фарҳангҳо «Меъёри Ҷамол»-и Шамси Фахрӣ (1887) ва асари луғатнавис Абдулқодири Бағдодӣ («Луғати «Шоҳнома»)- ро чоп кардааст.

Яке аз соҳаҳои муҳими фаъолияти илмии Залеман омўзиши забонҳои эронии миёна мебошад. Ба қалами ў  асари «Грамматикаи забони форсии миёна» (1962) тааллуқ дорад, ки кунун аҳамияти илмиашро гум накардааст.

Залеман дар бораи ҳуҷҷатҳои ба забонҳои гуногуни шарқии эронӣ навишташуда, ки дар Туркистони Чин кашф шудаанд, як силсила мақола таълиф намудааст. Ба ғайр аз матни интиқодии осори забонҳои давраи миёнаи эрониро бо замимаи луғату тавзеҳот ва очерки мухтасари грамматикӣ дар китоби «Омўзиши матнҳои монавӣ» (1908) нашр кардааст. Ҳангоми сафараш ба Осиёи Марказӣ (1897 – 1908) оид ба забони шуғнонӣ мавод ҷамъ оварда, таркиби овозии онро таҳқиқ намуд.

Умдатарин хусусиятҳои сарфу наҳви забони шуғнониро ошкор карда, як миқдор луғат, афсона ва сурудҳои ба ин забон эҷодшударо навиштааст. Нахустин маълумоти комилан илмиро оид ба забони яғнобӣ низ Залеман додааст. Вай бори аввал аз ду шева иборат будани ин забонро тайин кард. Бисёр асарҳои барои нашр таҳияшудаи Залеман, навиштаҳо ва маводи пурарзиши забонҳои помирӣ, яғнобӣ, осетинӣ ва забонҳои дигари эронӣ дар бойгонии ў маҳфузанд. Залеман бунёдгузори мактаби илмии эронишиносӣ буд.

Олимони маъруфи рус А. А. Жуковский, С. Ф. Олденбург, А. А. Ромаскевич, А. А. Фрейман, И. И. Зарубин, С. М. Андреев ва дигарон намояндагони ин мактаб мебошанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 617-618.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Залеман боз ин матлабро ҳам метавон хонд:

Бартольд, В. В. Карл Германович Залеман. – Петроград: Типография акдемия и наук, 1979 . – 22 с.

Таҳияи Марзия Зардодхонова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.