27-уми июни соли 2017 Ӯлмас Ҷамол-дар синни 84-солагӣ шоире, ки бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ шеър менавишт аз олам даргузашт.
Ӯлмас Ҷамол 17-уми майи соли 1934 дар ҳаҳри Ургути Самарқанд дида ба олам кушодааст. Баъди итмоми синфи дуюм волидонаш ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд ва Ӯлмас мактаби миёнаро дар пойтахти давлати тоҷикон бо медали биринҷӣ хатм кардааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло ба анҷом расондааст.
Солҳои аввали баъди хатми донишгоҳ муаллимӣ кардааст ва баъди он пешаи рӯзноманигориро пазируфтаву дар нашрияи ноҳиявии “Регар” котиби масъул кор кардааст. Муддати дигар дар бахши ӯзбекии радиои ҷумҳуриявӣ фаъолият доштааст.
Аз соли 1964 то расидан ба синни нафақа дар рӯзномаи ҳизбии "Совет Тоҷикистони" (ҳоло «Халқ овози») кор кардааст.
Ӯлмас Ҷамол, ки бо ду забон ва шеърҳои омехта менавишт, ашъораш дар Душанбеву Тошканд чоп мешуданд. Аз ӯ китобҳои зерин мерос монданд: "Чашмаи муҳаббат" (соли 1969), "Гӯш ба дил" (соли 1973), "Даъват ба дуродур" (соли 1978), "Дар васфи Офтоб" (соли 1980), "Фасли накукорӣ" (соли 1984), "Эҳсос" (соли 1985), "Ситораи орзу" (соли 1988), "Гули ороста" (соли 1988), "Дӯстнома" (соли 2001), "Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт" (соли 2002), "Сарҳисоб" (соли 2002), "Як нигоҳ" (соли 2002).
Аввалину охирин китобаш бо замони русӣ соли 1986 бо номи “Писари Офтоб” дар Маскав чоп шудааст.
Ӯлмас Ҷамол шеърҳоеро аз адибони тоҷик, аз ҷумла аз Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Қутбӣ Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, Меҳмон Бахтӣ тарҷума ва чоп кардааст.
Хизматҳояш дар рушди адабиёт бо ордени "Дӯстӣ" (соли 1999) қадр шудааст. Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз Ӯлмас Ҷамол ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонед бихонед:
Ҷамол У. Як нигоҳ, Душанбе: “Адиб”, 2002
Ҷамол Ӯ. Фахр; Турнаҳо:. Шеърҳо. Тарҷумаи М.Шоҳзода. Комсомоли Тоҷикистон-1974, 26 ноябр
Ҷамол У. Сарват; Дунё шавед: Шеърҳо. Ҳақиқати Ӯзбекистон, 1983, 25 август.
Ҷамол У. Айёми пирӣ. Шеър, Ҷумҳурият, 1993, 20-21 май
Ҷамол У. Ҷойе, ки зан нест, равшанӣ ҳам нест. Андешаи шоир перомуни мавқеъи зан дар ҷамъият. Таҳияи Н.Алиева, Тоҷикистон, 1994, 4 март.
Ҷамол У. Мо ҳамхонаем, Айёми пирӣ: Ғазалҳо. Тоҷикистон-1994, 12 август.
Ҷамол У. Бозсозӣ; Намефорад сухан; Чакомаҳо: Шеърҳо, тарҷумаи Аслам Адҳам. Адабиёт ва санъат, 1994-№ 16-17, 7 июл.
Ҷамол У. Модарам: Шеър. Тарҷумаи Ҷонибек Қувноқ, Ҷумҳурият 1993- 10 ноябр.
Ҷамол У. Дастовардҳоро набояд инкор кард: Дӯстии ду халқ, тоҷикону узбекон. Комсомоли Тоҷикистон, 1989, № 5
Таҳияи Дилором Сайдамирова,
корманди Шуъбаи библиографияи миллӣ