Ба истиқболи Рӯзи Ғалаба. Адибони ҷанговар: Сотим Улуғзода

Аз ҷумлаи маъруфтрин адибони садаи бист аст. Ва ҳамзамон аз ҷумла озордидадтрин удабои ин қарни тоҷик аст.  Зарбаҳои ҷонсӯзе аз низоме хӯрда, ки умре аз он пуштибонӣ мекард. Адибе, ки рафтани фарзандашро хиёнат ба худу Ватану миллаташ қаламдод накард ва то охир ба қарзи падарии худ содиқ монд. Ҳама фишорҳоро таҳаммул кард, вале аз фарзанд рӯ нагардонд.
Дар ғарибӣ ҷон ба ҷонофаринаш таслим кард, вале чун ҳамеша бо ёди Ватан буд, дар Душанбеи азизаш хонаи охират ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон нагузошт, ки ин фарзанди гиромии Ватан ғарибхок шавад.       

Сухан аз Сотим Улуғзод аст ва гумон мекунем хуб ҳам шуд, ки дар остонаи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ӯ хостем ёд кунем, зеро аз ҷумлаи адибоди ҷанговар ҳам буд, муддати бештар аз се сол дар ҷабҳа қарор дошт, аммо ҳамон замон ҳам бори сангини сухан мекашид.
Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар парваришгоҳи Чуст гирифтааст. Соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм карда, дар ҳамон ҷо омўзгорӣ кардааст. Соли 1930 ба Душанбе меояд ва котиби масъули рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони сурх», котиби масъули Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мешавад. Соли 1940 ба аспирантураи Донишгоҳи адабии Горький (Маскав) меравад.
Оғози ҷанг бо фашизми Олмон ӯро низ қатори садҳо ҳазор нафар ба ҷабҳа кашид. Аз соли  1941 то  тобистони 1944 дар ҷанг буд ва бахши тоҷикӣ ва узбекии  рӯзномаи шоири рус А.Твардовскийро омода мекард. Ин як нашрияи ҷангӣ буд, ки аз ҳаёти сарбозони Ватан дар ҷабаҳоти ҷанг ва корномаҳои сокинон дар ақибгоҳ ҳикоят менамуд.

Профессор Худойназар Асозода менависад, ки ба таври ногаҳонӣ соли 1944 ӯро аз ҷабҳа ба ақибгоҳ мехонанд ва ин кор бо ташаббуси Котиби идеологии ҲК Тоҷикистон  Бобоҷон Ғафуров сурат мегирад. То ҳол касе аз андешамандон ва ҳатто худи адиби маъруф дар ин бора изҳори назар накардаанд ва нагуфтаанд, ки сабаби бозпас хондани ӯ чӣ буда. Аммо профессор Асозода ҳадс мезанад, ки шояд Бобоҷон Ғафуров нахост, ки Улуғзода низ чун Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода ва Ҳаким Карим дар ин ҷанг кушта шавад.    

Баъди бозгашт муддати ду сол Раиси Иттифоқи нависандагои Тоҷикистон буд, вале боз ҳам бо сабабҳои то имрӯз номаълум баъди ду сол аз вазифа барканор мешавад ва ба ҷойи ӯ Мирзо Турсунзода таъин мегардад.

Сотим Улуғзода аз соли 1951 узви вобастаи АУ Тоҷикистон буд. Солҳои 30-юми асри ХХ  мақолаҳои илмиаш роҷеъ ба масоили адабиёти гузашта ва имрўз  ба чоп мерасиданд. Дар таҳия ва нашри «Анталогияи адабиёти тоҷик» (1940) ў иштирок дошт. Ҳамон солҳо ба эҷоди драма шуғл меварзад ва пйесаҳои «Шодмон» (соли 1939), «Калтакдорони сурх» (соли 1940) маҳсули эҷодиёти Улуғзода дар он солҳо буданд.

Аммо баъдан ҳам асарҳои зиёди саҳнавӣ офарид, ки пйесаҳои «Дар оташ» (1944), «Рўдакӣ» (1958), «Гавҳари шабчироғ» (1962), «Темурмалик» (1968), «Аллома Адҳам ва дигарон» (1970), «Восеъ» (1971), «Табиби ҳозиқ» (1980) аз ин қабиланд ва онҳо дар театрҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Боку, Бишкек рўи саҳнаро дидаанд.

Сотим Улуғзода филмноманависӣ ҳам кардаст ва аз рӯйи асарҳои ӯ чандин филмҳо бардошта шудаанд. Чунончӣ, филмномаҳои  «Ҷавонии Сино» (Ўзбекфилм, 1956), «Қисмати шоир» (Тоҷикфилм, 1957) ба қалами ў тааллуқ доранд. «Қисмати шоир» баъд дар фестивали филмҳои  Осиё ва Африқо (1960) ба дарёфти ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» сарфароз мегардад.             

Сотим Улуғзода дар насри бадеи устоди воқеист. Фаъолияти нависандагии ў аз повести «Ёрони боҳиммат» (1974), оғоз меёбад. Баъдан романи «Навобод» (1953) бо номи «Диёри навобод», повести «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967) ва «Фирдавсӣ» (1988), повести «Ривояти суғдӣ» (1987) эҷод шудаанд.

Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Ҷумҳурии исломии Эрон мушарраф гардид.

Устод Улуғзода дар тарҷумаи осори Л. Войнич «Ғурмагас» (1931-1981), Н. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), Голдони «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А. Островский «Гунаҳкори бегуноҳ» (1945), М. Горький «Модар» (1953), В. Шекспир «Ҳамлет» (1970), Молйер «Табиби зўракӣ» (1972), Д. Сервантес «Дон Кихот», Шарль де Костер «Тил Уленшпигел» (1975) маҳорати фавқулодда зоҳир кардааст.

Аз рўи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи насрии «Достонҳои Шоҳнома»-ро солҳои 1976-77 офаридааст.

Сотим Улуғзода баъди фирори писараш Азиз ба Британияи Кабир ва паноҳанда шуданаш бори сангини надомати ҳамкасбону ҳамҳизбонашро кашид. Болояш фишори сахт оварданд. Аз ҳизб ихроҷ карданд, аз ӯ талаб намуданд, ки расман писарашро оқ кунад. Вале Сотим Улуғзода ин корро накард, вай ин ҳама фишорро таҳаммул намуд, азияти руҳӣ кашид, вале аз баҳри писар нагузашт.

Аммо профессор Худойназар Асозода бо овардани матни як нома аз бойгонии адиб менависад, ки Улуғзода замоне унвонии писаш Азиз нома навиштаву ӯро оқ ҳам кардааст. Вале номаро нафиристод, дар бойгонии худ онро нигоҳ дошт.

Баъди ирн фишор болои адиб афзуд, дигар касе суроғаш намекард, дар чорабиниҳо кам даъват мешуд, китобҳояшро ба мушкил мекарданд.  Аммо ӯ аз кори эҷод канор нарафт ва машҳуртарин повесту романҳояш маҳз ҳамин солҳои гӯшагирӣ аз ҷомеа рӯйи кор омаданд.

Соли 1988 ӯро дубора ба ҳизб барқарор карданд, аммо ин замоне буд, ки Улуғзода дигар он нависандаи неруманд набуд. Бемориҳо ӯро абгор мекарданд.

Соли 1991 хостанд 80-солагии зодрӯзашро таҷлил кунанд, вале нахост. Чун посухи рад дод, дигар ҳатто бо дастагуле табрикаш накарданд. Бо хоҳиши худаш ин санаро дар хонаи Ҷалолхон, ягона хеши боқимондаи модариаш бо ҳузури ҳудудан 50 нафар оромонаву бидуни дағдаға қайд карданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба руҳияи адиб асар гузошт. Моҳи декабри соли соли 1992 хонаашро фурӯхта, муқими Маскав шуд. Ин замоне буд, ки адиби маъруф аз беморӣ ранҷ мебурд, дасти росташ фалаҷ шудаву аз кор монда буд. Аммо охирҳои умр пайваста ёди Тоҷикистон мекард ва такрор ба такрор мегуфт, ки “маро зудтар ба Тоҷикистон баред”. Парасторонаш дар дами пирӣ ҳамсараш Любов Андреевна ва пис араш Зариф буданд.

25-уми июн адиби шинохта дар Маскав аз олам даргузашт. Ҳукумати Тоҷикистон ҳама корро анҷом дод, то Сотим Улуғзода дар шаҳри дӯстдоштааш Душанбе манзили охират ёбад. Ӯро ба Душанбе оварданд, рӯзи 29-уми июн маросими видоъ бо адиби маъруф дар театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ баргузор шуд ва худи ҳамон рӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.
Сотим Улуғзода Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон буд.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи Нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Хонандагони арҷманд дар Китобхонаи миллӣ аз Сотим Улуғзода ва дар бораи ӯ метавонанд ин асарҳо ва мақолаҳоро суроғ ва мутолиа намоянд:

                                                      Аз осори адиб                                                         

Ёрони боҳиммат: Қисса. - Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1947. – 105 с.

Диёри Навобод: Роман /Қисми 1. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1949. – 169 с.

Субҳи ҷавонии мо: Роман. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1956. – 362 с.

Аввали тирамоҳ: Аз романи «Навобод» // Чор фасл. – Душанбе. – 1964. – С. 58-59.

Пагоҳи баҳор: Аз романи «Навобод» // Чор фасл. – Душанбе. – 1964. – С. 33.

Навобод: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1976. – Ҷ. 4. – 367 с.

Восеъ: Роман. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 367 с.

Пири ҳакимони Машриқзамин: Ҳаёт ва мероси илмию адабии Абуалӣ ибни Сино / Барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1980. – 197 с.

Мунтахабот / Иборат аз 2 ҷилд. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 432 с.

Достони «Шоҳнома»:   Барои бачагони синни калони мактабӣ. – Душанбе: Маориф, 1986. – 480 с.

Ривояти суғдӣ: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1987. – 304 с.

Фирдавсӣ: Роман. – Душанбе: Адиб, 1991. – 256 с.

Тарҷумаҳои Улуғзода:

 Гиромӣ, Ҷ. Ишқ дар завқу ақл дар найранг: Шеър //Занҷири гусаста. – Душанбе. – 1968. – С. 67.

Ҷоландорӣ, Ҳ. Тоҷикистон: Шеър // Занҷири гусаста. – Душанбе. – 1968. – С. 15-16.

Тоборӣ, Э. Савганд; Қитъа: Шеърҳо // Занҷири гусаста. – Душанбе. – 1968. – С. 106-107.

Войнич, Э. Л. Ғурмагас: Роман. –  Душанбе: Маориф, 1982. – 317 с.

Горький, А. М. Модар: Аз силсилаи «Афсонаҳои итолиёвӣ». – Душанбе: Маориф, 1983. – 16 с.

Ҷабаев, Ҷ. Ба Лоҳутӣ: Шеър // Китоби дўстӣ: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе. – 1989. – С. 247-248.

Дар бораи Сотим Улуғзода:

Сотим Улуғзода: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти нависанда // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С. 232-236.

Сотим Улуғзода: Дар бораи ҳаёт ва фаъолият // ЭСТ. – Душанбе, 1987. – Ҷ.7. – С. 481-483.

Сотим Улуғзода: Оиди ҳаёт ва эҷодиёт // Адибони Тоҷикистон. –  Душанбе: Адиб, 2003. –  С. 559-560.

Сотим Улуғзода: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолият // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. –  Душанбе. –  2004. –  Ҷ.3. –  С. 243-245.

Икромӣ, Ҷ. Дўсти деринаи ман: Хотираҳо дар бораи Сотим Улуғзода // Тоҷикистон. – 1961. – № 9. –С. 19.

Раҳимӣ, М. Ба Сотим Улуғзода: Шеър // Раҳимӣ, М. Ашъори мунтахаб. – Душанбе. – 1980. – Ҷ. 2. – С. 215.

Демидчик, Л., Шукуров, М., Меҳри зиндагӣ ва инсон: Дар бораи фаъолияти эҷодии С. Улуғзода // Садои Шарқ. – 1981. – № 8. – С. 129-142.

Ҳошим, Р. Устоди сухан: Дар бораи нависанда С. Улуғзода // Машъал. – 1986. – № 9. – С. 4.

Ҳабиб, П. Муборак бод: Шеър ба ифтихори соҳиби ҷоизаи «Китоби сол» - и Эрон гардидани устод С. Улуғзода // Садои мардум. – 1997. – 19 феврал.

Чориев, А. Чеҳраҳои фарҳангии асри Сомонӣ дар драматургияи Сотим Улуғзода // Адаб. – 2000. – № 2. – С. 12.

 

Бо истифода аз маводҳои
энсиклопедӣ таҳияи
Наргис ВАЛИЕВА ва
Ҳусния  НАЗАРОВА,
кормандони шуъбаи
библиографияи миллӣ