Профессор Бурҳониддин Баҳоваддинов
Нашр шуд 2017-08-11 18:57
Бурҳониддин Баҳоваддинов 4 – уми августи соли 1953, дар шаҳраки Ашти ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Доктори илми тиб (2000), професор (2001).
Соли 1976 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Ибни Синоро хатм кардааст.
Фаъолияти кориаш аз фелдшерӣ ва духтурӣ дар беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе (1976-1978) сор шудааст. Солҳои 1978-1980 дар ҳамин бемористон духтури ҷарроҳ, анестезиолог ва реаниматолог кор кардааст. Мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон (солҳои 1980-1983), сардухтури Бунгоҳи хунгузаронии вилояти Қурғонтеппа (солҳои 1983-1990), ҷонишини якуми сардори Раёсати тандурустии Комиҷроияи вилояти Қурғонтеппа (солҳои 1990-1992), сармутахассис (ҷароҳ)-и Саридораи ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолии Вазорати тандурустии ҶТ (солҳои 1992-1996) будааст.
Аз соли 1996 вазифаи директори Марказии илмии ҷумҳуриявии хунро адо намудаст.
Бобати такмили фаъолияти муассисаҳои хун дар шароити нави иҷтимоию иқтисодӣ таҳқиқот анҷом додаст. Муаллифи беш аз 180 асару мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои ташкили хадамоти хун, таъмини бехатарии сироят ва иммунологии хунгузаронӣ, беҳтар намудани сифати маводи хун, такомули барномаи муолиҷаи трансфузиологии беморони гуногун мебошад.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи ДДТТ ба номи Ибни Сино. – Душанбе. – 2009. – С. 242.
Дар Китобхонаи миллӣ аз ин олими машҳур ин асарҳоро метавонед бихонед:
Совершенствование деятельности учреждений службы крови Таджикистана в новых социально-экономических условиях:
Дисс… доктора мед. Наук. – Санкт Петербург, 2000.
Состояние, задачи перспективы службы крови страны. – Д., 2000.
Геморрагический синдром и его осложнения у родильниц с гестозами. – Д., 2001.
Таҳияи Саодат Қодирова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ