Аввали соли равон ба зодрӯзи Шамсӣ Қиём, яке аз устураҳои санъату ҳунари тоҷик сад сол пур шуд. Вай бист сол пеш ҷамъи моро тарк гуфта буд. Бо гузашти солҳо ҳамоно театрҳои кишвар намоишномаҳои ӯро рӯйи саҳна меоранд. Ҳамоно филмҳояш зиндаанду аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамоно хотироти некаш дар қалби даҳҳо шогирдонаш боқист ва сари чанд вақте дар матбуот аз ӯ ёд мекунанд. Мардони ҳунар намирандаанд.
Шамсӣ Қиём - ҳунарманд, коргардон, драматург, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов 1-уми январи соли 1920 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1941 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ш. Маскавро ба поин оварда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.
Солҳои 1956-1978 коргардони студияи “Тоҷикфилм”, саркоргардони Телевизиони тоҷик, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии ҷавонон буд.
Аз соли 1978 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дарс додааст. Дар саҳнаи театр зиёда аз чил нақш офаридааст. Муаллифи спектаклҳои «Тўфон», «Субҳи Ҳисор», «Ҷарима якуним танга», «Эраҷ паҳлавон», «Садои дил», «Саҳифаҳои ҳаёт», «Зол ва Рудоба», «Дил-дили Зайнаб» (ҳаммуаллиф) , «Ҳодӣ ва Шодӣ» ва ғайраҳо мебошад. Сенарияҳои филмҳои бадеии «Вақти зангирии писарам расид», «Чароғ дар кўҳсор»-ро навишта, либреттои балетҳои «Писари Ватан», «Се нозанини Шарқ», «Баҳори Бадахшон» - ро эҷод кардааст.
Қариб дар ҳамаи театрҳои касбии ҷумҳурӣ намоишҳо таҳия намуда, аз маҳораташ Театри «Кобул-Нандорӣ» (Афғонистон), Театри драмаи Ҷиззах (Узбекситон) баҳра бурдаанд.
Коргардони филмҳои бадеии тоҷикии «Дўсти ман Наврўзов», «Амалиёти «Кубро», «Рангҳои сол» мебошад.
Бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалу ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
17 январи соли 2000 аз олам чашм пўшид.
Бозчоп аз Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. – 2019. – С. 77.
Аз Шамсӣ Қиём ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ боз ин матолбро ҳам метавонед бихонед:
Дид дили Зайнаб / Ш. Қиёмов. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 208 с.
Аз бало ҳазар / Ш. Қиёмов. – Душанбе: Адиб, 1987. – 176 с.
Духтари ҷасур: Песаҳо. – Душанбе: Адиб, 1990. – 128 с.
Барои комёбиҳои нав: Доир ба киностудияи Тоҷикфилм // Маориф ва маданият. – 1963. – 28 феврал.
Соҳилҳои сангин: Драма иборат аз се парда ва ҳашт намоиш // Садои Шарқ. – 1965. – №2. – С. 28-65.
Дар бораи ҳунарманд
Ба муносибати 50-солагии рўзи таваллуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов // Тақвими ҷашн ва санаҳои РСС Тоҷикистон барои соли 1970. – Душанбе, 1970. – С. 14-16.
Олимов, К. Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон // Дубляж ва артистони кино. – Душанбе. – 1972. – С. 38.
Сафар, С. Марди ҳунар: Бахшида ба 70-солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсӣ Қиём // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 14 декабр.
Хол, М. Бақои умр: Дар бораи фаъолияти кори актёр, режиссёр ва драматург Шамсӣ Қиёмов // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 20 декабр.
Сафар, С. Чароғи ҳунар: Аз рўзгори ҳунарпешаи маъруфи ҷумҳурӣ, режиссёр Шамсӣ Қиёмов // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 25 феврал.
Раҳмонқулов, А. Корвони пурбор аз матои меҳр: Оиди кор ва фаъолияти актёр, режиссёр, драматурги тоҷик Шамсӣ қиёмов // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 21 апрел.
Қодир, О. Ба Шамсӣ Қиёмов чил ҳунар кам аст: Дар бораи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов // Чархи гардун. – 2017. – 25 январ.
Қодир, О. Шамси ҳунар: Шамъи хотира аз Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсӣ Қиёмов // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 26 январ.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.