Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ
Нашр шуд 2019-06-26 11:09
Гулшанӣ Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ (тақрибан соли 1861) дар Бухоро, дар хонадони муфтии мударрис Муҳаммад Мир Сайид тба дунё омадааст. Шоир, муаррих ва ҷуғрофиёдони тоҷик.
Дар асараш «Таърихи Ҳумоюн» (таълифаш 1910) аҷдоди худро марбут ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гуфтааст. Дар Бухоро таҳсилро дар мадраса хатм намуд. Чун шоири нуқтасанҷ, шахси донишманди аз илму фарҳанг бохабар (махсусан аз таърих) шуҳрат ёфта буд. Аз ин ҷост, ки амир Абдулаҳад (ҳукумронӣ 1885-1910 ўро ба ҳайси надим ба хидмат даъват кард.
Дар манбаъҳои адабиву таърихии асри 19 – ибтидои асри 20 фазилатҳои донишмандии Гулшанӣ иштирокаш дар маҳфилҳои адабӣ бо ширкати Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Назруллоҳи Лутфӣ, Яҳёхоҷа, Мирзо Азимӣ Сомӣ, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин ва дигарон, инчунин маҳорати ў дар русидонӣ таъкид гардидааст.
Намунаҳои ашъораш дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва ғайра дар асари таърихӣ-ҷуғрофиёии ў «Таърихи Ҳумоюн» сабт гардидаанд.
Ашъори Гулшанӣ аз ҷиҳати тарзи баён содаву равонанд. Вай пайрави сабки шоирони гузаштаи форс-тоҷик, махсусан Саъдию Ҳофиз буд. Абёти зерин намунае аз ашъори ўянд:
Ба оташ афканад лаъли лабат лаъли Бадахшонро,
Қади сарви ту биншонад зи по сарви хиромонро.
Маро савдои зулфайни ту охир кард савдоӣ,
Парешонхотирам, то дидам он зулфи парешонро.
Маҳи афлок ҳар шаб аз рухи моҳи ту мегардад,
Ба таб афканда хуршеди рухат хуршеди тобонро.
Шавад мушки Хито ночиз пеши зулфи мушкинат,
Кунад хомўш шамъи оразат шамъи шабистонро.
На танҳо Гулшанӣ аз ҳаҷрат, эй гул, доғ дар гулшан,
Ба ранги лола аз ишқи ту дидам лоларўёнро.
Гулшанӣ соли 1910 дар Бухоро аз дунё гузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2015. – С. 575.
Муаллиф: Ғ. Ғоибов., Ҷ. Назриев
Дар бораи Гулшанӣ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед ин матолибро ҳам суроғ кунед:
Айнӣ,С. Куллиёт. – Ҷ.7. – Д, 1969.
Алимардонов, А. Гулшанӣ // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.Ҷ.1. – Д, 1988.
Таърихи Ҳумоюн / Ба чоп тайёркунанда, мураттиб ва муллифи сарсухан Ҷ. Назриев. – Душанбе, 2006. – 168.
Ғоибов, Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрўз. – Д, 2006.
Намунаи адабиёти тоҷик. – Д, 2010.
Назрӣ, Ҷ. Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшании Бухороӣ ва «Таърихи Ҳумоюн»- и ў: Роҷеъ ба рўзгору осори Гулшанӣ ва муаррифии асари «Таърихи Ҳумоюн» // Мероси ниёгон. – 2015. – №7. – С. 164-174.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ