90-солагии Лариса Николаевна Демедчик
Нашр шуд 2017-08-12 13:58
Имрӯз, 12-уми августи соли 2017 ба зодрӯзи Лариса Демидчик-мунаққид, адабиётшинос ва муҳаққиқи шинохтаи давроним Шӯравӣ, доктори илмҳои филологӣ 90 сол пур шуд. Лариса Николаевна бештар соҳаи драматургияи тоҷикро пажуҳиш кардааст ва боз дар паҳлилу баррасии насри тоҷики замони Шӯравӣ низ хизматҳои шоиста кардааст.
Демедчик Лариса Николаевна 12 августи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Мунаққид ва адабиётшиноси шӯравӣ, муҳаққиқи адабиёти тоҷик, доктори илмҳои филолигия.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарвожатии лагери пионерии Флоти Балтика буд. Соли 1953 факултаи шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро (ҳоло Сенкт-Петербург) ба итмом расонда, дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон фаъолияташро чун ходими хурди илмӣ шурўъ намуд ва қариб чил сол дар ин ҷо заҳмат кашид, ба дараҷаи сарходими илмии он расид.
Асосан дар таҳқиқи драматургияи тоҷик ба комёбиҳои баланди илмӣ ноил гаштааст, бурду бохташ аз оғози солҳои сиюм то ҳаштодуми қарни гузаштаро нишон додааст. Таълифоташ бобати таърихи адабиёти муосири тоҷик хоса насри бадеии он сазовори таҳсин аст. Ҳаёту фаъолияти адибони шуравии тоҷик (Лоҳутӣ, Икромӣ, Миршакар ва дигарон) дар мақолаҳояш хуб инъикос ёфтааст. Дар таълифу тарҷумаи “Очерки таърихи адабиёти совети тоҷик” (М. 1961) ва таълифи асари бисёрҷилдаи “Таърихи адабиёти сермиллати советӣ” (чопи Маскав) ва дигар китобҳои дастҷамъӣ фаъолона иштирок доштааст.
Хидматаш дар тарҷумаи асарҳои бадеию илмии адибону олимони тоҷик бо забони русӣ бузург аст.
Аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд. Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи Адабиёт ва санъати тоҷик”. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 399.
Муаллиф: С. Давронов
Аз Лариса Демидчик дар Китобхонаи миллӣ метавон хонд:
Демидчик, Л.Н. Характери муосир ва ифодаи бадеии он: Дар бораи драматургияи Тоҷикистон // Шарқи сурх. – 1962. – №3. – С. 129-149
Демидчик, Л.Н. Таджикская драматургия 40-50-х годов. – Душанбе: Академии Наук. – 1965. – 204 с.
Демидчик, Л. Баъзе лаҳзаҳои ташаккули насри реалистии тоҷик дар солҳои 30-юм: Давраҳои солҳои 30-юм С.Айнӣ; С. Улуғзода; Ҷ. Икромӣ ва дигарон мебошанд // Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик. – Душанбе. –1970. – С. 292-310.
Демидчик, Л.Н. С. Айнӣ ва М. Горкий: Маҷмўаи мақолаҳои оид ба робитаҳои адабии халқи тоҷик // Паёми бародарӣ. – Душанбе, 1972. – С. 84-94.
Летописец народний жизни: К 100-летию со дня рождения С. Айни. – Душанбе: Знание, 1978. – 27 с.
Демидчик, Л.Н. Таърихи адабиёти совети тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1978. – Ҷ. 2. – 310 с.
Шукуров, М., Демидчик, Л. Насри Ҷалол Икромӣ. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 139 с.
Демидчик, Л., Шукуров, М. Меҳри зиндагӣ ва инсон: Дар бораи фаъолияти эҷодии С.Улуғзода // Садои Шарқ. – 1981. – №8. – С. 129-142.
От правды жизник художественный правде: Критические статьи о таджикской литературе. – Душанбе: Ирфон. – 1985. – 221 с.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ