Навад соли Абдуқодир Маниёзов

Абдуқодир Маниёзов агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 90 қадам мегузошт. Ҳайфову дареғо, ки 12 сол пеш олами моро тарк кард. Абдуқодир Маниёзов 10 августи соли 1930 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1953 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон солҳои таҳсил гўяндаи шўъбаи  хориҷии радиои тоҷик будааст.

Баъди хатми аспирантура (1956)  ходими илмӣ, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, муовини сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи  советии тоҷик, (1969-1972), солиёни дарозе директори институти номбурда, чанде муовини Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», ҷонишини раиси Шуъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангӣ бо Афғонистон ва узви Кумитаи муҳофизати сулҳи Тоҷикистон будааст.

Аввалин мақолаҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми асри мозӣ  ба табъ расидаанд. Рисолаи «Публитсистика ва низоми устод Айнӣ» (1958) дар ҷодаи таҳқиқу омўзиши осори асосгузори адабиёти шўравии тоҷик қадами наву ҷиддие бурдааст. Баъд аз ин ҳам дар таҳқиқи эҷодиёти  устод Айнӣ мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар рўзномаву моҳнома ва маҷмўаҳои дастҷамъии илмӣ мунташир гардидаанд.

 Дар таҳия ва нашри мунтахаби ашъори Устод Айнӣ «Ахтари инқилоб» (1958) ва “Куллиёт»-и ў (1960-1981), маҷмўаи «Устод Айнӣ дар хотири дўстон ва шогирдон» (1968), китоби «Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» (1970), ашъори Ибни Сино (1980), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ҷ. 1У.1980) дуҷилдаи осори М. Турсунзода (1981), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1875), таҳрири нашри форсии  «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1998) ва ғайраҳо саҳми босазо гузоштааст. Яке аз муаллифони  китоби дарсии «Адабиёти советӣ» (барои синфи 4, 1971-1985) будааст.

 Мақолаҳои алоҳидааш дар Киев, Тошканд, Кобул, Теҳрон, Вашингтон ба табъ расидаанд.

 Тарҷумаи «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишер Навоӣ, қиссаи А. Яковлев «Руал Амундсен» (ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов 1961), «лол»-и В. Короленко (1965), «Тоҷикон»-и Б. Ғ. Ғафуров (ҷ.1, 2, 1983; ҳамроҳи Н. Холмуҳаммадов) ва ғайра ба қалами ў таалуқ дорад.

 Номзади илми филология, узви вобастаи АИ Тоҷикистон (1981), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форси Эрон (1966).

 Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст. Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

5 майи соли 2008 аз олам даргузашт.

Бозчоп аз “Адибони Тоҷикистон”. – Душанбе: Адиб, 2014. – С. 121.

Аз Абдуқодир Маниёзов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавон хонд

Дақиқӣ-шоири тағаззуми ва ҳамосасарои асри Х // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон / шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. – Душанбе, 1976. – №4. – С. 91-98.

Назми Айнӣ дар солҳои револютсия  //  Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт. – Душанбе, 1977. –  Китоби 4. – С. 198-218.

Масъалаҳои асосии омўзиши эҷодиёти Аҳмади Дониш // Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон / шуъбаи фанҳои ҷамъиятӣ. – Душанбе, 1977. – №1. – С. 3-8.

Сардафтари адабиёти револютсионии Латвия: Ба муносибати 100-солагии  Ян Райнис // Тоҷикистони советӣ. – 1965. – 11 сентябр.

Омўзиши эҷодиёти Дониш: Ба муносибати 150-солагии Рўзи таваллуди А. Дониш // Маориф ва маданият. – 1976. – 14 декабр.

Сарояндаи инқилоб: Ба пешвози 100-солагии зодрўзи С. Айнӣ // Роҳи Ленинӣ. – 1978. – 16 март.

Таронасарои инқилоб: Ба 90-солагии зодрўзи нависандаи узбек Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ // Маориф ва маданият. – 1979. – 25 сентябр.

Сарояндаи инқилоб ва саодати инсон: Бахшида ба 100 солагии А. Лоҳутӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1987. – 4 декабр.

Дар бораи Адбуқодир Маниёзов:

Соҳибэҷод: Дар бораи адабиётшинос, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ, Абдуқодир Маниёзов // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1981. – С. 34-37.

Икромов, И., Кучаров, А. Некӣ бимонад ҷовидон: Дар бораи олими илму фарҳанг Абдуқодир Маниёзов // Садои мардум. – 2002. – 17 январ.

Аҳмад, Р. Нур аз чеҳраи устоди сухан дур мабод: Дар бораи фаъолияти адабиётшинос устод Абдуқодир Маниёзов // Садои мардум. – 2005. – 8 октябр.

Ёди ёри меҳрубон: Ёднома аз устоди шаҳир Абдуқодир Маниёзов. – Душанбе: Пайванд, 2008. – 296 с.

Восеъ, Қ. Фарзонамарди суханвар: Ҳаёт ва эҷодиёти устод Абдуқодир Маниёзов // Ваҳдат. – 2008. – №7.

Аҳмад, Р. Фарзонамарде буд ў: Забоншинос, адабиётшинос Абдуқодир Маниёзов // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 5 август.

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.