Китобу китобхонаҳои ҷаҳон

Шоҳи Ошурӣ (Империяи Ошур, ки то асри VII то милод вуҷуд доштааст) дар шаҳри Нинво (Нинво-пойтахти давлати Ошур буд ва дар каронаи дарёи Даҷла, қаламрави имрӯзаи Ироқ қарор дошт. Ин шаҳр соли  612 пеш аз милод ба дасти  ақвоми мод ва бобул-модиҳо ва бобулиён вайрон шуд) китобхонаи подшоҳиро «Кохи ҳикмату андарз» номида, беҳтарин донишмандони замонро ҳамчун  ситорашиносон, риёзидону меъморон, табибону ҳуқуқшиносон, адибону  коҳинон ҷамъ  оварда, ба  фаъолият меандохт. Китобхонаҳо, ҳамин хел, ҳамешаҷойи ҷамъомади донишмандони  соҳаҳои  гуногуни касбу ҳунарҳо, гўё оғозгоҳи Академияи илмҳо буд, ки донишмандон дар атрофи дастурхони илму маърифат нишаста, ҳамин  тавр, ғизоҳои маънавӣ  мебардоштанд. Ин китобхона маҷмуъае болиғ аз ҳазорон лавҳи расмӣ ва тикаҳои дорои матнҳои мухталифи марбут ба қарни ҳафтуми пеш аз милодро дар ихтиёр дошт.

Дар китобхонаҳои олам намунаҳои гуногуни китобро дидан мумкин аст. Масалан, дар китобхонаҳои Ошур, Бобул, Шумер (нахустин тамаддуни шаҳрӣ дар минтақаи таърихии ҷануби Байнаннаҳрайн, ҷануби Ироқи имрӯза буд, ки онро ҳамроҳ бо тамаддуни мисриёни бостон аввалин тамаддуни олам медонанд)  Урарту (номи тамаддуне дар асри оҳан) китобҳое   маҳфуз  мондаанд, ки аз  қабатҳои   лой  сохта  шудаанд. Китобхонаи  Ошурбанипала  бист  ҳазор  чунин   китоб  дошт, ки  дар  яке  аз  онҳо  навишта  шуда  буд: «Бо раъйи ман, дар ин қабатҳои лой асари санъатикитоб табақабандиӣ  шудааст, ки  пеш аз  ман  касе  дар  ин  кох  гирд  наоварда   буд  ва  манам  шоҳи шоҳон, дўстдори Худовандон, онҳоро  ҷамъ  овардам  ва  хонда метавонам. Бигзор,  ба  касоне,  ки  ин қабати  китобҳоро  мекананд, бо  худ мебаранд, ё номи худро дар қатори номи ман ба  китобҳо  сабт  менамояд, ба  ғазаби Ошур ва Бенитӣ гирифтор  шаванд  ва  сипас  Худованд  исмашонро  нест  ва  авлоду  аҷдодашонро  аз рўйи  Замин  пок мегардонад».


Китобхонаи Ошшурбанипала (китобхонаи
салтанатии Ошуриён, ки ба исми охирин подшоҳи
империяи Ошуриҳо номгузорӣ шудааст.

Китобхонаҳои Афина – пойтахти давлати Юнон (асри  VI то милод) ҳамчунон китобҳои дар лавҳаҳои чўб, чарму папирус навиштаи худро доштаанд. Китобхонаи  Пергам (шаҳре аз Юнони бостон буд) дар  асри  III  ташкил  шуд, китобхонаи   шоҳии  мисрӣ  дар  Искандария  (шаҳре дар вилояти Бобули Ироқ, ки миёни Бағдод ва Карбало қарор дорад) 200  ҳазор  печонаҳои   чарминро  нигоҳ   медошт. Аз китобхонаи дигари ин сарзамин  авом истифода  менамуд, ки   низ 40  ҳазор  печонаҳои  чармин  дошт. Автоний  (юнонии Marcus Antonius – сарлашкари машҳури Руми бостон, ки дар ҷанг бо эрониён мағлуб шудааст) ба  Клеопатра  (охирин фиръавни Мисри бостон) 200  ҳазор  печона  аз  китобхонаи  Пергам  ҳадя  овард  ва ин  китобхона  аз хазинаҳои   мўҳташами  ҷаҳон  шинохта  шуда  буд. 

Якумин китобхонаи оммавиро дар Аврупо Гай Азиний Поллион (дўсти Вергилий ва Горатсий)  дар соли  39 то  мелод  кушодааст. Китобхонаи Донишгоҳи Фаронса асри XIII ташкил шуд. Дар китобхонаи  Порис печонаҳои  папирус  нигаҳ  дошта  мешуданд, ки  пеш аз 5300 сол  умр  доранд. Ярославли  доно  дар Русия  аввалин   китобхонаҳо  ташкил  карда, донишмандонро  супориш  дод, ки аз  забони  юнонӣ  китобҳоро  ба  забони  славянӣ   тарҷума   кунанд. Баъд  дар  шаҳрҳои Владимир, Москав, дигар  маҳалаҳои  Русия  инчунин  китобхонаҳо  афзун  шудан  гирифтанд, вале тохтутози  тотар  гоҳ пеши роҳи  маърифатро мегирифт, намемонд, ки ин анъанаҳои  зебои  худро  мўътадил  давом  бидиҳанд.

Чуноне ишора рафт, Нинво ва китобхонаҳои пурҳикмати он  аз  ҷониби  модҳо ва бобулиён  соли  609  то  мелод  тамоман   аз байн рафт.  Китобхонаи  Афинаро  шоҳи  Эрон  Ксеркс  соли  480  то  мелод  ба  ғорат  бурд. Кохи  мўҳташами  Искардария аз ҷониби Юлий  Сезар  соли  48 қисмат  ва  китобхонаи  дигари  он  ҷо  дар  охири  асри  IV  то  мелод  дар  ҷангҳои  қабилавии  этникӣ  ва  забонию  динӣ  то  соли 868  аз  байн  бардошта  шуд.


Китобхонаи расолатии Ватикан.

Мутафаккирони Юнону Руми Қадим ҳарчанд дўстдорандагони китоб  буданд, аз  нав  дар  пайи  гирдоварии китоб  шуданд. Еврипид, Демосфен, Афлотун, Арасту, Сисерон  ва даҳҳо  дигарон  дар  шаҳрҳои  Руму берун аз он  китобхонаҳои   нав  ва  олишон таҳвил менамуданд. Франческо Петрарка (андешаманд, муаррих, нависанда, шоир, инсоншинос ва гуманисти Италия, 1304-1374), Ҷованни  Бокаччо  (яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти Италия, ки солҳои 1313-1375 зистааст) дар  Италия  китобҳои  зиёд  ҷамъ оварда  буданд. Ҷ. Визари дар Флоренсия   соли  249  китобхонаи Лодресианаро аз рўйи  нақшаи Микеланҷело офарид. Гай Плиний Секунди бузург (файласуф ва нависандаи Руми бостон)  якчанд  ҳазор  китоб  ҷамъоварӣ  кард. Қисми  зиёди  чунин   китобҳо  бо  роҳи  талаву  тороҷ   ба  вуҷуд  меомаданд. Чунончи  Сулла  аз  тариқи  тороҷ  кардани  Афина  300  ҳазор  печона  ва  Лукулл  ба  ҳамин  роҳ  ганҷинаҳои   маънавии  Осиёи  Марказиро  ба Рим кашонида буданд. «Авесто»-ро дар чашми мардум сўзониданд ва нусхаи зарринро, ки дар дарбори шоҳон  нигаҳдорӣ мешуд, Искандар  ба  Рум  фиристод. 

Ҳамин  ғосибон, ки ба ягон мамлакат ҳуҷум кунанд, аввал пешвоёни  миллат (раҳбарону донишмандон, қаҳрамонон)-ро аз теғ гузаронида, баъд  китобхонаҳо,  осори   маънавишонро  месузониданд,  як  қисмро аз  худ кунанд,  аҳолиро  мисли  ғулом кор  фармуда, ҳамаи  боигариро  мекашониданд. Баъд   барояшон  раҳбарӣ  кардан, дину  оин  ва забонашонро   гузаронидан  осон  кор  шуда  мемонд. Аз  ин  фоҷиа  Рум Юнон, арабҳо , турку  муғул  фаровон  истифода  карда тавонистанд. Ҳатто  русҳо  ҳам, ки  худро  камбағалпарвар  муарифӣ  менамуданд, солҳои  бистуму   сиюм  ва  дар  ҳар  замон  осори  ниёгонро, ки  ба  хатти   арабиасоси  форсии  тоҷикӣ  навишта  шуда  буданд, китобҳои  динӣ  эълон  намуда, соҳибонашонро  бо  ин  баҳона  нобуд   менамуданд. Мардум   аз  даҳшат,  ки  маводи  мисли  ҷон  азизашонро  аз  даст  нарубоянд, дар  мағзи   девору  зери  замин  гўр  менамуданд, ба чоҳу дарёҳо мепартофтанд. Бисёр  воқеъ  шудааст, ҳазорҳо ҳазор китобҳои нодирро дар пеши назар   сўзондаанд. 


Китобхонаи Томас Бодл.

Китобхонаҳо ганҷинаҳои  бебаҳое  мебошанд, ки  истилогарон, ҷосусон аввал  ба  он дасти тороҷ меандохтанд. Нест  кардани  китоб, аз  байн  бардоштани  маънавият, осору  анъанаҳои  миллӣ  тамадуни  ба душворӣ маҳфуз монда кори  ҷоҳилону  ғосибон  шуд. Истилогарон  барои гузаронидани сиёсату маънавият ва фарҳанги худ китобхонаҳоро оташ мезаданд. Бо мурури замон боз одамон, хайрхоҳон, донишмандоне   пайдо  меомаданд, ки  аз  нав  дар пайи  фазилатҳои  китоб  шуда, онҳоро  ғунду  гирд  намуда, ба  толибилмон  пешкаш менамуданд. Китобхонаҳои давлатию миллӣ, шахсию  ҷамъиятӣ  рўзафзун  ташкил  шудан  гирифтанд. Дар  оғози   давраи  нав  (эраи  мо)  дар  Рум, Помпей   дўконҳои  китобфурўшӣ  ташкил  карданд. Раҳбарони  давлату  ҳукумат, сардорони  идораву   ташкилот, донишмандону мутафаккирон ҳамеша, дар ҳамаи замонҳо дар  сўроғи  аз  нав  ба  вуҷуд  овардани  китобхонаҳои   давлатию  миллӣ  ҷомеъию  шахсӣ  мегардиданд.


Китобхонаи Екатеринаи Муқаддас. Солҳои 548-565.

Пайдо шудани дастгоҳҳои чопӣ  ва  коғаз музаффарияти  бузурги  маънавии  одамизод буд, ки  донишмандон сарватҳои тайи асрҳо  ғункардаашонро ба халқи худ ва ҳамаи дигар одамони сайёра  пешниҳод  менамуданд. Баъд аз 500 соли ихтирои чопи китоб он дубора  аҳмияти  умумихалқӣ  пайдо  кард  ва  ин  ҳодисаи  ҳақиқатан  бузург   ҷолиб  ва  диққатангез  сифату  аҳмияти   кори  китобхонаҳоро  ҳам  дигаргун  намуд.

Калонтари  китобхонаи дунё (собиқ ба номи  В.И.Ленин ш.Москов) беш аз 15млн  китоб  дошт. Китобхонаи  адабиёти  хориҷии  шаҳри  Москав  китобҳои  132  забони  дунёро  ҷамъ   оварда  буд. Академик В. Жирмунский  васият  кардааст, ки  7   ҳазор  китоби  ғункардаашро  ба  Осрхонаи ба номи А.С. Пушкин интиқол  диҳанд. Устод Муҳамадҷони  Шукурии  Бухороӣ  низ  дороиҳои  маънавии  худро  ба  Китобхонаи  миллӣ  васият  кардаанд.

Профессор Раҳими Мусалмониён низ китобхонаи шахсии худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ва ин гуна мисолҳо зиёд дорем, ки дар мавридаш муфассалтар хоҳем навишт.   

Таҳияи Сармутахассиси
Маркази такмили ихтисос
Миҷгона Муродова

Барчаспҳо: