Саду биступанҷ соли модари Қаҳрамони Тоҷикистон

Шоираи маъруф Розияи Озод – модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафур 125-сола шуд. Розия Озод 61 сол пеш, аниқтараш соли 1953 дар синни 63-солагӣ тарки олам карда буд.

Розияи Озод (Ғафурова Розия Бойматовна) 18 январи соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд, дар  оилаи косиб ба дунё омадааст. Соли 1944 таҳсили ибтидоиро дар мактаби кўҳна идома дода, бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ, ба омўзиши мустақил мепардозад. Баъдтар мактаб кушода, ба бачаҳои деҳа хондану навиштанро меомўзонад. Соли 1944 узви Иттифоқи нависандагон буд. Розияи Озод яке аз аввалин занони тоҷик аст, ки фарзандонашро ба мактаби русӣ додаст.

Розияи Озод дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар синни панҷоҳсолагӣ ба шеърнависӣ шуруъ кардааст. Соли 1944 аввалин маҷмўаи ашъораш «Муҳаббат ба Ватан» ба табъ расид. Ашъори минбаъдаи Розияи Озод дар маҷмўаҳои «Гулистони ишқ» 1946, «Аз водиҳои тиллоӣ» (1948), «Иқбол» (1951) ва «Зинда бод сулҳ» (1954) гирд оварда шудаанд.

Се китоби шеърҳои ў бо номҳои «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» бо забони русӣ нашр гардидааст:  

Пас аз марги шоира китобҳои зерини ашъори ў ба табъ расиданд:

«Шеърҳои мунтахаб» (1957);

 «Дўстони ман» (1958);

 «Мунтахабот» (1959);

 «Орзўи ман» (1962). Шеърҳои Розия Озод муҳаббат ба Ватан, озодии занон, васфи кишвари Шӯравӣ буд. Шеърҳои зиёде барои кӯдакону наврасон дорад. 

Розияи Озод соли 1957 вафот кардааст.  

Бозчоп аз Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе: СИЭСТ, 1986. – Ҷ.6. – С. 387-388.     

Аз Розия Озод ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед суроғ кунед:    

Муҳаббат ба Ватан. – Сталинобод; Нашрдавтоҷик. – 1944. – 37 с.

Гулистони ишқ. – Сталинобод; Нашрдавтоҷик. – 1946. – 32 с.

Аз водиҳои тиллоӣ. – Сталинобод; Нашрдавтоҷик. – 1948. – 45 с.

Иқбол: Маҷмўаи шеърҳо. – Сталинобод; Нашрдавтоҷик. – 1951. – 188 с.

Зинда бод сулҳ. – Сталинобод; Нашрдавтоҷик. – 1954. – 28 с.

Ба колхозчидухтар: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. –  1956. – 17 август.

Чӣ мешавад: Шеър доир ба занон // Гулдаста. – Душанбе, 1964. – С. 21.

Туҳфа: Шеърҳо барои бачаҳо. – Душанбе; Маориф. – 1983. – 77 с. 

Бар зидди Гитлери девона гуфтам: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе;  Маориф. – 1985 . – С. 90-97.

Ин қадар зебо табиат: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1971. – 24 январ.

Роҳи мо; Ман зан: Шеърҳо // Занони Тоҷикистон. – 1982. – №12. – С.19.

Рози зан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1992 . – 5 март. 

Иди зафар: Шеър // Садои мардум. – 2015. – 30 апрел.

Эй писарон!: Шеър дар васфи ҶБВ // Садои мардум. –  2015. – 6 май.

Дар бораи Розия Озод

Шаҳобова, М. Шоираи халқи мо: Дар бораи эҷодиёти Розияи Озод // Тоҷикистони сурх. – 1959. – 21 сентябр.

Мирпочоев, А. Озод- сарояндаи ҳаёти занони озод: Очерк // {ақиқати Ленинобод. – 1950. – 8 март.

Раҳимзода, Б. Шоираи боистеъдоди тоҷик: Ба муносибати 60 солагии шоира Розияи Озод  // Тоҷикистони сурх. – 1953. –  29 декабр.

Рўйхати мухтасари асарҳои Р.Озод ва адабиёт дар бораи ў // Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. – Сталинобод: 1956. – Ҷ.1. – С. 301-302.

Насруллоева, Н. Образи занон дар эҷодиёти шоира Озод // Тоҷикистони советӣ. – 1957. – 20 март.

Розияи Озод: Мухтасар дар бораи ҳаёт ва эҷодиёт // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1966. – С.164-165.

Табаров, С. Розияи Озод шоираи ватандўст: Ба муносибати 90 солагии зодрўзаш // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 16 январ.

Ғафурова, Т. Модари хушбахти ман: Дар васфи Розияи Озод // Занони Тоҷикистон. – 1985. – №4. – С.19.

Назир, У. Суханонаш  шоҳиди ҷилвагоҳи диланд: Ба ифтихори 100 солагии зодрўзи шоираи ширинкалом Розия Озод // Садои мардум. – 1993. – 28 феврал.

Акбарзода, Ю. Модари Аллома: Ба ифтихори 120 солагии Рўзи мавлуди шоира Розияи Озод // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 17 январ.

Атоева, К. Розияи Озод модари аллома Бобоҷон Ғафуров // Ҷумҳурият. – 2014. – 8 март.

Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ