Аз Заҳири Форёбӣ чӣ дорем?

Заҳируддин Тоҳир ибни Муҳаммад соли 1160 дар Балх ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш Форёб гирифта, сипас дармадрасаҳои Нишопур илм омўхтааст.
Боназардошти фазлу дониш ва заковати фитриаш Заҳири Форёбӣ ба дарбори ҳокими Нишопур – Тўғоншоҳ ҷалб карда мешавад. Вале мувофиқи гуфти худаш дар он ҷо дер наистода, азми сафар мекунад ва оқибат Ироқро ҷои истиқомат қарор медиҳад. Дар Ироқ ба Садруддини Хуҷандӣ ном соҳибмансабе арзи ҳол карда, муддате дар хидмати ў монд ва пас аз ду сол роҳи Мозандаронро пеш гирифт. Баъд ба Озарбоҷон рафт, чанде дар дарбори Қизил Арслон буд, сипас ба дарбори Атобаки Абўбакр роҳ ёфт, вале дере нагузашта бо тўҳмати дарбориён аз хизмат дур карда шуд.
Мушоҳидаҳои муҳити дарбору дарбориён ба ҷаҳонбинии шоир таъсир мекунанд. Минбаъд Заҳири Форёбӣ зиндагии озоду фақирона ихтиёр намуд ва пешниҳоди дубораи Атобаки Абўбакрро дар хусуси ба дарбор баргаштан рад кард.
Солҳои охири ҳаёти Заҳири Форёбӣ дар сафару оворагӣ гузаштааст. Пас аз маргаш яке аз шогирдонаш девони ашъори ўро мураттаб карда, ба Маҷидуддавла ном амалдори озарбойҷонӣ тақдим намудааст. Минбаъд девони шоир таҳрири зиёд дидаанд ва нусхаҳои то имрўз боқимондаи он нопурраанд.
Ашъори Заҳири Форёбӣ аз қасида, ғазал, қитъа, таркиббанд ва рубоӣ иборат аст. Азбаски қисми зиёди ҳаёти Заҳири Форёбӣ ба дарборҳо алоқаманд буд, қасидаҳои мадеҳавӣ дар эҷодиёташ мавқеи асосӣ пайдо карда, ўро ба радифи намояндагони адабиёти дарборӣ мегузорад. Маҳз ҳамин ҷиҳати эҷодиёти Заҳири Форёбӣ боиси эътирози мутафаккирони бузурги минбаъда гардид.
Саъдӣ Заҳири Форёбиро мазаммат карда, бар решаи адабиёти аз ҳаёти воқеӣ дур ва аз ҷиҳати муболиға баланду аз ҳайси ғоя пасти дарборӣ теша задаст.
Бедил низ ҳамин ҷиҳати эҷодиёти Заҳири Форёбӣ мазаммат мекунад, вале маҳорати баланди ӯро дар офариниши ашъори лирикӣ сутудааст.
Қитъа яке аз шаклҳои асосии шеъри Заҳири Форёбӣ буда, дар ин гуна ашъор ақидаҳои иҷтимоию ахлоқии шоир равшантар баён гаштаанд. Рубоиҳои Заҳири Форёбӣ низ аз ҷиҳати мавзўъу мундариҷа ба қитъаҳояш наздиканд ва панду насиҳатро фаро гирифтаанд. Заҳири Форёбӣ дар санъати шеър яке аз саромадони замон буд ва ин ҷиҳати ашъори ў дар асрҳои минбаъда мавриди истиқбол ва пайравии Камол Исмоили Исфаҳонӣ, Сайфи Исфарангӣ, Сайфи Фарғонӣ, Ибни Ямин, Низории Қаҳистонӣ, Салмони Соваҷӣ, Мушфиқӣ ва Соиб барин шоирон қарор гирифт.
Заҳири Форёбӣ дар қасидаву ғазал сабки ироқиро ривоҷ додаст. Дар ашъори ў мазмунҳои мадеҳавӣ, ишқӣ ва васфӣ бо мундариҷаи нуҷумӣ ва фалсафӣ омезиш ёфтаанд.
Заҳири Форёбӣ аксар радифҳои муҷарради назаррасро, аз қабили «даст», «гавҳар», «чашм» ва ғайра истифода карда, ба баҳрҳои муҷтасу музореъ ва санъатҳои талмеҳу таълил бештар эътибор додааст.
Заҳири Форёбӣсоли 1202 шоир дар шаҳри Табрез аз дунё чашм пўшидааст.

Дар ин мақола матолиби Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 2, саҳ.480 истифода шуд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Заҳири Форёбӣ ва дар бораи осори ӯ метавонед ин асарҳо ва мақолаҳоро мутолиа намоед:

Осор

Заҳири Фарёбӣ: Шоири машҳури классикии форсу тоҷик /Ба чоп тайёркунанда А.Абдуллоев //Садои Шарқ. – 1965. – №8. – С.138-146.

Фарёбӣ, З. Андешаи рози ишқ гуфтан дорам: Рубоиёт / Хозиркунандаи чоп З.Шарифов //Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. – 29 август.

Заҳири Фарёбӣ: Шоири асри XII. – Дар китоби “Гулшани адаб”.– Душанбе, 1975, ҷилди I, саҳ.329-332.

Адабиёт дар бораи Заҳири Форёбӣ

Абдуллоев, А. Заҳири Форёбӣ: Яке аз  суханварони машҳури адабиёти классикии форсу тоҷик // Шарқи Сурх. – 1965. – №8. – С.138- 139.

Абдуллоев, А. Муносибати Заҳир ба таълимоти астрологии Анварӣ. – Дар китоби “Тезисҳои маърўзаҳо дар конференцияи илмии олимони ҷавон”. Душанбе, 1966, саҳ.112-115.

Абдуллоев, А. Кўшиши омўхтани як тағаззул: Дар бораи яке аз намояндаи адабиёти тараққипарвари форсу тоҷики нимаи дуюми асри XII Заҳириддини Муҳаммад бини Тоҳири Форёбӣ// Известия АН Таджикской ССР.Отделение Общественных наук. – 1969. – №2. – С.32-36.

Шарифов, З. Заҳири Фарёбӣ шоири асри XI форсу тоҷик// Комсомоли Тоҷикистон. – 1971. –29 август.

Абдуллоев, А. Заҳири Форёбӣ. – Душанбе, “Дониш”, 1974.

Тақриз: Исматов Б. Тадқиқоти муфид. - // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 28 июн.

Абдуллоев,А. Заҳири Форёбӣ. – Душанбе, “Дониш,”1974.

Тақриз: Сиддиқов , С., Афсаҳов, А. Шарҳи аҳвол ва ашъори // Садои Шарқ. – 1975. – №2. – С.148- 151.

Абдуллоев , А. Заҳири Форёбӣ: Шоири асри XII форс-тоҷик. – Дар китоби “Энциклопедияи советии тоҷик”. – 1980. – ҷилди 2. – саҳ.480.