Китоби нави рӯзноманигори шинохта ва донишманди варзида Ҳуринисо Ализода чунин ном дорад: Сафар ба шаҳри ёдҳо.
Ва дар сароғози китоб омада: “Дар навиштаҳое, ки манзур мешаванд, ҷое дилҷӯ образе ҷилва мекунад, ҷое ҷумлае чун сатре шеър истиқбол мешавад ва дар маҷмуъ муҳим он аст, ки касро фаро мегираду ба андеша вомедорад. Перомуни масъалаҳое ба андеша вомедорад, ки муаллиф самимона ба андеша гирифтаву мехоҳад мавриди андешаи дигарон низ бошад”.
Ҳуринисо Ализода ба хонанда шахси ноошно нест. Чакидаҳои хомаашро солҳост, ки мехонанд ва интизорӣ мекашанд.
Аввали моҳи феврали соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар пешрафти илмҳои дақиқ” доир гардид.
Муовини Дирктори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки “Имрўз ҷавонон нерўи созандаву пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Бояд гўем, ҷавонони имрўз аз ҷавонони солҳои қаблӣ бо фаҳмишу