Абурайҳон Берунӣ: олим, мутафаккир ситорашиноси тоҷик
Абўрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.
Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абўнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомўзад.
учёный-энциклопедист и мыслитель, автор многочисленных капитальных трудов по истории, географии, филологии, астрономии, математике, механике, геодезии, минералогии, фармакологии, геологии и др. Бируни владел почти всеми науками своего времени. Перечень работ, составленный его учениками, составил 60 страниц мелким шрифтом [неавторитетный источник?]. Свои научные труды писал на арабском и персидском языках
Берунӣ забонҳои хоразмӣ, дарӣ, арабӣ, суғдӣ, суръёнӣ ва юнонию санскритро аз худ намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ таълиф кардааст. Берунӣ аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астрономӣ шуғл меварзад.
Солҳои 995-997 ҳангоми сафар гузори Берунӣ ба шаҳри Рай меафтад ва бо Абўмаҳмуди Хуҷандӣ шинос шуда, секстант (судс)-и ўро меомўзад. Соли 997 ба зодгоҳаш баргашта, глобус месозад ва онро барои муайян кардани тўлу арзи шаҳрҳо истифода мебарад.
Бахшида ба ҳазорумин солгарди таваллуди олим
Почтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ин маркаро бароварда буд.
Солҳои 998-1004 фаъолияти илмии ў дар шаҳри Гургон, дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмагир (967-1012) мегузарад. Дар он ҷо «Осор-ул-боқия»-ро (1000) таълиф мекунад. Солҳои 1004-1017 Берунӣ дар шаҳри Гургон ба омўзиш ва тасҳеҳи зиҷҳо бештар машғул мешавад. Соли 1018 Султон Маҳмуд Хоразмро забт карда, Беруниро ба Ғазна мебарад. Фаъолияти минбаъдаи ў то охири умраш асосан дар ҳамин шаҳр мегузарад. Султон Маҳмуд дар лашкаркашиҳояш ба кишвари Ҳинд Беруниро ҳамроҳи худ мебарад. Донишманд дар ин муддат бо тарзи зиндагонӣ, таърих, афкори илмӣ-фалсафӣ ва оину кешҳои мардуми ҳинд шинос шуда, забони санскритро меомўзад ва баъзе асарҳои илмиро аз санскрит ба арабӣ ва чанд асари мутафаккирони Юнонро аз санскрит тарҷума мекунад. Мушоҳидаҳо ва тадқиқоти дақиқи олим роҷеъ ба Ҳиндустон дар асари ў «Мо-ли-л-Ҳинд» сабт шудаанд. Берунӣ маҳз дар ҳамин асар қайд мекунад, ки таассуби динӣ ва қатли ому тохтутозҳои ғоратгаронаи истилогарон халқи сарзамини моро аз мардуми заҳматкаши Ҳинд ҷудо карда буданд. Берунӣ қариб дар ҳамаи соҳаи илмҳои маъмули замони худ қувваозмоӣ намуда, доир ба ҳар кадом асарҳои пурарзише таълиф кардааст.
Муқоваи як китоби ситорашиносии Берунӣ
Бино ба маълумоти таърихи адади асарҳои ў аз 103 то 180 номгўй мебошанд. Вале боиси таасуф аст, ки бештари он таълифоти гаронмоя дар чанголи осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудаанд. Аз осори боқимондаи Берунӣ ҳам ҳувайдост, ки ў ба инкишофи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми гаронбаҳое гузоштааст.
Абурайҳон Берунӣ 11-уми декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнӣ аз олам чашм пушид.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1978. – Ҷ.1. – 435 с.
Муаллиф М. Осимӣ
Осори Абурайҳон Берунӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ:
Содиқов, Х.У. Астрономи бузурги асри XI Абурайҳонӣ Берунӣ. – Сталинобод: 1952.
Солие, М.А. Абу Райҳон Берунӣ. – Тошкент. – 1960. – 72 с.
Берунӣ, А. Китоб-ул-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим. – Душанбе: Дониш, 1973. – 286 с.
Китоб-ул-ҳинд: Асари Энсклопедии Абурайҳонӣ Берунӣ. – Душанбе, 1981. – Ҷ.3. – 338 с.
Берунӣ, А. Осор-ул-боқия. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.
Дар бораи Абурайҳон Берунӣ
Осимӣ, М. Берунӣ Абўрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ: Олими бузурги машриқзамин. – Энсиклопедияи советии тоҷик. – 1978. – Ҷ.1. – С. 433-434.
Султонов, У. Абурайҳонӣ Берунӣ: Олими бузурги асрҳои миёна // Муосирони Абўалӣ ибни Сино. – Душанбе, 1980. – С. 42-64.
Абдуллоев, Н. Китоб-ул-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим: Асари астрономии Абурайҳонӣ Берунӣ. – Энсклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1981. – Ҷ.3. С. 339-340.
Зеҳнӣ, Т. Ҳисри омўзиш: Дар бораи Абурайҳонӣ Берунӣ – солшумори форсу хоразм. – Чанд сухани судманд. – Душанбе, 1984. – С.14-17.
Мамедбейли, Г.Д., Маъруфов Н. Баъзе корҳои Абурайҳонӣ Берунӣ оид ба физика ва астрономия // Мактаби советӣ. – 1968. – №11. – С. 36-41.
Осимӣ, М. Нобиғаи айём: Дар бораи Абурайҳонӣ Берунӣ // Садои Шарқ. – 1973. – №9. – С. 119-125.
Содиқов, Ҳ.У. Берунӣ ва илми астраномия: Бахшида ба 1000-солагии таваллуди Абурайҳонӣ Берунӣ // Мактаби советӣ. – 1973. – №7. – С. 36-40.
Берунӣ, А. Нақлҳо // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1973. – 4 сентябр.
Ҷашни Берунӣ дар Тоҷикистон // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 13 сентябр.
Сесияи илмӣ бахшида ба Берунӣ: Дар Душанбе // Тоҷикистони советӣ. – 1973. – 11 сентябр.
Содиқов, Ҳ.У. Берунӣ ва илми астраномия: бахшида ба 1000-солагии таваллуди Абурайҳонӣ Берунӣ // Мактаби советӣ. – 1973. – №7. – С. 36-40.
Наҷмиддинов, Т. Муваффақияти сиёсати муттафиқонаи Абурайҳонӣ Берунӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1974. – 17 декабр
Завадовский, Ю.Н. Сино ва Берунӣ: Ба пешвози 1000-солагии зодрўзи Абўалӣ ибни Сино // Садои Шарқ. – 1979. – №3. – С. 127-134.
Берунӣ, А. Аз расмҳои порсиён Наврўз чист?: Аз китоб-ул-тафҳим // Омўзгор. – 1991. – 20 март.
Забиров, Ш. Ахтари пурфурўғ: Дар бораи ҳошияи зиндагиномаи Абурайҳонӣ Берунӣ // Омўзгор. – 2013. – 5 апрел.
Таҳияи
Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ