Оё Дониёл паёмбар буд ё не?

Дониёл яке аз паёмбарони банӣ Исроил, қаҳрамони асосии «Китоби Дониёли паёмбар»-и Аҳди Атиқи Библия. Тибқи маълумоти китоби мазкур пас аз тасарруфи Уршалим ба дасти шоҳи Бобил Бухтунассар (Навоуходоносори II: 605-562 то м.) ва асорати банӣ Исроил Дониёл ҳамроҳи се тани дигар барои хидмат ба дарбор оварда шуд. Худованд ба Дониёл ҳикмат ва илми таъбири хоб ато карда буд. Дониёл пас аз таъбири хоби Бухтунассар назди вай мартабаи баланд ёфт.

Ў ҳамчунин дар замони ҳукмронии шоҳ Балшассар (Валтасар), ба сабаби хондан ва таъбир кардани навиштаҳои дасте аз ғайб ба рўи девори қаср, ки ҳакимон, ҷодугарон ва мунаҷҷимон аз фаҳми он очиз буданд, ба унвони ҳокими севвум дар қаламрави подшоҳии Бобил баргузида шуд. Дониёл аз вазирони шоҳи Бобил Дориюши Модӣ низ буд ва ба сабаби ҳасади дарбориён дар чоҳи шерон афканда шуд. Ў мўъҷизаосо аз он чоҳ саломат берун омад, ки ин маҳбубияташро назли шоҳ бештар кард.

Дониёл дар аҳди Куруши Кабир низ аз мартабаи баланд бархурдор будааст. Дониёл дар дини яҳудӣ ходими давлатӣ ва дар масеҳият (Даниил) паёмбарест, ки зуҳури Исои Масеҳро дар оянда пешгўӣ кардааст. Исои Масеҳ дар суҳбатҳои худ бо Яҳудиён ду бор аз пешгўиҳои Дониёл ёдовар шудааст.

Дар Қуръон аз Дониёл зикре нарафтааст, аммо дар иддае аз маъхазҳои исломӣ ба ўву баъзе ҳодисаҳои зиндагиаш ишора рафта, вайро дар шумори паёмбарони банӣ Исроил ном бурдаанд. Бахши умдаи достонҳои марбут бо  Дониёл дар китобҳои таърих  ва қасас баргирифта аз «Китоби Дониёли паёмбар» бо баъзе тафовуту ихтилофҳо аст. Баъзе аз ин қиссаҳо аз Ваҳб ибни Муннаббеҳ нақл шуда, ки муътабар ба шумор намераванд. Бинобар қавле аз Ибни Аббос, мурод аз «асҳобу-л-уҳдуд» («аҳли хандақ»; Қуръон, 85:4) гурўҳе аз яҳудиён аст, ки Дониёл ва ҳамроҳони ўро дар оташ афканданд.

Дар ривояте масеҳӣ омадааст, ки Дониёл беш аз 90 сол умр дида дар пирӣ дар асорат қарор дошт ва дар Шуш мадфун аст. Дар маъхазҳои исломӣ дар бораи Дониёл ривоятҳои мухталиф мавҷуд аст. Табарӣ пас аз зикри ривояте дар бораи Дониёл ва супориши ў  ба писараш навиштааст: «Дониёл дар Шуш бимурд ва мардум ба баракати пайкари ў борон мехостанд». Вақте арабҳо  Шушро гирифтанд, пайкарро пеши онҳо оварданд. Абўмусои Ашъарӣ, ки дар Шуш буд, дар бораи пайкар ба Умар ибни Хиттоб навишт. Ба дастури Умар мусулмонон онро кафан карда ба хок супурданд. Ҳамчунин Ашъарӣ ба Умар навишт: Ангуштаре  бо пайкар буд, ки пеши мост. Умар ба ў навишт, ки онро ангуштари хеш кунад. Бар нигини ангуштар нақши марде буд, миёни ду шер» («Таъриху-р-русули ва л-мулук». Кит. 3  С. 1745-46). Тасвири мушобеҳ ба нақши мазкур дар дайри православии Осиос Лукас (Юнон) низ вуҷуд дорад, ки ба асрҳои 12-13 мутаалиқ аст. Дар китобҳои марбут ба таъбири хоб ва руъё, аз ҷумла, дар «Комилу-т-таъбир»-и Тифлисӣ, суханони Дониёл нақл шудааст. Ҳамчунин фолномае бо номи «Қуръату-л-анбиё» ва китобе дар илми рамл ба Дониёл нисбат дода шудааст.

Дар манбаъҳои ҷуғрофиёӣ қабри Дониёли набӣ дар канори рўди Карха гуфта шуда бошад ҳам, нишона ё катибае, ки инро исбот кунад, ба даст наёмадааст. Дар шаҳри Шуш буқъа (мақбара)-и Дониёл қомат афрохта, ки аз муҳимтарин зиёратгоҳҳои Хузистон аст. Дар димнаи Афросиёби Самарқанд мақбарае бо номи қабри Дониёл (тўлаш 18 м) воқеъ гардидааст, ки дар бораи он ривоятҳои  мухталиф вуҷуд доранд. Ба як ривоят дар он турбат ва ба ривояти дигар устухонҳои Дониёл гўронида шудаанд, ки онҳоро амир Темур ба Осиёи Хурд ба Кустантиния интиқол дода буданд. Тибқи ривояти севвум, турбати қабри Дониёлро аз шаҳри Мавсил, ки дар он низ яке оромгоҳҳои Дониёл воқеъ аст, муҳоҷирони масеҳӣ асрҳои 5-6 ба Самарқанд овардаанд. Ривояте низ вуҷуд дорад, ки Дониёлро Дорои бузург дар Суғд сарвар таъйин карда буд ва ў дар Самарқанд зиста, дар ҳамон ҷо фавтидааст. Дар дигар ривоятҳо мақбараи мазкур ба паёмбар Туббаъ (Қандия»), ба яке аз ёрони писарамаки паёмбар (с) Қусам ибни Аббос («Самария»), ба яке аз авлиё бо номи Дониёл (Донаёр) нисбат дода шудааст. Он зиёратгоҳи ҳам мусулмонон ва ҳам масеҳиёну яҳудиён аст. Дар калисои масеҳӣ 17 (30) декабр рўзи ёдбуди паёмбар Дониёл аст. Номи тоҷикии Дониёр бо эҳтимоли зиёд шакли тағйирёфтаи исми Дониёл аст.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе: Адиб, 2017. – С. 101-102.

Муаллиф: С. Маҳмадуллоҳ

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.