Дандонпизишки маъруф, профессор Муҳаммадҷон Шокиров 70-сола шуд

Муҳаммадҷон Шокиров аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфи тиби кишвар аст. Доктори илм, проффессор ва яке аз дандонпизишкони шинохта мебошад. Рӯзи 14 декабр ба синни мубораки 70 қадам мегузорад.

Шокиров Муҳаммадҷон Неъматович санаи 14 декабри соли 1948 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Ў соли 1971  факултаи  стоматологияи Донишгоҳи тиббии Самараро хатм намудаааст. Аз соли 1971-1972 духтури стоматологи шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1972-1974 ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии стоматологии  Донишгоҳи тиббии Самара, солҳои 1974-1975 духтури ҷарроҳ - стамотологи шўъбаи ҷарроҳӣ, солҳои 1975-1981 мудири шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рўйи беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1981-1993 сардухтури Дармонгоҳи стоматологии вилоятӣ ва сарстоматологи вилояти Суғд, солҳои 1993-1994 сардори раёсати ҳифзи тандурустии Ҳукумати вилояти Суғд,  солҳои 1995-2000, сарвари кулли ҶС «Назокат»-и маркази стоматологӣ ва ҷарроҳии эстетикӣ фаъолият намудааст.

Шокиров Муҳаммадҷон аз соли 2003 доктори илмҳои тиб, ва соли 2005 профессори кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рўй бо стоматологияи кўдакони ДДТТ  мебошад.

Шокиров Муҳаммадҷон оид ба ҷарроҳии ҷоғу рўй, инчунин имплантология ва протезшинонӣ тадқиқот бурдааст. Дар мавзўи «Таъсири шикастҳои ҷоғи поён ба фаъолияти нафаскашӣ ва пешгирии ихтилоли аъзои нафас» рисолаи номзадӣ ва дар мавзўи «Ҷарроҳии  нуқс ва каҷшавии ҷоғу рўй бо истифода аз имплантҳои ҳассос» рисолаи докторӣ навиштаву дифоъ намудааст.

Профессор Муҳаммадҷон Шокиров муаллифи 2 монография, 3 дастури методӣ, 106 мақола ва тезиси илмӣ буда, 30 ихтироот, 7 пешниҳоди навоварона  намудааст.

Ў соли 1986 бо Аълочии тандурустии ИҶШС, 2003 медали тиллои созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ (Женева), ифтихорномаҳои раёсати тандурустии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Бозчоп аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино. Энсиклопедия. – Душанбе, 2009. – С. 584.          

Аз профессор Муҳаммадҷон Шокиров дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метаовнед бихонед:

Медицинские  материалы и имплантат с памятю формы. – Томск, 1998. – 485 с.

Стоматологияи муолиҷавӣ: Китоби дарсӣ. – Душанбе: Хикмат, 2009. – 160 с.

Саломатӣ зебоӣ ва боигарист: Мусоҳиба бо сардухтури поликлиникаи стоматологии вилояти Ленинобод Муҳаммадҷон Шокиров // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 21 июн.

Таҳияи Баргигул Наботова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ