Ободонии рӯзи шанбе: Гулҳо набояд пажмурда шаванд!

Аз субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат ва рӯзи нигоҳубини гулу сабзаву дарахтон буд.
Тобистони гарми имсол бо гармои бесобиақааш дар ин 10 соли охир водор кард, ки кабудизор дар ҳар гӯшаи шаҳр нигоҳубини вижа дошта бошад. Ҳавои гармро баъзе рустаниҳо ва гулҳо таҳаммул надоранд ва агар сари вақт об зерашон нарезад, зуд хушк менаванд ва он манзараҳои хебо аз миён мераванд.
Ин воқеъият қобили дарк аст ва кормандони Китобхона ҳам ҳар рӯзҳои истироҳат ҳотаи китобхона ва атрофи онро аз назар мегузаронанд, ҷӯйборҳоро тоза мекунанд, ба ҷойҳое, ки гулҳо имкони об хӯрдан аз ҷӯй надоранд, бо сатилҳо зерашон об мерезанд.
Рӯзҳои низофату покӣ ба ҳусни Китобхона ва атрофи он ҳусни тоза зам мекунанд.

Барчаспҳо: