Даргузашти Зебунниссо Қутбиддинова – ҳамсари шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ. Лоиқи заминӣ. Суҳбате, ки чанд сол пеш интишор ёфта буд

Зебунниссо Қутбиддинова-ҳамсари шодравон Лоиқ Шералӣ, шоири маҳбуб аз олам даргузашт. Писари шоир Диловар Шералӣ дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод. Вай навишт, ки ҷанозаи хонум Зебунниссо ҳоло дар роҳ ба самти Панҷекат аст ва ҷаноза имрӯз баъд аз зуҳр барпо мешавад. Худо биёмурзад муаллима Зебунниссо Қутбиддиноваро, ки умре дар мактаби рақами 54 ба номи Лоиқ Шералии пойтахт муаллмиӣ кард ва баъди марги устод Лоиқ як гӯшаро ба шоири маҳбуб ихтисос додаву онро ҳамарӯза бо маводҳои тозачоп дар бораи шоир нав мекард.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ боре ба ин ҷониб гуфта буд: Агар Зебунниссо намебуд, Лоиқ Лоиқ намешуд. Оре, нақши хонум Зебунниссо Қутбиддинова дар ташаккули шеъри Лоиқ ва шуҳрати оламгири ӯ сутуданист. Муддати ин бист сол баъди марги шавҳар маҳз ӯ буд, ки ҳар сол 20-уми май ошиқони шеъри Лоиқро гирди турбати шоир мехонд ва аз субҳ то шом дар оромгоҳи Лучобро садои шеърхонии шефтагону мухлисони шеъри ноб пур мекард.

4-5 сол пеш суҳбатеро бо муаллима дар бораи зиндаёд Лоиқ Шеарлӣ анҷом дода будам ва соли гузашта дар зодрӯзи устод дар сомона гузошта будем. Ҳоло хостем онро дубора гардон кунем, чун ёдҳои ҳамсари шоири марҳум дар бораи шавҳар омӯзандаву ҷолибанд. Боз ин ки акнун худи мусоҳиб ҳам ба висоли Дӯст дар ҳоли шитоб аст.

*** *** ***

Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки «шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, ба таъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар» бигӯяд.

Абдунабӣ Сатторзода, профессор

20-уми май зодрўзи яке аз маъруфтарин шоирони садаи бисти тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ - Лоиқ Шералӣ аст. Ҳар сол дар ин рӯз ошиқони шеъри устод Лоиқ аз субҳ то шом ба оромгоҳи Лучоб, ки фарзонагони миллатро ба оғӯш кашидааст, меоянд ва назди хокдони нобиғаи шеъри муосир шеърхонӣ мекунанд.

Устод Лоиқ 30-уми июни соли 2000 олами моро тарк кард ва то ба имрўз дар бораи ў даҳҳо китобу мақолаву хотира чоп шуд. Вале дар бораи шахсияти истисноии устоди каломи бадеъ, равиши зиндагӣ, оиладорӣ ва дигар паҳлуҳои ахлоқии зиндагонии ў тақрибан чизе интишор нашудааст. Аз ин рў дар остонаи зодрўзи шоири маҳбуб дар суҳбат бо ҳамсари устод Зебунниссо Қутбиддинова, ки 32 соли ҳаёташ дар паҳлуи устод буд, бо чанд савол муроҷиат кардам. Маълум гардид, ки шоири ошиқ, муаллифи марғубтарин ғазалҳои ошиқона ва таронаҳои ишқӣ ва ба қавли доктор Сайид Камол Ҳоҷ Сайидҷаводӣ (Эрон) "посдори фарҳанги тоҷик ва Эрон дар Мовароуннаҳр" дар зиндагии хонаводагӣ аз волотарин хислати башарӣ бархўрдор будаву намунаи беҳтарин падар барои фарзандон ва олитарин шавҳар барои бонуи хонавода будааст. Аввалин савол ба бинои оилаи устоди сухан ихтисос дошт ва гумон ин буд, ки пойдевори ин оила аз ишқу ошиқӣ бунёд ёфтааст, вале иштибоҳ кардем.

 - Мо аз хурдӣ ҳамдигарро мешинохтем, чун дар як ҷо калон шудаем. Баъзан мегўянд, ки мо ҳамдигарро дўст дошта ба висол расидаем, вале дар асл ин тавр нест, - гуфт ҳамсари устоди марҳум ва идома дод: - Ҳурмату эҳтироми якдигар буд, аммо муҳаббату ишқварзӣ набуд. Ва ҳамин ҳурмату эҳтиром байниҳамдигарӣ то охири умрашон миёни мо вуҷуд дошт. Падарам Лоиқро чун писар эҳтиром мекарданд ва дар навбати худ Лоиқ ҳам ҳамин гуна як эҳтироми фарзандӣ ба он кас доштанд. Модарам низ Лоиқро басо дўст медоштанд. Ва ҳатто баъзан агар миёни мо чизе мегузашт, ман ба модарам мегуфтам, ки "очаҷон, шумо доим тарафи писаратона мегиред, ҷониби духтаратон нестед". Модарам механдиданду мегуфтанд, ки ман Лоиқро мисли умри азизи худам дўст медорам. Лоиқ ҳам ҳамин гуна ҳурмат доштанд.

Вақтҳое, ки мо хонадор ҳам нашуда будем, ҳар боре аз Душанбе ба деҳа меомаданд, аввал хонаи мо медаромаданд, падару модари маро зиёрат мекарданду баъд ба хонаи худашон мерафтанд. Шояд ҳамин эҳтироми якдигарӣ буд, ки бунёди оилавии моро бисёр мустаҳкам кард. Ва он замон ишқу муҳаббат миёни мо буда ҳам наметавонист, чун вақте Лоиқ донишҷў буданд, ман дар синфи ибтидоӣ мехондам, фарқи синнусолӣ миёни мо 8 сол буд. Баъди издивоҷ қарор шуд ман таҳсил кунам. Барои ин Лоиқ ҳама шароити заруриро фароҳам оварданд.

Ман он шабу рўз мушкилоти зиёд доштам, ҷавон будам, хонаи сермеҳмон доштам, соҳиби фарзанд шуда будам. Ва баъзан аз ин хеле хаста мешудам ва ҳатто дар хилват гиря мекардам. Вале Лоиқ ҳамеша дар паҳлуям буданд, дастгирӣ мекарданд, китобҳо ёфта меоварданд, амалан кўмак мерасонданд, ки ман руҳафтода нашавам.  

Ҳолате буд, ки кўдакбонӣ ҳам мекарданд, то ки ман хонам. Ва баъди анҷоми таҳсил ҳам маро маҷбур карданд, ки кор кунам. Гуфтанд, ки ин қадар азоб кашида, соҳиби диплом шудӣ, акнун чӣ хел мешавад, ки кор накунӣ? Соли 1971 мактаби рақами 54 кушода шуд ва худашон рафта, аз маорифи ноҳия иҷозатнома гирифтанд, кўдакро ба боғча мондем ва ман ба кор даромадам ва Худоро шукр то имрўз дар ҳамин мактаб кор мекунам.

- Мутолиаи "Модарнома"-и устод баёнгари он нукта аст, ки модарашонро бисёр дўст медоштанд. Он кас дар зиндагӣ чӣ хел шахс буданд?

- Оре, модари Лоиқ ҳамоне мебошанд, ки дар "Модарнома" хеле рушану ботафсил тасвир шудаанд. Вақте ман шеърҳои "Модарнома"-ро мехонаму ба ҳаёти воқеии модари марҳумашон муқоиса мекунам, ҳамон як чизро мебинам, яъне Лоиқ дар тасвир зиёдаравӣ накардаанд. Модари Лоиқ як зани солору ботамкин, бо иродаи хеле мустаҳкам буданд. Беҳудагў набуданд, кам гап мезаданд, вале пурҳикмат ҳарф мезаданд. Суханашон вазн дошт, бомаънӣ ва ҳамеша мантиқӣ буд. Санҷида сухан мегуфтанд. Бисёр хислатҳои аҷиби мардонагиро доштанд. Ва охирин расми модарашон ҳамонест, ки Муҳиддин Олимпур аккосӣ кардааст ва устод дар пушти расм катибае навиштаанд, ки баъдан чун шеъри дигар ба "Модарнома" илова шуд. Ҳунарманд буданд. Аслан оилаи Лоиқ ҳамашон ҳунарманд ҳастанд. Қариб аз ҳамаи ҷойи Панҷакент омада, ба хоҳари Лоиқ либос медўзониданд.  Бародарашон Қоришариф ҳунари авлодии шикастабандиро аз худ кардаанд ва ҳоло ҳам ин корро мекунанд. Хонаводаи Лоиқ ҳама шахсиятҳое ҳастанд, ки ба мардум танҳо манфиаташон расидааст, на зараршон.

- Шикастабандӣ мероси падарашон аст? Чун шеъреро ёд дорам, ки бо мисраи "Падарам шикастабанде буд" оғоз мешавад...

- Бале, инҳо табибони авлодӣ ҳастанд. Масалан, кори шикастабандиро падари Лоиқ Шералӣ аз падари худашон мерос гирифтаанд. Бародари он кас Ҳоҷиалӣ ҳам дар гузашта ба ин кор машғул буданд, ҳоло Қоришариф шикастабандӣ мекунанд.

- Мехостам зимнан дар бораи падари устод суол кунам. Аз мутолиаи шеърҳояшон пай бурдам, ки миёни ин хонавода ҷудоии падар аз модар буд. Шояд ман иштибоҳ кунам, вале дар шеъре, ки соли 1990 навиштаанд ва зоҳиран ба назар мерасад шеъри марсиявӣ низ ҳаст, Лоиқ мегўянд, ки "Мо надидем чеҳраи гармат, Дар қиёмат бимонад дидоро".

- Аслан ин ҷо масъалаҳои зиёди оилавӣ ҳастанд, ки намешавад ҳамаи онро бигўем. Вале ин ки падару модари Лоиқ замони хурдсол будани фарзандонашон аз ҳам ҷудо шудаанд, аз касе пўшида нест. Бобои Шералӣ дубора издивоҷ кардаву соҳиби як писар ҳам шудаанд. Вале умри хушдомани мо бо ҳамин фарзандонашон гузаштааст. Бо сахтиву машаққат онҳоро калон кардаву ҳамаро соҳибҳунару соҳибмаълумот кардаанд. Ва агар тибқи ҳамин шеърашон ҳукм ҳам кунем, дуруст аст, ки дидори падарро зиёд надидаанду сер нашудаанд. Вақте ки падарашон бемор шуданд, аёдаташон мерафтанд, умуман рафтуомад доштанд, бародари угайи худро эҳтиром мекарданд, вале он меҳру муҳаббате, ки ба модари ғамхор доштанд, ба падар надоштанд, чун хеле дур буданд. Дар бачагӣ гўё дигар ўро надиданд. Ин буд, ки Лоиқ хеле ба фарзандонашон меҳрубон буданд. Мегуфтанд, ки худам навозишу муҳаббати падарро надидам ва намехоҳам фардо дили фарзандонам аз ман сард бошад.

“Соядасташон аз як китоб ба китоби дигар такрор намешуд...”

- Китоби шоир қабл аз ҳар чизи дигар барои худаш хеле азизу мукаррам аст. Ман шоҳид будам, ки устод дар нахустин рўзи ба фурўш баромадани китобашон дар мағозаҳо бо хонандагонашон мулоқот мекарданд ва соядаст менавиштанд. Шумо чӣ эҳсосе аз чунин лаҳзаҳо доред?

- Вақте китобашон чоп мешуд, мисли кўдак хурсанд мешуданд. Ҳич вақт шодии худашона пинҳон намекарданд. Мисли он ки кўдаки навзодро падару модараш бўй мекашанд, устод китобашонро ҳамин тавр бўй мекашиданд. Ва мегуфтанд: "беҳтарин бўй дар олам бўйи кўдаки навзод, нон ва бўйи китоби нав барои шоир аст". Вақте хабар меёфтанд, ки китоб чоп шудааст, зуд мерафтанд ва як баста аз онро меоварданд ва маро фарёд мекарданд: "Зуд биё, ки дар хонаи ман тифли нав ба дунё омад". Ва ман омодагӣ медидам, чун медонистам, ки хона пур аз дўстонашон мешавад.

- Нусхаи аввалро ба кӣ туҳфа мекарданд?

- Нусхаи аввали ба дасташон расидаро барои бойгонии худашон мегузоштанд. Ва баъд ба назиктарин дўстонашон, аз ҷумла ба устодон Сорбон, Абдунабӣ ва дигарон. Ҳар касеро, ки он соат ба хона даъват менамуданд, як дона китоб бо соядаст туҳфа мекарданд. Ва соядасташон аз як китоб ба китоби дигар такрор намешуд, чун махсуси ҳамон одам буд. Агар вақте шаваду он соядастҳоро гирд оварем, мешавад, ки аз он як маҷмуъа сохт.

- Дар оғоз тасаввур мекардед, ки ҳамсари як шахсияти машҳур мешавед?

- Ростӣ вақте ман ба шавҳар мебаромадам, ин ин гуна эҳсос намекардам. Чун он замон ҳамагӣ як маҷмуаъи шеъри Лоиқ чоп шуда буд. Вале баъди гузашти чанд сол ин масъулиятро эҳсос кардам, ки бояд омодаи пазириши ин воқеъият бошам. Чун бо гузашти як муддати кутоҳ Лоиқ маъруфияти хос пайдо карданд, вале бояд гўям, ки дар хонадон эҳсосе, ки ин инсон инсони махсус аст, дар мо набуд. Устод як шахси оддӣ буданд ва дар зиндагии хонаводагӣ ягон мушкилоте барои мо намеоварданд. Ҳатто ба ҳадде, ки кўдакон дар хона давутоз мекарданд, телевизион мемонданд, бо ҳамчаспу талош мекарданд, он кас дар утоқи худашон оромона кор карда менишастанд ва гўё ба ин ҳама аслан эътибор ҳам намедоданд. Ва баъде, ки бачаҳо ором мешуданд, аз хона мебаромаданд, ки чаро хомўш шуданд.

Лоиқ фарзандонашонро намезаданд, наметарсониданд. Мегуфтанд, ки фарзанд падару модарашро на, ки аз тарс эҳтиром кунад, балки аз рўи муҳаббат ҳурматашро ба ҷой орад. Аммо афсўс мехўрам, ки фарзандон нав ба синну соле расида буданд, ки бояд хизмати падар мекарданд, аммо падар аз олам гузаштанд. Лоиқ хизмати фарзандонро карданд, вале хизмати фарзанд нодида аз олам рафтанд.

"Ман аксари қаҳрамонони шеърҳои ишқии Лоиқро мешинохтам..."

“Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғаноӣ (лирикӣ) ба дараҷаи баланди тахассуси шоирӣ расид, аз ҳаммаслаконаш касе пояи ўро надошт”.

Акбари Турсон

 

- Устод таронасарои ростини муҳаббати инсонӣ буданд. Ишқ дар эҷодиёти эшон мавқеъи муҳим дошт ва ҳатто такрор ба такрор худро Лоиқи ошиқ номидаанд. Гумон намекунам, ки баъзе шеърҳои устод боиси баҳси оилавӣ нашуда бошанд.

- Ҷои пинҳон кардан ҳам нест, ки ҳамаи шеърҳои ишқии Лоиқ қаҳрамон, прототип доштанд, агар мардум онро ҳамчун як шеър дар васфи ишқу муҳаббат мехонданд, вале ман медонистам, ки он ба кӣ бахшида шудааст ва қаҳрамонаш кист. Ман аксарияти онҳоро мешинохтам ва ҳоло ҳам мешиносам. Ҳастанд инсонҳое, ки иртиботҳои номашруъро афсона мекунанд, вале Лоиқ ин гуна одат надоштанд. Ман бошам ба хотири шаъну шуҳрати Лоиқ лаб мегазидам, муросо мекардам, зеро илоҷи дигар ҳам надоштам. Намешуд, ки обрўи чунин як шахсияти матраҳ дар ҷомеаро ман, ки ҳамсару ҳамболин ва ҳамрозашон ҳастам, таҳти савол барам. Ин ҳам расолати ман буд, яъне ба ин ҳама муросо кардан. Мушкил буд, албатта, вале бояд ман чунин мекардам. Аз сўи дигар чун худи ман муаллими забон ва адабиёт будам, бештар аз дигарон дарди шоирро дарк мекардам.

- Агар шумо гўед, ки аслан рашк намекардед, шояд ман бовар накунам, чун бе рашк зистан амалан имкон надорад.

- Албатта, бе рашк намешуд. Одамони хеле бузург дар оташи рашк месўхтанд ва аз рашк даст ба чӣ корҳое намезаданд. Рашк буду ошкор намекардем. Ва чун ин суҳбат дар чоп мешавад ва ман медонам, ки онро одамони бисёр мехонанд, мехостам ба занон муроҷиат кунам, ки дар ин гуна мавридҳо хеле ботаҳаммул ва босабр бошанд. Хашмро фурў баранд, рашкро пинҳон доранд. Зеро ин иштибоҳи лаҳзаӣ ва зудгузар аст. Инсон чизи беҳтаринро дар худ нигоҳ дорад ва бадашро фурў барад. Донаҳои беҳтаринро бояд сабзонем ва бадтарини онро нобуд созем. Ақл агар боло гирад, ҷаҳлу ҷаҳолат мегурезад. Ақл Раҳмон аст ва ҷаҳл шайтон аст. Ман ҳам мавридҳое мешуданд, ки ҷанҷол мекардам, аммо Лоиқ бисёр инсони аҷиб буданд. Дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷаҳл пешгирӣ мекарданд, ё китоб ё маҷаллаву рўзнома меоварданд, ки ман хонам ва фурсат аз даст, ки рафт, ҷаҳл фуру менишинад.

"Нўшидани Лоиқ ҳам барои мо иди бузург буд..."

"Баъзе афрод шояд барои он менўшанд, ки аз дарду ғами худашон андак раҳо шаванд, аммо дарду алами як миллат, ғами замину замон ва тамоми башар бар дўши устод Лоиқ буд".

Фарзона, Шоираи халқии Тоҷикистон

- Устод таомеро хоса дўст медоштанд?

- На, Лоиқ қариб ҳамаи таомҳоро як хел дўст медоштанд, ба ҷуз шўрбо. Шўрборо мехўрданд, вале дўст намедоштанд. Баъзан шўхиомез мегуфтанд, ки ҳамин шўрборо кӣ фикр карда бароварда бошад? Карамшӯрбо (борш)-ро бештар меписандиданд. Як одати дигар доштанд, ки ягон хоҳиш агар мекарданд, тавре мекарданд, ки маҷбур мешудӣ иҷро кунӣ. Оҳанги дархосташон хеле аҷиб буд ва одам зуд аз пайи иҷрои он мешуд. Мисли кўдако, ки мегўянд "оча, фалон чиза агар нахарӣ, ғаш мекунам", он кас ҳам шўхиомез мегуфтанд, ки агар хоҳишамро иҷро накунӣ, ғаш мекунам.

Ягона камбудие, ки Лоиқ доштанд ва инро ҳама медонанд ва ҷойи пиҳон кардан ҳам нест, баъзан зиёд менўшиданд. Ҳатто агар нўшанд ҳам барои мо иди бузург буд. Дар баъзе оилаҳо агар шавҳарон нўшанду маст оянд, фитна барпо мешавад, ҷангу ҷанҷол мекунанд ва хонаро ба сар мебардоранд. Вале Лоиқ вақте аз ягон тўю маърака нўшида меомаданд, бештар аз дигар вақтҳо меҳрубонтар мешуданд, фарзандҳоро бо навозиш гирдашон ҷамъ карда, насиҳат мекарданд. Фарзандон агар пул мепурсиданд, бе он ки суол кунанд пулро чӣ мекунанд, медоданд.

Баъд саҳар мехестанд, ки киса холӣ. Шўхӣ мекарданд, ки майлаш ошашон шавад, ба кори беҳуда сарф накунанд шуд. Фарзандонашонро ҳамеша насиҳат мекарданд, ки аз дасту забони шумо бояд касе озор наёбад. Ҳеч гоҳ бо ягон одам бо овози баланд гап намезаданд, на ба шогирдону на ба ҳамкорон овоз баланд намекарданд. Одамоне ҳастанд, ки бо ҳам ҷанг мекунанд, баъзан ҳафтаҳову моҳҳо бо ҳам гап намезаннад. Аммо устод Лоиқ ин тавр набуданд. Баъзан мегуфтанд, ки як ҳафта гап намезанам, вале ҳафта куҷо, пагоҳаш баҳона мекофтанд, ки оштӣ шавем. Ягон чизеро мепурсиданд, баҳона меҷустанд. Ба гапашон, ки ҷавоб медодам, ханда мекарданд. Хандаҳои бисёр аҷиб доштанд, одам зуд фирефтаи хандаҳошон мешуду он ранҷишро аз худ дур мекард.

Қаҳрашону нияташон дар ин мавридҳо кўдакона буд. Мегуфтанд, ки ба қаҳри зану шавҳар остонаи хона механдад.

- Тартибу низоми кории мушаххас доштанд?

- Низому тартиби махсуси корӣ надоштанд ва дар ҳаёташон аслан режимро дўст намедоштанд. Ҳар вақт илҳомашон ояд, ягон мавзуъи хуб ба ёдашон расад, дар ҳар куҷо бошанд, нишаста аввал онро ёддошт мекарданд ва баъд такмил медоданд. Лоиқ доим дар ҷустуҷўи мавзуъ барои шеърҳояшон буданд. Банохост агар ба кўча мебаромаданд, ки дур нарафта, чизе ба ёдашон расид, зуд даромада менавиштанду баъд баромада, паси корашон мерафтанд. Вақте илҳомашон меомад, мо халал намерасонидем. Пай мебурдем, ки саргарми навиштани чизе ҳастанд, ки ба хотирашон омад. Аз чеҳра ва аз таваҷҷуҳашон дида мешуд, ки хеле банд ҳастанд ва набояд халал расонд. Соати чори саҳар ҳам аз хоб мехестанд, хоҳанд соати даҳи рўз мехестанд. Баъзан илҳомашон, ки омад, то саҳар ҳатто хоб накарда, кор мекарданд.

Агар илҳоми навиштан надошта бошанд, нишаста китоб мехонданд. Ва бояд гўям, ки хеле мутолиаи зиёд доштанд. Бештар Ҳофиз, Соиб ва Мавлавиро мехонданд. Ва ин се шоирро хеле дўст медоштанд.

Вақте асабӣ шаванд ва ё аз чизе дар қаҳр бошанд, бисёр сигор мекашиданд. Сигори зиёд дуд додан нишони қаҳр ё асабонияти он кас буд. Вале ягон вақт қаҳрашон ё асабонияташонро ба сари хонавода ё атрофиён намерехтанд. Ва мо дар ин ҳолатҳо як чойи талхи кабуд карда, дар пешашон мемондем ва бо ҳамин худашон тадриҷан ором мешуданд.

"Агар ман аз Душанбе бароям, он ба дасти ғосибон меафтад..."

- Мутолиаи шеърҳои солҳои охири устод баёнгари он нукта аст, ки аз он чӣ рух дод ва ба сари миллат омад, хеле дилшикаста шудаанд. Ин ҳолати руҳии устод дар хона ҳам эҳсос мешуд?

- Рўйдодҳои солҳои ҷангро хеле сахт қабул карда буданд, хеле асабонӣ мешуданд. Марҳум аслан ба тамошои филмҳову барномаҳои консертӣ рағбат надоштанд, вале барномаҳои ахборро ҳатман тамошо мекарданд. Газетаҳоро мехонданд, то аз сиёсату вазъи кишвар бохабар бошанд. Ва шеърҳои зиёд гуфтанд, ба мисли ҳамон ғазали пуршўри "Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам...", ки ҳис мешуд шоир хеле аз он чӣ ба сари миллат ва Ватан омадааст, ғамгину дилфигоранд. Тоҷикистон барояшон хеле азиз буд. Бахусус, Душанберо басо дўст медоштанд ва намехостанд аз канораш ҳатто як лаҳза дур бошанд. Ҳатто наздиктарин дўстонашон мегуфтанд, ки устод, ин рўйдодҳо ба руҳияи шумо таъсири манфӣ ба ҷо мегузорад, мо инро мушоҳида мекунем, биёед, муддате бароед аз ин шаҳр. Вале мегуфтанд, ки "ман бояд ин ҷо бошам, агар ман аз Душанбе бароям ин шаҳр ба дасти ғосибон меафтад". Мехостанд пуштибони ҳамин миллату ватану халқ бошанд. Ва агар ба шеърҳои он солҳо навиштаашон диққат диҳем, ин ҳамаро бараъло мебинед:

Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотарам,

Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам.

Устод аз миллаташон, аз тоҷик зода шуданашон ифтихор доштанд, вале агар хеле дилшикаста мешуданд, мегуфтанд, ки "Ё магар хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?" Аз ин ҳама фишори хунашон якбора баланд мешуд, борҳо дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Вале дар ягон ҳолат нияти берун шудан аз Душанберо дар сар напарварида буданд. Ҳатто соли аввали ҷанг фарзандонамон дар Панҷакент буданд, духтарамон дар хонаи модари ман буд. Рафта, ҳамаро оварданд.

- Ва боз ҳам агар ба шеърҳои солҳои охир навишта таваҷҷуҳ намоем, ҳис мекунем, ки беш аз ҳар вақти дигар мавзуъи маргу зиндагӣ бештар таҳлил мешавад. Ин хастагӣ аз зиндагӣ буд ё чизи дигар? Ва умуман дар ин бора бо шумо суҳбат мекарданд?

- Дар ин бора суҳбати махсус намекарданд, вале бисёр ишораҳо доштанд. Баъзан вақте ман эътироз мекардам, мегуфтанд, ки ту худат муаллимаӣ, наход надонӣ, ки умри инсон дурўза аст.  Мегуфтанд, ки умри ман ҳам аз панҷоҳ гузашт ва кӣ медонад боз чанд соли дигараш мондааст. Ба сари фарзанди одам ҳар бало омаданаш мумкин. Ва шариат ҳам мегўяд, ки инсон ҳар рўз бояд чандин маротиба маргро ёд кунад.

- Албатта, шахсияте чун устод Лоиқ орзуҳои зиёд доштанд ва шояд васиятҳое ҳам доштанд ба фарзандон?

- Оре, инсон бе орзу намешавад. Лоиқ ҳам ниятҳои зиёд доштанд. Фарзандонашон ҳама хонадор шудаанд ва орзуи соҳиби набера шудан ҳам ҷомаи амал пўшида буд. Аммо он чӣ, ки бештар мехостанд, таҷлили ботантанаи шастсолагии умрашон буд. Мехостанд соли 2001 шастсолагии худ ва шастусесолагии бародари азизашон Қоришарифро дар як вақт ҷашн гиранд. Ҳамчунин мехостанд ба ин муносибат куллиёти ашъорашонро ба чоп расонанд, шеърҳои то он замон чопнашударо, ба дасти чоп супоранд. Аммо ин орзуҳоро бо худ бурданд.

Дар мавриди васият бошад, ин гуна, ки чизеро ба таъкид гуфта бошанд, набуд. Марг барои ҳар инсон ногаҳонӣ меояд, хоҳ пир аст инсон хоҳ ҷавон, вай ногаҳон шарбати марг мечашад. Вале бо вуҷуд ман ҳоло ба ёд меорам, ки дар солҳои охири умрашон бештар фарзандонашонро насиҳат мекарданд ва мегуфтанд, ки аз номи падар ифтихор накунанд, балки кўшиш кунанд худашон ифтихори Ватан бошанд. Мисол меоварданд, ки "ман аз як деҳаи дурдасти куҳистон ба ин шаҳри бузург омадам, касеро намешинохтам, вале соҳиби номи худ шудам. Ва шумо ҳам кўшиш кунед соҳиби ҳамин номатон бошед. Обрўи падару модар ва авлодро нарезонед". Васияти махсусе надоштанд. Инҳое, ки гуфтам поранасиҳатҳои падар ба фарзандон буд.

Лаҳзаҳои охири умр, дидорҳои вопасин

"Пояи тобутатро бардоштаму то хонаи охиратат бурдам ва ба бистари нарми хок супоридам ва охирин бор нигаристаму гуфтам: - Додарам, додарҷонам, хонаи нават муборак бод! Алвидоъ, ҷону ҷигарам, алвидоъ, болу парам. Ватан, миллат ва тоҷик гуфта, ҷон додӣ, додарам, алвидоъ!”

Қоришариф Шералӣ, бардори устод Лоиқ

- Дар вопасин лаҳзаҳои умр киҳо дар сари болинашон буданд? Ҳарфи охиринашон чӣ буд?

- Мо ҳама сари болинашон будем. Одамони бисёр меомаданд ба аёдаташон. Ва чун фишорашон баланд буд, бисёр кам чизе мегуфтанд, ки шунаво бошад. Ба ҳар ҳол ҳар чизе мегуфтанд, зуд иҷро мекардем. Масалан, об мегуфтанд бештар, ки зуд медодем. Боре соаташонро пурсиданд, ки ба дасташон додем. Хоҳари шафқат шухӣ кард, ки устод нияти ягон ҷо рафтан доред, ки соат пурсидед. Табассум карданду дигар чизе нагуфтанд. Як бор ба ман гуфтанд, ки ман нотобам, маро хона бар. Гуфтам, ки ба ман иҷозат намедиҳанд, ки шуморо барам. Иҷозат нест аз ҷоятон ҷунбонам, каме беҳтар шавед, зуд хона мебарам. Ва лаҳзаҳои охирини умрашонро дақиқа ба дақиқа дар хотир дорам ва гумон намекунам, ки фаромўш кунам. Ҳолате буд, ки дигар об ҳам аз гулўяшон намегузашт, хеле лаҳзаҳои ҷонкоҳ буд...

- Дар як шеъри устод то ҳадде дилмондагӣ аз ҳамдиёронашон эҳсос мешавад. Ҳатто онҳоро "мазориёни тунукмеҳр" меноманд. Ин таърихе ё сабабе дорад?

- Дар ин бора чизи мушаххас гуфта наметавонам. Ман ҳам ин шеърашонро хондаам, вале напурсидам, ки чаро чунин навиштаед. Гумон мекунам, ягон бор рафтанду касе димоғашонро сўзондааст, шояд гапе шунидаанд, шояд аз чанд касе ранҷидаанд. Вале дар маҷмуъ дар Мазори Шариф хеле дўсташон медоранд. Албатта, ин шеъре, ки шумо аз он ёд кардед, беҳуда пайдо нашудааст, шояд чизе ҳаст, ки ман намедонам, чун рости гап, напурсида будам. Чуноне гуфтам устод дар зиндагӣ куллиёти шеърҳояшонро чоп накарда буданд, вале ният доштанд ва барои ин омодагӣ ҳам мегирифтанд. Мегуфтанд, ки "баъзе шеърҳоро дар замоне навиштаму дигар даст назадам ва баъзе аз онҳо куҳнаанд, ки бояд хати батлон кашам". Вале чун ин шеърро худашон қалам назаданд ва аз чоп берун накарданд, вақти нашри куллиёт тибқи қонун мо ҳам ба онҳо нарасидем ва тавре буд, ба чоп додем. Ва ба гумонам худашон мебуданд, мумкин ин гуна шеърҳоро ҷо намедоданд.

Ба ҷойи охирсухан

"Худованд ба ин хотир инсонҳои азизи моро мебарад, ки ҳақиқати маргро бовар кунем ва худро ба рафтан омода созем. Рафтан он қадар мусибати бузур нест, вақте медонӣ, ки пайвандону меҳрубонони ту дар он олам нишастаанд ва муҳаббат ҳам он ҷост".

Темур Зулфиқоров

Ба поёни суҳбати хонуми арҷманди шоири маъруф расидам. Мехостам ба он нуқта гузорам. Вале андешаи дигар ба сарам зад ва ҳамроҳ бо писарам Муҳаммадиқбол, ки он вақт хонандаи мактаби ба номи устод Лоиқ буд, ба оромгоҳи Лучоб рафтем. Сари манзили устод таваққуф кардем, баъди дуо ба ў гуфтам:

- Мактабе, ки ту мехонӣ, ба номи ин бузургвор аст, ки ҳоло барояш даст ба дуо кашидӣ. Ва аз ў хостам, ки катибаи рўи қабрро бихонад:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Ва ёдам омад, ки устод Лоиқ соли 1941 баъди расо ҳазор соли даргузашти Рўдакӣ дар қадамгоҳи Одамушшуаро чун руҳи бебоки шоири замон по ба арсаи ҳастӣ гузоштанд. Пас ин руҳ баъди ҳазор соли дигар зинда ба олам меояд. Аммо бо номи дигар ва барои насли дигар...

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ

Шарҳ: Ин мусоҳиба комил дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд.

Барчаспҳо: