Нақши китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир

Дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китобхо­наҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир», ки бо ибтикори Китобхонаи  патентию техникии Муассисаи  давлатии «Маркази  миллии  патенту  иттилоот»-и  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла,

- роҳҳои пурранамои фонди китоб бо китобҳои тозанашр;

- истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти  кори  китобхона;

- омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи китобдорӣ;

- ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандон дар Муассисаи давлати Китобхонаи миллии Тоҷикистон;

- омода кардани шакли ягонаи  ҳуҷҷатнигорӣ, маводҳои техникии китобхона;

- аз нав эҳё намудани китобхонаҳои сайёр дар минтақаҳои дури аҳолинишин ва ғайра.

Дар ин конфронс намояндагони қариб ҳамаи китобхонаи кишвар ҳузур доштанд ва дар баррасии масъалаҳо бо пешниҳодҳои мушаххас ширкати фаъолона доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин конфронсу ҳамоишҳо дар  густариш  ва  рушди  соҳаи  китобдории  ҷумҳурӣ, баланд  бардоштани  мақом  ва   нуфузи соҳа, савияи дониш, такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои  ҷумҳурӣ, ҳамкории китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шиносой бо дастовардҳои  китобхонаҳои  ҷумҳурӣ  ва  истифодаи  технологияи муосири иттилоотӣ дар кори  китобхонаҳои якдигар, мусоидат хоҳад кард.

Бояд таъкид намуд, ки  вазъи китобхонаҳо дар минтақаҳо якранг нест. Ҳарчанд дар фаъолияти китобхонаҳои маркази ҷумҳурӣ ва вилоятҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд, аммо дар аксари навоҳии кишвар соҳаи китобдорӣ ба мушкилоти зиёде рӯбарӯст ва ҳалли мушкили онҳо аз муносибати  масъулони вазорату  идораҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ва  ноҳияву  ҷамоатҳо вобаста мебошад.  

Валиев Ҷамил,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: