Activities calendar

05 марти 2019

Фаъолияти пурсамари шуъбаи илми-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

   Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар сохтори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон (собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абул­қосим Фирдавсӣ) соли 1969 таъсис ёфт. Тўли фаъолияти беш аз 40 солаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон (яъне то соли 1969) дар ин ҷо китобу маҷмўа, дастурҳои библиографӣ, методӣ, таҳқиқотӣ, маълумотномаҳо, нишондиҳандаҳо, мақолаҳои илмию оммавии зиёд ба табъ расиданд, ки масоили китобхона гуногуни ба китобу китобхона марбутро баррасӣ менамуданд.

Муқаддима Ашрафӣ - минётурашинос, либреттонависи муваффақ

   Дар таърих кам касонеро метавон пайдо кард, ки дар риштаи пажӯҳишҳо аз таърихи минёнтураҳо шӯҳрат ёфта, вале боз мусиқишиносу мусиқинависи муваффақ ҳам бошад. Муқаддима Ашрафӣ, духтари Мухтор Ашрафӣ аз ҳамин қабил касон аст, ки дар ҳамин ду ришта муваффақ будааст.

   Муқаддима Ашрафӣ Мухторовна профессор, санъатшинос 5 - уми июли соли 1936 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст.  Духтари  Мухтор        Ашрафӣ.  Хатмкардаи мактаби мусиқии шаҳри 

Суратам як қатрае аз баҳри маънии Худост...

   Аҳмади Ҷом, Абунаср Аҳмад ибни Абулҳасан, мулаққаб ба Жандапил, Пири Ҷом ва Шайхулислом,   тақрибан соли 1048 дар шаҳри Ҷоми вилояти Ҳирот ба дунё омадааст. Соли 1141 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Шоири мутасаввиф, намояндаи машҳури суфиёни Хуросон.  Аз авлоди саҳоби Ибни Саъд.

   Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ кард, вале то 22-солагӣ зиндагии бенизоме дошт. Баъдтар гўшаи узлат  интихоб намуда, ба касби илму риояи шариат пардохт ва баъди 12 соли ҳаёти парҳезкорона ба кўҳистони Ҷом рафта, ба зуҳду тоату ибодат машғул шуд. Дар 40-солагӣ аз куҳистон ба деҳаи худ омада, дар он ҷо хонақоҳ барпо намуд ва ба вазъу иршод пардохт.

Даргузашти Салими Найсорӣ-яке аз бузургтарин ҳофизшиносони олам

   Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Ба гузориши “Мардумсолорӣ Онлойн” номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Парвизи Нотил-Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.