Ҳамду сано ба зан – модар, ки муҳаббати
ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният
ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Эмомалӣ Раҳмон
Бонувони гиромӣ!
Зан – модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, садоқату рафоқат, файзу баракат хоса зинати умри инсон ва нахустин омӯзгори башарият дар зиндагист.
Таваҷҷуҳи пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси мақоми махсуси назоратбаранда сабаби самарабахш гардидани фаъолияти бонувон дар зинаҳои гуногуни роҳбарии сиёсиву давлатӣ ва фарҳангӣ шудааст, ки боиси ифтихор аст.
Чунончи дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омадааст: «Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд».
Аслу ҷавҳари Рӯзи модаронро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан–модар ташкил медиҳад. Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Вале барои инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ў бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст. Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, арзишмандтарин шахс дар олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди оламгир ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нур мепошад. Инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз модар эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомўзонад.
Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун тимсоли покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш меёбад.
Боиси хушнудист, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бонувон мақоми баландро соҳиб буда, дар ҳаёти кишвар нақши созандае доранд. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумла омадааст:
«Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Зарур аст, ки дар оянда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бештар занону духтарон ба кор ҷалб карда шаванд.
Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад».
Паёми Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеаи Тоҷикистон таъмин буда, мақоми бонувон дар ҷумҳурӣ рўз ба рўз мустаҳкамтар мегардад.
Модарону бонувони кишварро ба муносибати фарорасии фасли баҳори хуҷастапай ва Рўзи модарон самимона муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ, хонаободӣ, фаъолияти пурсамар ва эҳсоси фараҳмандиву бахту саодати воқеиро таманно дорам!
Бо эҳтиром,
Сайфиддин Назарзода,
Директори Китобхонаи
миллии Тоҷикистон