Қонуни танзим аз дидгоҳи муовини Директори Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-08-28 12:11
Муовини Директори Китобхона миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова бар ин назар аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум аст.
Салима Раҷабова, ки субҳи имрӯз дар хабаргузории давлатии “Ховар” суҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, ки қонун ба мардум сабукӣ овард. “Як мусибате, ки болои оилаҳо пайдо мешуд, дар баробари талху сангин буданашон боз бар замми он ин маросимҳои беҳудае чун се, ҳафт, бист, чил ва ғайра андуҳ ва мушкили мардумро дучанд мекарданд. Мардум ба қавле “мурдаро монда, тутхӯрӣ” мекарданд. Ин қонун бо татбиқи худ миллати тоҷикро аз банди хурофоту бегонапарастӣ раҳо намуда, ба мардум башорати шоиста хоҳад дод”.
Матни комил суҳбати Салима Раҷабова ин ҷост:
Қонуне, ки танзимкунандаи зиндагӣ ва таҳкимбахши тафаккури мардум аст