Амруллоҳи СОЛЕҲ: Тоҷикистон яке аз беҳтарин системҳои иҳсоияро дар минтақа дорад

“Фақр аз шаҳри Душанбе барчида шудааст. Дар ҳар маҳаллаи шаҳр тафреҳгоҳҳои қашангу муназзам сохта шудааст. Чандин ҳутели панҷситора сохта шудааст ва ба гуфтаи худашон, ҳоло тавоноии мизбонӣ аз 12 раиси давлатро дар як замон доранд. Шаҳр аз диди сафоӣ қобили муқоиса бо Суис («Швейтсария») ва ҳатто беҳтар аз он аст. Ҳатто як бутал (бутрӣ; “бутылка”) ва харитаи плостик (кисаи плостикӣ)-ро дар ин чанд рӯз дар саракҳо (кӯчаҳо) надидам”.

Иқтибосе аз гуфтаҳои як вазири собқи Афғонистон, ки баъди 16 сол бори дигар ба Душанбе омадаву пешрафтҳое дар пойтахти кишвари азизамон мушоҳида кардааст. Дидгоҳи як хориҷӣ ва он ҳам ҳамзабони мо бароямон мои ифтихор аст. Як вазире мушоҳидаҳояшро навишта ё гуфта ва пешрафту рушди қобили мулоҳизаро дар кишвари мо дидааст.  Метавон бо итминон гуфт, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ боз ҳам гомҳои устувор бардоштааст ва ин пешрафтҳо аз чашми як меҳмони хориҷӣ дур намондааст.

Идомаро ин ҷо бихонед: www.khovar.tj

Барчаспҳо: