КАМОЛ НАСРУЛЛО дар бораи Ваҳдат, муҳаббат ва Ватан ва хушбахтии халқу миллат

Ташаккулёбии миллати  аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат аз таълиму тарбия дар хонавода, кӯдакистон мактаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва тамоми идораву муассисаву ҳар нафар шахси масъули ҷомеа вобастагӣ дорад, то ҳар нафар дар ин кишвар бо муҳаббату садоқат ба ватани азиз, ба ғояҳои баланди Истиқлолияти  давлативу Ваҳдати миллӣ тарбият ёбанд.  Муҳаббату садоқати ватандорӣ на фақат дар забон, балки дар сиришт, дар хуни ҳар нафар ҷараён дошта бошад. Зеро ин муқаддастарин ва бегазандтарин силоҳи нигаҳдорандаи Ватан хоҳад буд. Ҳифзу  тарғиби арзишҳои меҳварие, ки ҳастии насли имрӯзро ташаккул ва рушд медиҳад, дар муқобили  равандҳои ҷаҳонишавӣ,  алайҳи муборизаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсими дунё ва неъматҳои моддӣ тавонанд истодагарӣ кунанд.

Истиқлолияти давлатии мо 26-сола шуд ва Ваҳдати миллиамон ба синни 21 даромад. Яъне ду ҷавоне, ки дар айни камолоту пешрафтанд ва ҳанӯз имкони омӯзишу парвариш ва  ноил шудан ба пирӯзиҳои дигарро доранд. Биёед, даст ба рӯи сина гузошта, дилсофона дастоварду комёбиҳои дар ин муддат ба дастовардаи мамлакатамонро дар рӯ ба рӯи камбудиву норасоиҳо бигузорем ва бубинем, ки як паҳлӯи тарозу — паҳлӯи комёбиҳои он нисбат ба паҳлуи нуқсонҳои мавҷуда хеле ва хеле гаронтар аст. Аз ин рӯ,  такя ба хубиҳо бояд кунем, бидуни гумону шубҳаҳои ботил ва бемавриду зиёновар  дар роҳи пешрафту тараққиёти Ватанамон  бошем. Ба хурдагириву айбҷӯиҳо роҳ надиҳем, ки метавонанд рахна ба муқаддастарин дастоварди мо, Ваҳдати миллиамон бизананд.

Дар мулоқоти  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  доир гардид,  ҷиддитарин ва муҳимтарин масъалаҳои милливу ҷаҳонӣ, таҳқиқи амиқи вазъияти дохиливу беруна, ки дар пешорӯи халқи кишвар ва ҳар яки мо гузошта шудааст, баромад карданд, ки чун ҳамеша беҳтарин раҳнамои мо дар иҷрои барномаи ҳадафноки давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Инак, мо чанде аз муҳимтарин масъалаҳои аз ҷониби Пешвои миллат гузошташударо мавриди гуфтугӯи худ қарор медиҳем.

Дар мавриди баррасии вазъи ҷаҳони муосир

Бо мутолиаи суханронии Пешвои миллат  дар мавриди “ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ” сурату симои ҷаҳони муосир бармало ба тасвир меояд. Сарвари кишвари мо “вазъи зиндагии олитарин гавҳари офариниш, яъне инсонро дар гаҳвораи ӯ – сайёраи Замин” ҳаққонӣ ва образнок ба тасвир меоранд ва мушкили бар сари инсон омадаро боварибахш нишон медиҳанд. Далелҳое, ки оварда мешаванд, мисли: азият кашидани як миллиону 400 ҳазор кӯдак аз оби ошомиданӣ дар ҷаҳон; ҳар дақиқа аз бемории сироятӣ нобуд шудани як кӯдаки навзод вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок; ҳар сол аз норасоии об вафот кардани се миллиону чорсад ҳазор одам; азияти ҳаштсад миллион нафар аз норасоии ғизо  ва дар шароити қашшоқӣ  зистани як миллиард нафар кӯдакон ва аз ҳамин иллат ҳар сол нобуд шудани 22 ҳазор кӯдак рашъа дар бадани ҳар одами солим меандозад.

Вазъияти ҷаҳони муосир бар асари муноқишаҳои мусаллаҳона низ аз ҷониби Пешвои миллат таҳлилу баррасии амиқ ёфта, сурати асли ин вазъият ба ҳар яки мо муайян мегардад. Ин муноқиша дар чил нуқтаи олам тақрибан 30 давлати дунёро бевоситаву бавосита ба худ кашидааст. Танҳо дар ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, ҳафт миллиону шашсад ҳазор нафар беватан гардиданд. Дар маҷмӯъ, дар ин ҷанги бемаъно 460 ҳазор кас кушта шуд.

Сарвари  давлати  мо нафақат ин далелҳоро меорад, балки  ҳақиқат ва сабаби  рух додани онро низ мегӯяд ва мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.

Инак, агар мо дар пешорӯи ин даҳшатҳо, ин ҳама куштору хунрезиву бесоҳибиву беадолатиҳо тинҷиву амонӣ ва пешрафту ободкориҳои  Ватанамонро гузорем, дарк хоҳем кард, ки чаро сари ҳар вақт Сарвари давлат  ба мо хитоб мекунад:  “ Шукрона кунед, ки чунин давлати  ободу зебо ва Ватани осоишта доред!”.

Ва воқеан, хушбахтона, дар муқоиса бо ин даҳшатҳое, ки дар ҷаҳони имрӯз дида мешавад, мо дар Ватани  биҳиштосои тинҷу орому шукуфони худ зиндагонӣ мекунем ва ҳазор бор шукри Худованди карим ва шукри Пешвои ватандӯстамон бояд бикунем.

Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккулёбии миллат

Аммо чунон ки Пешвои миллат дар суханронии худ таъкид карданд: “Вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имконияти вуҷуд доштану рушд  кардан медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид  бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд. Яъне мардум бояд ҳувияти миллӣ  ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ бо роҳи таърихии дар Конститутсия  интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.” Ва ин масъулиятро чунон ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд амиқ дарк кунад.

Ташаккулёбии миллати  аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат аз таълиму тарбия дар хонавода, кӯдакистон мактаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, олӣ ва тамоми идораву муассисаву ҳар нафар шахси масъули ҷомеа вобастагӣ дорад, то ҳар нафар дар ин кишвар бо муҳаббату садоқат ба ватани азиз, ба ғояҳои баланди Истиқлолияти  давлативу Ваҳдати миллӣ тарбият ёбанд.  Муҳаббату садоқати ватандорӣ на фақат дар забон, балки дар сиришт, дар хуни ҳар нафар ҷараён дошта бошад. Зеро ин муқаддастарин ва бегазандтарин силоҳи нигаҳдорандаи Ватан хоҳад буд. Ҳифзу  тарғиби арзишҳои меҳварие, ки ҳастии насли имрӯзро ташаккул ва рушд медиҳад, дар муқобили  равандҳои ҷаҳонишавӣ,  алайҳи муборизаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ барои тақсими дунё ва неъматҳои моддӣ тавонанд истодагарӣ кунанд.

Зеро, -таъкид мекунанд Пешвои миллат, —  тавре таърихи башарият нишон медиҳад, танҳо давлат ва халқҳое умри нисбатан дарозро дидаанд, ки онҳо аз имкониятҳои дар ихтиёрдоштаашон пурра ва дурусту оқилона истифода карда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тарбият кардаанд”.

Сарвари давлат  таъкид мекунанд, ки танҳо дар натиҷаи сарҷамъӣ ва иттиҳоди аҳолии Тоҷикистон, аз ҷониби наслҳои имрӯзаву оянда меҳвари  зиндагӣ ва фаъолияти худ қарор додани  арзишҳои бунёдии далатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлатӣ метавонад халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона ба ҳамешагӣ муҳофизат намояд ва тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуну маърифатофар муаррифӣ бинамояд.

Пешвои миллат ба таври хеле рехта барномаи воқеӣ ва ягона дурусти тарбияи насли сазоворро пешниҳод кардаанд. Ва ин ки дар ин ҷода,  аз ин пеш ҳам корҳои зиёде дар кишвари мо карда шуда ва заминаҳои лозима фарҳам оварда шудааст, ҷойи шубҳа надорад. Аммо Сарвари мо оид ба камбудиҳои вуҷуддошта дар  самти худшиносии милливу динии мардуми мо, мушкилоту камбудиҳое, ки ҳанӯз кам нестанд, сухан ронда, таъкид мекунанд, ки ин мушкилотро ҳаргиз наметавон “бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ, ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ” аз байн бурд, балки он “танҳо тавассути тарбияи мунназами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа – аз оила то коргоҳ бартараф карда мешавад”.

Миллате куҳанбунёд ва соҳибтамаддуне чун миллати мо дар таърих донишандону нобиғагони оламшумулро ба дунё дода, онҳо таҷрибаву заминаҳои илмию фарҳангӣ, арзишҳои маънавии халқи моро замина ниҳодаанд ва таълимотеро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳамеша дастури хубе барои такомули маънавиёт ва ташаккули милии навин аст. Аз ин рӯ дар таълимоту гуфторҳои худ Пешвои миллати  мо ҳамеша такя ба онҳо мекунанд ва муносибати дуруст ба арзишҳои маънавӣ ва эътиқодиро  дар паҳнои манфиатҳои давлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа меҳисобанд. Ба андешаи Роҳбари давлатамон   ғизо гирифтани истиқлолияти фикрӣ ва эътимодӣ  аз решаҳои таърихии афкори инсондӯстонаи ниёкон ва ҷаҳонбинии пешрафтаи башарӣ  яке аз воситаҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, рушди маънавӣ ва озодиҳои эътиқодии халқро таъмин менамояд. Зеро гузаштагони арҷманди мо саҳми бузурги худро бо дастовардҳои пурарзиши илмию эҷодии худ дар рушди маънавии башарият гузоштаанд. Пешвои миллат дар ин ҷода омӯзиши таълимоти асосгузори мазҳаби ҳанифӣ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам ва дигар фарзандони халқи тоҷик – Муҳаммад-ал -Бухорӣ, Абӯҳафси Кабири Бухороӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯҳакими Самарқандӣ, Шайх  Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мотуридии Самарқандӣ ва дигаронро, ки саҳми беназир дар рушди илму ирфон ва донишу фалсафаи башарӣ гузоштаанд, муҳим меҳисобанд.

Некӯкорӣ ва хайру саховат ва ободонии кишвар

Дар суханронии Президенти мамлакат мафҳумҳои номбурда, яъне некӯкорӣ, хайру саховат ва ободонии мамлакат  ба маънои тавъамон бо ҳам меоянд. Зеро дар он ҷойе ки хайру саховат ва некӯкорӣ ҳаст, ободиву фаровонӣ низ роҳ меёбад.

Табиист, миллате, ки аз қадимулайём  фалсафаи зиндагӣ, ҳадафҳои иҷтимоӣ ва ормонҳои миллии худро бар пояи некманишиву хайрхоҳиву башардӯстӣ бунёд гузошта, гуфтору кирдору пиндори некро шиори ҳастии худ қарор додааст, дар замони навини эҳёи дубораи  худ кохи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати милии худро низ дар ин зербуни бегазанди аҷдодӣ бунёд хоҳад кард. Аз ин рӯст, ки ин таъбирҳо, яъне хайру саховат, некӯкорӣ ва ободонӣ суханҳое ҳастанд, ки ҳамеша вирди забони Сарвари хирадманди  моянд. Ин буд, ки саҳифаҳои дурахшони фаъолияти Пешвои миллати моро хайру сахо, парастории бепарасторон, ғамхории ятимон, ободонии манзилҳои зисти онҳо ташкил медиҳанд, то ҷойе, ки тамоми ятимону бепарасторони ҷумҳурӣ  он касро падари худ меҳисобанд. Ба ин васила, хусусан  рӯ овардан ба шукуфоӣ ва ободонии мамлакат  яке аз падидаҳои дурахшони истиқлолияти мост. Баъд аз ободиву бунёдкориҳои бемисл дар пойтахт- аҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Пешвои миллат дар мулоқоти  навбатии худ бо намояндагони ҷомеа масъалаи ободонии маҳалҳову деҳоти дурдастро гузоштанд, ки боиси қаноатмандӣ ва сарфарозиҳои мардуми мо буда, аз мақсадҳои наҷиб ва дурбинонаи Роҳбари давлат  оид ба баланд бардоштани сатҳ ва шароити зиндагии халқи мо дар тамоми гӯшаҳои Ватан  дарак медиҳад. Чунинанд ин суханони қиматбаҳо:

 “Дар давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, вусъат дода шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ (манзур ҷашни 30 солагии истиқлолият) анҷом дода шаванд”.

Исломи солим, на  террористиву ифротгаро

Аз оғози истиқлоияти мамлакат  то ба имрӯз  дар Тоҷикистоне, ки аҳолияшро асосан мусулмонон ташкил медиҳанд, дар бисёре аз суханрониҳои худ Президенти ҷумҳурӣ  ҷонибдори дини мубини ислом ва исломи созандаву таҳаммулпазир буданашонро борҳо баён доштаанд. Таҷлили ҷашни Имоми Аъзам солиёне пеш ва барпо намудани Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд бо иштироки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла,  кишварҳои исломӣ чанде пеш дар шаҳри Душанбе   дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез” ва муносибатҳои неки давлативу дипломатӣ бо кишварҳои исломии дунё мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  муайян намудааст.  Сарвари давлати  мо чунин мешуморанд, ки:

 “Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини  эътиқод ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд”

Боиси таасуф аст, ки баъзе ҳамватанони фиребхӯрдаи мо  ба ин ҷараёнҳои пурғарази экстремистиву террористӣ, ки ҳеҷ мансубияте ба исломи асил надоранд, пайваста барои ғояҳои дурӯғин, ки бо номи ислом барои бадном кардани он  тарҳрезӣ шудаанд, дар ин роҳ худ ва хонаводаҳои худро ба қурбонӣ додаанд.

Дар суханронии Пешвои миллат бори дигар ба мо ҳушдор дода мешавад:

 “Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд. Ва манбаи тарбияти инсони комилро аз даст медиҳанд. Ҳол он ки даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд”.

Онҳое, ки бо ҳадаф ва ғаразҳои дигар эшонро ба ин майдон кашидаанд, ба ҷуз аз харобкориву хунрезиҳо чизе ба бор намеоваранд ва ҳаргиз парвои адлу оромишу осудагӣ ва мушкилоти зиндагии онҳоро надошта, худ зархариди абарқудратоне ҳастанд, ки рафтору аъмол ва ҳадафҳяшон ба дини мубини имслом робитае надорад. Ва ин ҳамдиёрони роҳгумзадаи мо ба дасти худ рӯзгорашонро хароб карда, ҳастии худ ва фарзандону ҳаммеҳанонашонро ба дасти фано месупоранд, онҳоро бехонаву дар ва беватан мегардонанд.

Аммо дар  давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар муҳити сулҳу ваҳдат, ободониву бунёдкориҳо халқи заҳматдӯсту  тамаддунпарвари тоҷик мӯътақид ба дини мубини ислом ва бо иҷрои ҳамаи фаризаҳои динии худ бо дарки он ки арзишҳои некигаро ва хайрхоҳонаву инсонпарваронаи исломӣ ҷузъи фарҳанги миллии мо мебошанд, ватандӯстона бо заҳмати ҳалол, чунон ки асрҳо хоси ин миллати некӯманиш будааст, зиндагонӣ доранд.

Миллатамонро дӯст дорем

Бунёди ҳама нишоту хушбативу сарбаландии инсон муҳаббат аст. Муҳаббат аст, ки моро раҳнамоӣ ба некиву хайрхоҳиву ҷавонмардиҳо менамояд. Ва баландтарин муҳаббате, ки метавонад омили хушбахтии як халқ ва ё як миллат бошад, бемуҳобот муҳаббат ба Ватан аст. Аммо ин муҳаббат ҳамон вақт самараи нек медиҳад, ки бунёд ба маърифату савод ва фарҳанги баланд дошта бошад. Ин ҷо овардани суханони Пешвои миллат аз ин суҳбати воқеан пурмуҳтаво ва фарогир ба маврид аст, ки таъкид кардаанд:

 “Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд. Яъне, ба сатҳи меъёрҳои байналмиллалӣ расонидани соҳаҳои илму маориф, тарбия кардани наслҳои ояндасоз ва кадрҳои замони нав вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки  мост.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро  ба ҷомеаи башарӣ таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Таъкид месозам, ки миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаи Ватани маҳбубамон  аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд…”

Воқеан суханони тиллоӣ! Кош онҳо амалӣ мешуданду орзуҳои наҷиби Пешвои миллатамон ба вуқӯъ мепайвастанд. Албатта, ин таъкидҳои  Сарвари давлат масъулияти ҳар яки мо, хусусан кормандони соҳаи маориф, муаллимон ва омӯзгорронро  даҳчанд боло мебардорад. Ин фармудаҳои Роҳбари давлат  танҳо ҳамон вақт амалӣ мешавад, ки дар мактабҳои миёнаву олӣ танҳо саводу дониш ва қобилияти хонандагону донишҷӯён дар мадди аввал гузошта шавад, на меъёрҳои дигар. Аз ин назар,  мо аминем, ки дар ин соҳа ва шуури ҳар яки мо як табадулоте ба манфиати халқ ва давлат ба амал бароварда мешавад.  Суханҳои бо муҳаббат ва ғамхории беназир гуфтаи Пешвои миллат  набояд  дар ҳаво бимонанд.

Мо танҳо чанд масъалаеро, ки аз суханронии Президенти мамлакат  бармеоянд, мавриди назар қарор додем, дар сурате, ин суханронӣ масълаву раҳнамоиҳои зиёди рӯзгори моро фаро мегирад, ки ҳар яке бояд мавриди омӯзиш, пайгирӣ ва ҳаллу фасли мо ва мардуми Тоҷикистон бошад, зеро аз пайгириву иҷрои онҳо фардои шукуфону самархези Меҳану халқи мо вобастагӣ дорад.

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон. 

Манбаъ: Сомонаи “Ховар”

Барчаспҳо: