Ниҳонӣ барои кӣ шарт гузошт?

Дар тазкираи «Ҳафт шаҳри ишқ» омадааст: Хонум Ниҳонии Кирмонӣ шоире латифтабъ буд. Ва бо волидаи Шоҳсулаймон мусоҳабату ҳамнишинӣ дошт. Падари Ниҳонӣ ҳам аз сардорони бузурги султон буд ва мақоме баланд дошт. Ниҳонӣ аз ҳар ҷиҳат саромади ақрон (ҳамсолон, ҳамнишинон)-и худ буд ва овозаи ҷамоли дилкашу фитрати баланди ӯ бар сари забонҳо уфтода буд. 
Бузургони қавм аз ӯ хостгорӣ менамуданд, аммо ҷавоби мувофиқе намешуниданд. То ин ки Ниҳонӣ барои мувофақат ҷиҳати издивоҷ шарте ниҳод. Шарт ин буд, ки ӯ як рубоӣ суруд ва гуфт, ки ин рубоиро дар чаҳор савқи бозор овезон кунанд. Ва муқаррар кард, ки ҳар кас манзур ва мафҳуми онро дарёфта ва ҷавоби онро бинависад, дар ҳибола (қайд)-и никоҳаш дармеояд. 
Рубоии Ниҳонӣ ин буд:

Аз марди бараҳнарӯй зар металабам, 
Аз хонаи анкабут пар металабам. 
Ман аз даҳани мор шикар металабам 
В-аз пашшаи мода шери нар металабам.
 

Солҳо гузаштанд ва аз шоирони бузурги он рӯзгор ҳич кас аз уҳдаи ҷавоб барнаёмад, то ин ки Саъдуллоҳхон, вазири адиби Шоҳиҷаҳон дар Ҳинд рубоиро шуниду ба маънои он воқиф гашт ва ин рубоиро дар посухи ӯ гуфт:

Илм аст бараҳнарӯ, ки таҳсил зар аст, 
Тан хонаи анкабуту дил болу пар аст.
Заҳр аст ҷафойи илм, маънӣ шикар аст 
Ҳар пашша к-аз он чашид, ӯ шери нар аст!

Аммо пеш аз он ки ин рубоӣ ба дасти Ниҳонӣ бирасад, умри Ниҳонӣ ба сар омада буд ва ӯ аз дунё рафта буд! Ва касе нафаҳмид, ки Ниҳонӣ ин рамзро барои чӣ касе гуфта буд, ки ӯро дар сарзамини худ наёфт. 

Навиштаи Аҳмади Қамбарии Род
Аз сайти Мусофири калом
.
Таҳияи Обид Шакурзода

Барчаспҳо: