Теъдоди китобҳо ва нашрияҳои чопӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 5,8 миллион адад расидааст
Нашр шуд 2018-05-29 12:06
Бойгонии китобу маҷалла ва рӯзномаҳо дар Китобхонаи миллӣ ба бештар аз 5,8 миллион нусха расидааст. Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ иттилоъ дод. Абдусалом Мирализода, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши байналмилалии «Таърихи пойтахтҳои ҷаҳон» суханронӣ мекард, бойгонии нашрияҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бештар аз 5,8 миллион нусха арзёбӣ кард. Вай гуфт: “Аз ҷумла, 2574 нашрияи муътабари гаронарзиш, беш аз 25 ҳазор китобҳои нодир, бештар аз 130 ҳазор нашрияшҳои хориҷӣ бо 45 забони олам, ҳамчунин наздик ба 1 миллион китобу маҷаллаҳо дар шакли электронӣ мебошад”.
Ин ҳамоиш рўзҳои 21-22-юми майи соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд ва он ба ифтихори 20-солагии шаҳри Остона-пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда буд. Дар чорабинии мазкур директорони зиёда аз 15 китобхонаи ҷаҳон, аз ҷумла Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мирализода Абдусалом Мустафо иштирок намуда, дар мавзўи «Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон: тамоюл ва ташаккул» суханронӣ намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки бинои нави Китобхона барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шуда аст. Хазинаи китобҳо дар 28 махзани нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ҷойгир карда шудааст. Китобхона дорои толорҳои хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар намудҳои асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотии ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Аз ҷумла, 25 толори хониш бо 1458 ҷои нишаст барои хонандагон мавҷуд аст. Аз ин ҳисоб 274 таваққуфгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ барои хонандагон ҷудо гардидааст. Китобхона дорои 3 намоишгоҳи китоб: осорхонаи китоб барои ба намоиш гузоштани дастхатҳои қадима ва китобҳои нодир; галереяи китоб барои созмондиҳӣ ва баргузории намоишгоҳҳои китоб доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ва намоишгоҳи китобҳои тозанашр мебошад. Имрӯз дар ин се намоишгоҳ беш аз 2500 китоб ба намоиш гузошта шудааст. Дар китобхона 9 маҷлисгоҳ ва толорҳои баргузории ҷаласаву симпозиумҳо мавҷуд аст, ки дорои 1100 ҷойи нишаст мебошад. Инчунин барои хонандагон 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ ва 558 ҷойи таомхӯрӣ дар ошхонаҳои китобхона муҳайё карда шудааст.
Абдусалом Мирализода дар идома афзуд: дар айни замон Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар бойгонии худ бештар аз 5,8 миллион нусха китоб ва нашрияҳои давриро гирд овардааст. Аз ҷумла 2574 нашрияи муътабари гаронарзиш, беш аз 25 ҳазор китобҳои нодир, бештар аз 130 ҳазор нашрияшҳои хориҷӣ бо 45 забони олам, ҳамчунин наздик ба 1 миллион китобу маҷаллаҳо дар шакли электронӣ мебошад.
Профессор Абдусалом Мирализода изофа кард: «Ҳар сол ба ҳисоби миёни аз 30 то 35 нусха нашрияҳо аз манбаъҳои гуногун ворид мешаванд. Фонди китобҳо аз ҳисоби обуна, харидории нусхаҳои ҳатмӣ, тӯҳфаҳо ва табодули байналмилалӣ пурраву ғанӣ мегардад».
Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханрониаш дар бораи барномаҳои системаи иттилотии «ALEPH» (Алеф) нақл кард, ки дар Китобхонаи миллӣ васеъ истифода мешавад.
Ҳамзамон, аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу аксҳои бозгўкунандаи таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муносибати дўстию бародарии тоҷику қазоқ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хеле хуб пазироӣ гардиданд.