Академик Раҳим Масов бар асари сактаи мағзӣ аз олам даргузашт

Яке аз пуркортарин ва маъруфтарин муаррихони мусоири тоҷик, академик Раҳим Масов дар синни 79-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ аз олам даргузшт. Раҳим Масов аз ҷумлаи олимони пурғурур ва шахсияте бо рӯҳияи миллӣ буд. Пажӯҳишҳои олим ҷанбаҳои норушани таърихи миллат баъди инқилоби Октябрро бештар рушан мекунанд. Вай аввалин таърихнигоре буд, ки ба масъалаи тақсими ҳудудӣ дар солҳои инқилоби ленинӣ бо назари нав нигарист ва дар ин мавзуъ се китоб таълиф намуд, ки машҳуртарини он “Таърихи табартақсим” буд.

Раҳим Масов 16-уми  ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарв (Дуршер)-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Таҳсили ибтидоӣ ва маълумоти синфи 7-ро дар Хонаи бачагони шаҳри Хоруғ гирифта, баъдан дар мактаб-интернати Душанбе тарбия гирифтааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси таърихшинос дар соли 1961 хатм кардааст.

Пас аз анҷоми таҳсил ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистондаъват намуданд. Дар ин муассисаи бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ карда, аз тамоми зинаҳои илмию маъмурии он гузаштааст.

Соли 1967 рисолаи номзадиашро, ки дар ҷумҳурӣ нахустин таҳқиқоти таърихнигории замони шӯравӣ ҳисоб меёфт, дифоъ карда, дар ин самт бо ҷиддияти том тадқиқотро идома медиҳад.

Раҳим Масов солҳои 1974-1988 дар мақоми мудири шӯъбаи таърихи ҷамъияти шӯравии институти номбурда ифои вазифа дошт. Таҳти роҳбарии олим дар шӯъбаи мазкур тадқиқоти дастаҷамъӣ ва бунёдии «Таърихи синфи коргари Тоҷикистон» (дар ду ҷилд), «Таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон (1917-1977)», «Очерки таърихи Бадахшони шӯравӣ», маҷмӯаҳои зиёди илмию мақолаҳо доир ба масоили умдаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар ҳар кадом навиштаҳояш мавқеи марказӣ доштанд, ба табъ расидаанд.

Натиҷаи заҳмати муттасил буд, ки соли 1982 Раҳим Масов рисолаи доктории худ «Таърихнигории сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон»- ро дар муассисаи аввалдараҷаи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, Институти таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (ш.Москва) бо мувафаққият дифоъ намуда, соҳиби баландтарин дараҷаи илмӣ ва баъди чанде барои дастовардҳои илмию таълимӣ ба унвони профессор мушарраф гардид.

Соли 1991 рӯи чопро дидани китоби Раҳим Масов «Таърихи табартақсим» бемуболиға гардише буд  дар тафаккури нави таърихнигории ҷумҳурӣ. Ин таҳқиқот ба диди наву фаҳмиши воқеъбинонаи омӯзиши таърих ибтидо гузошт. Китоби навбатии олим «Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ», соли 1995 ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Ин тадқиқот ба даврае рост омад, ки аз як тараф алангаи ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз тарафи дигар, торафт бештар авҷи ҷунбиши худшиносии миллӣ боло мегирифт ва дар ин фаъолшавии ҳисси миллӣ бешак таъсири китоби пешинаи ӯ эҳсос мешуд.

Китоби навбатии устод «Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия» (2003), ки давоми мантиқии китобҳои қаблиаш «Таърихи табартақсим» ва «Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ» ҳисоб меёбад, боз як исботи раванди раднашавандаи содиқ будани ӯ ба принсипи воқеъбинонаи ин ҳақиқатнигори таърих мебошад.

Ҳарчанд академик Раҳим Масов ба умдатарин масъалаҳои таърихи замони наву муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад, вале таҳлили муттасили даврони ниҳоят печидаи эҳёи навини давлатдории тоҷиконро ҳамеша дар маркази назар нигоҳ медорад. Мисоли равшани ин серталабӣ дар китоби ахиран рӯи чоп дидаи олим-«Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат» (Душанбе: «Ирфон»,2008. - 536 с.) ба назар мерасад.

Соли 1988 Раҳим Масовро ба ҳайси сарварии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб намуданд, ки то соли 2015 онро ба ӯҳда дошт.

Барчаспҳо: