Бо ташаббуси Китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 май соли 2017 дар шаҳри Душанбе Конфронси умумиҷумҳуриявии «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир» баргузгор гардид.
Дар кори конфронс, роҳбарон ва намояндагони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳявӣ, устодон, мутахассисон, донишҷуёни Факултаи «Китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, роҳбарон ва кормандони китобхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар оғози Конфронс намояндагони Вазорати рушди савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва дигар шахсони масъул суханронӣ намуда, вобаста ба мавзўи конфронс оид ба «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир» фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Дар конфронси мазкур аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба баррасии як қатор масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.
Гуфтанист, ки дар ин конфронс намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов – муовини директори Китобхона, Сайдзароб Надиров - мутахассиси пешбари шуъбаи нигаҳдори депозитарӣ, Шариф Наботов-мутахассиси шуъбаи хизматрасонии библиографӣ, Меҳроҷ Комилов-Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасони ба муштариён, Ҷамил Валиев – сардори шуъбаи хизматрасонии библиографӣ дар мавзуъҳои гуногун суханронӣ намуданд.