Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт...

БОБУР МИРЗОИ ТЕМУРӢ дар даврони салатани кӯтоҳи хеш дар Самарқанд аз сӯи Шайбониён се бор дучори ташаннуҷи шадид гашт. Бори охир (соли 1501) ночор шуд, ки аз масири Фалғару Масчо фирор кунад ва дар ин ҳазимат дар деҳкадаи Оббурдони Масчо, дар канори чашма ин абётро аз Шайх Саъдӣ дар санге ҳакк кардааст, ки то имрӯз он навишта ёдгор мондааст:

Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт,

Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, то чашм барҳам заданд.

Гирифтем олам ба мардийю зӯр,
Валекин набурдем бо худ ба гӯр!

Ҷамшеди фаррухсиришт: фаррух – муборак, зебо, ҷамил, яъне Ҷамшеди муборакниҳод. «Номи шашумин подшоҳ аз силсилаи достонии Пешдодиён. Номи ӯ дар «Видо», «Ямо» ва дар Готҳои Зартушт Ёмо омада. Бар ҳасаби Авесто вай касест, ки маъмури густардан ва обод кардани замин будаст. Дар Готҳо унвони ШЕД, ки ба маънои дурахшон аст, бар вай зикр нашуда ва мумкин аст, ки ҶАМШЕД дар аввал ба сурати музофу музофи илайҳ будааст (яъне Ҷами Шед – О.Ш.). Чи бар ҳасби Видо Ҷам фарзанди Хуршед аст. Дар Обоняшт ва Фарвардиняшт унвони ШЕД ба номи Ҷам афзуда шудааст.

Бар ҳасби достонҳои эронӣ, чун Ҷамшед ба Озарбойҷон расид, дар он ҷо бар тахт нишаст ва тоҷе мурассаъ бар сар ниҳод. Тоҷгузорияш ҳангоми тулуъи офтоб буда ва чун нури хуршед бар он тоҷу тахт тобидан гирифт, чунон равшанӣ падид омад, ки ҳама ғарқи таъаҷҷуб шуданд ва аз он рӯз Ҷамро Ҷамшед номиданд ва ҷашни наврӯзӣ барпо карданд. Ҳишмати Ҷамшед ва ҳамчунин интисоби ангуштарии махсус ва ҷоми ҷаҳоннамо ба ӯ муҷиби он шуда, ки гоҳе достонҳои эронии Ҷамшед бо достонҳои исроилӣ ба ҳам омехта гардад, чунонки Ҳофиз гӯяд:

Диле, ки ғайбнамоясту ҷоми Ҷам дорад,
Зи хотаме, ки даме гум шавад, чӣ ғам дорад?!

Ишора аст ба қиссае, ки бар ҳасаби он дев ангуштари Сулаймонро рубуд ва муддате андак онро дар даст кард ва ба ҷойи Сулаймон фармонравоӣ ёфт. Ҷоми ҷаҳоннамо, бино бар нақли «Шоҳнома» аз они Кайхусрав аст, ки бо истифода аз он тавонистанд Бежанро дар чоҳи Афросиёб бибинанд».

Дар «Қобуснома» ҳамрадиф бо мазмуни ин гуфтори Саъдӣ ҳикояте инчунин омадааст: «Чунин шунудам, Зулқарнайн гирди олам бигашт ва ҳама ҷаҳонро мусаххари хеш гардонид ва боз гашту қасди хонаи хеш кард. Чун ба Домғон расид, фармон ёфт (аҷал ба болинаш омад – О.Ш.); васийят кард, ки маро дар тобуте ниҳед ва тобутро сӯрох кунед ва дастҳои маро аз он сӯрох берун кунед; кафи кушода ва ҳамчунон баред, то мардумон мебинанд, ки ҳама ҷаҳон бистадем ва дасттиҳӣ меравем. Заҳабно ва таракно, бистадему бигзоштем, охир, ё во мискино, гирифтему надоштем! Ва дигар, модари маро бигӯед, ки агар хоҳӣ ки равони ман аз ту хушнуд бошад, ғами ман бо касе хур, ки ӯро азизе мурда бошад ё бо касе, ки бихоҳад мурд».


Санге, ки Бобур мисраҳои Садъиро
ҳакк кардааст ва он ҳоло дар Осорхонаи
кишваршиносии Тоҷикистон маҳфуз аст
.

Обид Шакурзода

Барчаспҳо: